Вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун   Иҷрои нақшаи буҷет    

       Мувофиқи маълумоти Раёсати молия ва Нозироти андоз дар нимсолаи аввали соли 2024 нақшаи даромадҳои буҷети шаҳри Роғун бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 102,3 фоиз иҷро гардидааст, яъне дар ҳолати нақшаи нимсола  75,8 млн. сомонӣ будан, дар асл 77,6 млн. сомонӣ ворид шудааст, ки ба маблағи 1,8 млн. сомонӣ зиёд ворид гаштааст. Дар ин муддат нақшаи 3 намуди андоз иҷро нашуд, аз он ҷумла; андози даромад ба маблағи 413,9 ҳазор сомонӣ, андоз аз молу мулк 151,5 ҳазор сомонӣ,   низомҳои махсуси андозбандӣ  ба маблағи 94,9 ҳазор сомонӣ дар маҷмӯъ 660,3 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид нагардид.   Қисми хароҷоти буҷети шаҳри Роғун ба андозаи 89,4 фоиз  иҷро гардида,  25,9 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки ин нисбат ба нақша 3,0 млн сомонӣ кам мебошад. Қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат ба ҳолати                1 июни соли 2024,  аз ташкилотҳои ғайрибуҷет  155,4 ҳазор  сомониро ташкил медиҳад, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли 2023,  1,0 млн. сомонӣ  кам гардидааст. Бақияпулиҳои андоз бо дарназардошти пардохтҳои иҷтимоӣ ба ҳолати 1 июли соли 2024, 16,0 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба  1 январи соли 2024,  240,2 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.  

Иҷрои фармони Президент оид ба рақамикунонӣ ва гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ва Нақшаи чорабиниҳо аз 19 сентябри соли 2023, №23/10-218(1) дар марҳилаи аввал бо кормандони корхонаву ташкилотҳо ва аҳолии шаҳри Роғун бо иштироки кормандони мақомотҳои молиявӣ ва бахши иқтисодӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба моҳият ва тартиби ҷорӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ роҳандозӣ гардидааст. Ҳамзамон бо мақсади рушди хизматрасонии  фосилавии бонкӣ ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ то ба имрӯз  66 адад постерминалҳои электронӣ дар марказҳои савдо, корхонаҳои буҷетӣ насб гардидааст.  Бо мақсади  ҷорӣ намудани QR-рамзҳои ягона дар нуқтаҳои савдои шаҳр QR-рамзҳои ягонаи “Амонатбонк” 63 адад, корхонаҳои давлатӣ 7 адад ва QR-рамзҳои ягонаи “Бонки Эсхата”  38 адад дар нуқтаҳои савдои шаҳр расонида шудааст. Тамоми 58 ташкилоту муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда бо пуррагӣ ба барномаи “Интернетбонкинг” пайваст гардида, фаъолияти кориашонро бо ин усул ба роҳ мондаанд.  

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ

Рафти иҷрои лоиҳаҳои барномаи рушд нишон дод, ки то имрӯз 38 лоиҳаҳо дар маҷмӯъ 43 фоизи лоиҳаҳо мавриди иҷроиш қарор дода шуд, ки ин нишондод азхудкунии 42,9 млн. сомониро дар бар мегирад,  Аз ин  3,4 млн. сомонӣ сармояи хориҷӣ, 5,0 млн. сомонӣ буҷети маҳаллӣ, 50,0 ҳазор сомонӣ буҷети ҷумҳуриявӣ ва 34,4 млн. сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша мебошад.      

Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориҳои амалкунанда

Дар давраи ҳисоботӣ  9 лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун амалӣ гардида истодааст. Аз ҷумла лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ, лоиҳаи «Фавқуллодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон”, лоиҳаи “Ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, роҳравҳои 2, 3 ва 5 (роҳи мошингарди Оби Гарм-Нуробод), қитъаи 1”, лоиҳаи “Кӯмаки техникӣ оид ба таҳияи сохтори маблағгузории лоиҳаи сохтмони НБО Роғун”, лоиҳаи “Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ”, лоиҳаи “Минтақавии интиқоли неруи барқи “CASA-1000”, лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бо кор таъминшавӣ”, лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” ва лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”, ки маблағи умумии                     азхудшуда 77,4 млн. долларро ташкил медиҳад.  

Соҳибкорӣ

Мутобиқи маълумотҳо аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳри Роғун  дар маҷмӯъ 1683 субъектҳои хоҷагидор аз ҷумла, 318 адад шахсони ҳуқуқӣ, 184 нафар соҳибкорони инфиродӣ бо патент фаъолияткунанда, 118 нафар соҳибкорони инфиродӣ бо шаҳодатнома фаъолияткунанда ва 1086 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2023,  17 шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ зиёд ба қайд гирифта шудааст.  

Соҳаи саноат  

Дар нимсолаи якуми соли 2024, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти неруи барқи НБО Роғун ба  134,9  млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023,  105,0  млн сомонӣ кам  буда,  56,2 фоиз таъмин гардид. Инчунин дар ин муддат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беназардошти неруи барқи НБО Роғун ва шабакаи барқ,  5,6 млн. сомонӣ, расонида шуд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли 2023, 2,9 млн. сомонӣ кам мебошад. Дар ҳудуди Неругоҳи барқи обии Роғун 3 адад корхона, ба монанди ҶСК “НБО Роғун”, ҶДММ «Вестранстрой» ва ҶДММ «ЮИФ СЕРВИС» ба истеҳсоли маводи сохтмонӣ машғул мебошанд, ки  тибқи маълумотномаи омории шаҳр 1 адад ба истеҳсоли неруи барқ, 2 адад ба истеҳсоли регу сангмайда ва бетони сохтмонӣ машғул мебошанд. Корхонаҳои мазкур танҳо барои пешбурди рафти корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии Роғун ба истеҳсоли маводи сохтмонӣ машғул мебошанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки 1 адад корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан дар назди ҶДММ “Тоҷиккӯҳкан” фаъолият менамояд. Дар шаҳри Роғун як корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Парвиз Мурод» аз фаъолият боз мондааст. Ёдовар мешавем, ки корхонаи мазкур дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ зертобеи корхонаи «Нонпаз»-и шаҳри Душанбе буда, ба истеҳсоли нон (хлеб) машғул буд. Инчунин тибқи маълумотҳои оморӣ, соли 2021 дар шаҳри Роғун як адад корхонаи истеҳсоли регу сангмайда ҶДММ “Мавлак” бинобар аз фаъолият бозмондан аз қайди нозироти андози шаҳри Роғун бароварда шудааст.   Шумораи корхонаҳои дӯзандагӣ Бо мақсади таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси ягонаи мактабӣ дар шаҳри Роғун 1 сехи дӯзандагӣ бо роҳбарии соҳибкори инфиродӣ Саидова Мавлуда фаъолият менамояд, ки иқтидор истеҳсолиаш 150 ҷуфт либоси мактабиро дар як моҳ дорад. Хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар охири соли таҳсили 2023-2024 шумораи 10448 нафар, аз ҷумла духтарон 5002 нафарро ташкил мекард. Эҳтиёҷоти хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба либосҳои мактабӣ дар соли нави таҳсили 2024-2025 ба миқдори 4400 ҷуфт ба ҳисоб гирифта шуд. То имрӯз 2200 ҷуфт либоси мактабӣ истеҳсол ва фурӯхта шуд, ки иҷрои нақша 50% таъмин карда шуд.  

Шуғли аҳолӣ ва таъминот бо ҷойи корӣ

Дар нимсолаи якуми соли 2024, бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ба 180 нафар шаҳрвандон мақоми бекорӣ дода шудааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 31 нафар зиёд мебошад. Дар ин муддат тибқи нақша 6 маротиба ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод доир гардидааст, ки нисбати соли гузашта 1 маротиба зиёд мебошад. Инчунин, ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 624 нафар (нимсолаи якуми соли 2024-ум 570 нафар) шаҳрвандон муроҷиат намуда, аз ин шумора 114 нафар (дар нимсолаи аввали соли 2023-ум 405 шаҳрвандон) ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуд. Аз ин шумора 231 (208) нафар ба ҷойи кор таъмин гардидаанд, ки аз онҳо: 37 (35) нафар тавассути квота, 37 (20) нафар ба корҳои фардӣ сафарбар карда шудаанд. Инчунин, 90 (80) нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, ба 50 (51) нафар кӯмакпулӣ барои бекорӣ дода шудааст ва 1054 (1675) ҷойҳои кори холӣ дигар мавҷуд мебошад.   Барқ (таъминот, қарздорӣ) Шабакаҳои барқии шаҳри Роғун  дар шаш моҳи  соли 2024 ба корхонаю ташкилот ва аҳолӣ ба маблағи 36,5 млн, сомонӣ, аз он ҷумла ба аҳолӣ ба маблағи 4,4 млн. сомонӣ барқ интиқол намуда, пардохти он 4,4 млн  сомонӣ ё 100,1 фоиз баробар мебошад. Ба ташкилоту корхонаҳо ба маблағи 32,1 млн. сомонӣ барқ интиқол гашта, пардохти он 2,5 млн. сомонӣ, ё 7,8 фоизро ташкил менамояд. Қарзи пардохти неруи барқ дар шаш моҳи соли 2024. 29,6 млн сомониро ташкил дода, аз ҳисоби ташкилоти корхонаҳо мебошад.   Кишоварзӣ Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ дар нимсолаи аввали соли 2024, 20,4 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, 1,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 481,8 тонна, ё 108,0 фоиз,  шир 885,0 тонна, ё 100,7 фоиз, тухм 444,9 ҳазор дона, ё 101,1 фоиз таъмин гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар мавсими баҳори соли 2024, дар қаламрави шаҳр дар маҷмӯъ 976 гектар кишт  ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз кишт дар майдони  979,5 гектар аз ҷумла;  497,5 га ғалладонагӣ,  32 га зироатҳои техникӣ 31,2 га сабзавот, 106,8 га картошка, 1 га полезӣ, 311 гектар алафҳои бисёрсолаи хӯроки чорво ба анҷом расонида шуд, ки ин нишондод 100,3 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Дар нимсолаи якуми  соли  ҷорӣ  бунёди боғҳои нав дар майдони 18,5 гектар ва 7 га  барқароркунии боғҳои кӯҳна аз тарафи замин истифодабарандагон ба иҷро расонида шуд.   Содироти маҳсулоти кишоварзӣ Дар шаҳри Роғун маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, ин маҳсулотҳои кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Маҳсулотҳои соҳаи кишоварзӣ, ки барои содирот нигаронида мешаванд, ин картошка, меваю сабзавот, гӯшт ва асал мебошад. 80 фоизи истеҳсолоти ин намуди маҳсулотҳо барои эҳтиёҷоти аҳолии шаҳр буда, имконияти содиротии он 20 фоиз мавҷуд мебошад, ки дар дохили ҷумҳурӣ сурат мегирад ва 4.0 млн. сомониро ташкил медиҳад.   Шумораи шаҳрвандоне, ки дар хориҷи кишвар ба таҳсили ғайриқонунӣ машғуланд, чанд нафар баргардонида шуд, чанд нафар ба гурӯҳҳои ифротӣ гаравидаанд, кор бо онҳо

Айни замон ягон нафар сокини шаҳри Роғун дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ба таҳсили ғайриқонунии динӣ машғул намебошад. То соли 2011-ум 7 нафар сокинони шаҳр ғайриқонунӣ дар муассисаҳои динии давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд, ки ҳамаи онҳо ба Ватан баргаштанд. Аз ин шумора 4 нафар дар дохили кишвар ба кор фаро гирифта шуда, 3 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Ба шарофати гузаронидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва ҳамкориҳои пурсамар бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр хушбахтона дар давоми нимсолаи аввали соли 2024 ягон нафар ба гурӯҳҳои ифротӣ нагаравиданд.

  Зимистонгузаронӣ

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 «Дар бораи омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» қарори раиси шаҳри Роғун аз 19 апрели соли 2024, №52 ба тавсиб расид, ки тибқи он нақшаи захиракунии маводи асосии ғизоӣ таҳия ва тасдиқ гардида, дар мавсими тирамоҳу зимистон дар ҳудуди шаҳр,  ҳамагӣ  орд 805 тонна,  равған 76,6 тонна, биринҷ 70,2 тонна, шакар 60 тонна,  картошка 2970,5 тонна,  пиёз 227,7 тонна, сабзӣ 240 тонна, ва 257510 консерваҳои қутии шартӣ  захира  карда мешавад. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Роғун харидорӣ ва захираи 446,5 тонна ангишт, 215 м3  ҳезум ва 2320 литр сӯзишворӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз захираи ангишт 463,1 тонна (103,7%) таъмин карда шуда, 49,5м3 ҳезум  захира гардид. Дар ҳамин давраи нимсолаи соли 2023 нақшаи захира намудани ангишт 50% таъмин гардида буд. Дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 36 тонна ангишт ба  нақша гирифта шуда, то ба имрӯз бо бақияи соли гузашта 42 тонна ангишт таъмин гардид, ки 116,6 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.  

Иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ

  Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар моҳи аввал ва пеш аз муҳлат ба иҷро расида, 60 нафар даъватшавандагони рӯҳан ва ҷисман солим ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар гардиданд. Ҳамзамон 23 нафар даъватшавандагони шаҳри Роғун ба курсҳои ронандагӣ фаро гирифта шуда, соҳиби   шаҳодатномаҳои ронандагӣ гардиданд. Дар даъвати баҳории соли 2023-ум низ нақша пеш аз муҳлат таъмин гардида, 63 нафар наваскарон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд.  

Вазъи тартиботи ҳуқуқӣ

Дар нимсолаи якуми соли 2024 аз тарафи Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ  дар шаҳри Роғун  54 ҷиноят  ба қайд гирифта шуда, ошкоршавии он 90,5 фоизро ташкил менамояд, ки нисбат ба  соли 2023, 10 ҳолат зиёд мебошад. Дар нимсолаи якуми соли 2023, 44 ҷиноят  ба қайд гирифта шуда буд. Дар шаҳри Роғун дар давраи ҳисоботи 148 чорабинӣ бо иштироки 10850 нафар шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ намудани ҳамагуна падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризм ва экстремизм, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, бегонапарастӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта 92 чорабинӣ бо иштироки 5236 нафар шаҳрвандон доир гардонида шуда буд.  

Сохтмон ва меъморӣ

Дар нимсолаи якуми соли 2024 аз ҳисоби маблағҳои нақшавии буҷаи давлатӣ ва иловагӣ корҳои таъмирӣ, барқарорсозӣ, азнавсозӣ ва тармими як қатор иншоотҳо ба нақша гирифта шудааст, ки маблағи умумии 4,4 млн. сомониро (тибқи нақшаи солона) дар бар мегирад. Аз маблағи мазкур 1,0 млн. сомонӣ барои  идомаи «Сохтмони маҷмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ»,  771,1 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳои ҳудуди шаҳр,  идомаи сохтмони муассисаи томактабӣ барои 34 ҷой дар ҷамоати деҳоти Қади Об деҳаи Қалъаи Нав 600,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар Ҷамоати деҳоти Сичароғ деҳаи Ковокдара  240,0 ҳазор сомонӣ, 257,2 ҳазор сомонӣ барои таъмири ҷории бинои КВД «СОКО ва ХМК», 711,1 ҳазор сомонӣ барои таъмиру азнавсозии соҳаи тандурустӣ ва 843,4 ҳазор сомонӣ барои таъмири ҷориии соҳаҳои гуногуни шаҳр пешбинӣ шудааст.  

Аз тарафи соҳибкорон ва саҳми маҳал дар нимсолаи якуми соли 2024, 9 иншоот, туйхона ва чойхона дар деҳаи Ҷавонӣ,  нуқтаи таъмири нақлиёт ва мағозаи хӯрокворӣ дар деҳаи Қади Об, 2 адад гӯшаи деҳқон дар кӯчаҳои Норакиён ва Сохтмончиёни шаҳри Роғун, чойхона ва тӯйхона дар деҳаи Шайдон, нуқтаи таъмир ва фурӯши нақлиётҳо дар маркази шаҳр аз ҷониби ҶДММ “Тоҷмоторс”,  корхонаи истеҳсоли иҳотадеворҳои замонавӣ дар деҳаи Қалъаи Нав, кашидани хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Ҷавонӣ ба масофаи 6 км барои 130 хоҷагӣ ва мағозаи хӯрокворӣ дар деҳаи Сайдон ба маблағи 3 млн. 228 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. Аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 3 иншоот: ҳоҷатхонаи замонавӣ дар деҳаи Майдони Нав, чоҳи амудӣ дар деҳаи Қади Об ба маблағи 476,8 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Фонди Оғохон, хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Ҷавонӣ барои 110 хоҷагӣ аз ҷониби Хазинаи Наҷоти Арал ба истифода дода шуд. Инчунин аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ бошад, 2 иншоот бинои маъмурии Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт дар кӯчаи Ҷавонон ва бинои раёсати корҳои сементатсиёнии ҶСК «НБО-Роғун» ба маблағи 6 млн. 200 ҳазор, дар маҷмуъ 14 адад иншооти гуногунтаъйинот ба маблағи он 9 млн. 904 ҳазору 887 сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

  Нақлиёт ва алоқа

Масофаи умумии роҳҳои автомобилгарди шаҳр 72,4 километрро ташкил дода, аз он 25 километрро роҳҳои дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ташкил медиҳад. Дар  нимсолаи аввали  соли 2024, ҳаҷми боркашонӣ 997,4 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, 19,0 фоиз зиёд буда, ҳаҷми мусофиркашонӣ 426,0  мусофирро ташкил намуд. Дар шаҳр 810 нуқтаи телефонӣ амал карда истодааст, ки аз ин 420  адади он ба ташкилоту муассисаҳо ва 390 адади он ба аҳолӣ хизмат расонида, мутаносибан 100 фоизро ташкил медиҳанд.  

Маориф

Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар шаҳри Роғун 43 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият намуд, ки аз онҳо 18 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 3 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз онҳо 1 мактаб-интернат) мебошанд. Ҷиҳати  бунёди муассисаҳои таълимӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 сохтмони 1 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои фаро гирифтани 34 нафар кӯдак дар деҳаи Қалъаи Нави Ҷамоати деҳоти Қади Об идома дорад. Ҳамчунин бинои таълимии 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоии №41  мавриди азнавсозӣ қарор дода шуд. Соли таҳсили 2023-2024  дар муассисаҳои таълимӣ зинаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9)-ро шумораи 875 хонанда, аз ҷумла 410 нафар духтарон ва зинаи таҳсилоти миёнаи умуми (синфи 11)-ро 460 нафар хонанда, аз ҷумла духтарон 174 нафар хонанда хатм намуданд. Дар ҳамин замина, дар марҳалаи аввали бақайдгирии асосӣ дар нуктаҳои бақайдгирии Маркази миллии тестӣ   ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ 250 нафар хатмкунандагони синфи 11 ва 95 нафар хатмкунандагони синфи 9-ум ҳуҷҷат супориданд. Ҷиҳати муайян кардани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ дар анҷоми соли таҳсили 2023-2024 мониторинги сифати таълим гузаронида шуд, ки  азхудкунии барномаҳои таълимӣ ба 99,4 % ва  сифати таълим ба 3,5 арзёбӣ гардид. Ҳолати дар се баст фаъолият кардани муассисаҳои таълимӣ ба қайд гирифта нашуд. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024»  аз 27 феврали соли 2024, №99 (қарори раиси шаҳри Роғун аз 19 марти соли 2024, №43)  26 нафар кӯдакон аз оилаҳои омӯзгорон ва тарбиятгирандагони Хонаи бачаҳо ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии ҷумҳуриявии «Файзи Истиқлол» ва дараи «Ромит» фиристода шуданд. Ҳамчунин ба нақша гирифта шудааст, ки бо саҳмгузории падару модарон дар назди муассисаҳои таълимӣ майдончаҳои солимгардонӣ барои 170 нафар ташкил карда шавад.  

Тандурустӣ

Дар беморхонаҳои марказӣ, минтақавӣ ва КАТС-и шаҳри Роғун 47 нафар табиб, 343 нафар ҳамшира ва кормандони миёнаи тиббӣ кору фаъолият менамоянд. Норасоии табиби саратоншиносӣ, реаниматолог,  ренгенолог, табиби оилавӣ,  табиби кӯдакона, табиби ғадудшинос, табиби бемориҳои пӯст, нарколог, неонтолог ба назар мерасад Дар шуъбаҳои беморхонаҳои шаҳр 3571 нафар беморон муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 945 нафарашон дар шуъбаҳои беморхонаҳо бистарӣ карда шудаанд. Нишондиҳандаи фавт дар беморхонаҳо дар нимсолаи якуми соли 2024, 5  нафар ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ системаи гармидиҳии беморхонаи марказии шаҳр ба маблағи 220,0 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуда, корҳо дар ин самт идома дорад. Бо мақсади иҷрои «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар нимсолаи якуми соли 2024, 170 ташхис гузаронида шудааст. Дар назорат 50 бемор қарор дошта, дар давраи ҳисоботи 5 бемор ба қайд гирифта шудааст. Аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр дар ин давра 2121 бемории сироятӣ ба қайд гирифта шудааст, аз он ҷумла; 142 бемории шадиди роҳҳои нафас, сил 4 нафар, бемории шадиди рӯдаю меъда 1947 нафар ва  28 нафараш ба дигар бемориҳо мансуб мебошад.

  Фарҳанг

Бахши фарҳанги шаҳр зиёда аз 124 чорабиниҳои фарҳангиро бо фарогирии 17455 нафар иштирокчӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 баргузор намудааст. Дар тобеияти китобхонаи муттамарказ 8 китобхона кору фаъолият дорад, ки 6 китобхона барои калонсолон ва 2 китобхона барои хурдсолон хизмат мекунанд. Фонди умумии китобхонаи муттамарказии шаҳри Роғун ба 62523 нусха китоб расидааст. Аъзоёни китобхонаҳои шаҳр аз ҳисоби калонсолон ва хонандагон 5327 нафарро ташкил менамояд. Осорхонаи шаҳри Роғун дороӣ 1205 ашё ва нигораҳо  буда, дар нимсолаи якуми соли 2024 аз осорхонаи шаҳри Роғун 650 нафар дидан намуданд.  

Варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ

Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ ба санаи 1 январи соли 2024 аз шумораи умумии 47661 нафар аҳолии шаҳри Роғун 15420 нафар (7730 нафар занон)  ё 32%-ро ҷавонони  аз 14-30 сола ташкил медиҳанд. Дар шаҳри Роғун 20 нафар барандагони стипендияи президентӣ ва 25 нафар барандагони стипендияи раиси шаҳр мебошанд. Дар шаҳр 1 мактаби варзишӣ аз рӯи 7 намуди варзиш фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 11 мураббӣ ба таълиму тарбияи варзишгарони ҷавону наврас машғуланд. Дар шаҳри Роғун 14 толори варзишӣ, 57 майдончаҳои варзишӣ, дар маҷмӯъ 71 варзишгоҳу толорҳои варзишӣ, майдончаҳои варзишии дохили мактабҳо ва берун аз он фаъолият дошта, 312 нафар варзишгарон ба  қайд гирифта шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар маҷмӯъ тадбирҳои амалигардидаи соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш 231 чорабинӣ бо фарогирии  8645 нафар наврасону ҷавонон ва калонсолон доир карда шуд. Аз ин шумора 85 маротиба чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва хонишҳои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки соҳаи кор бо ҷавонон доир гардида, ҳамзамон бо мақсади дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа дар шаҳр мусобиқаҳои деҳа ба деҳаи волейбол 46 чорабинӣ, гӯштини миллӣ 43 чорабинӣ дар миёни ҷавонон баргузор карда шуд. Чорабиниҳои варзишӣ дар миёни кормандони ташкилоту корхонаҳо дар ин давра, 19 чорабинии шашкаю шоҳмот ва 17 мусобиқаи футбол доир гардидааст. Ҳамзамон дар ин давра 52 маротиба машқҳои пагоҳирӯзӣ бо теъдоди 4940 нафар аз ин шумора 1490 нафар бонувону ҷавондухтарон ширкат варзидаанд. Дастовардҳои соҳа, дар ин давра, назаррас буда, ҷавонон ва варзишгарони шаҳр дар 12 мусобиқаҳои минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ дар ҳайати 64 нафар варзишгарон  иштирок намуда, бо гирифтани 1 медали тилло, 6 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ  мушарраф гардиданд.  

Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Дар нимсолаи якуми соли 2024, аз тарафи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр ба 180 нафар шаҳрвандон мақоми бекорӣ дода шудааст. Тибқи нақша 6 маротиба ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод доир гардидааст. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ 624 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуда, аз ин шумора 414 нафар шаҳрвандон ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуд. Аз ин шумора ба ҷойи кор 231 нафар таъмин гардидаанд, ки аз онҳо: 37 нафар тавассути квота, 37 нафар ба корҳои фардӣ сафарбар карда шудаанд. Инчунин, 90 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, 1054 xойҳои кори холӣ дигар мавҷуд мебошад. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ташкилоту муассисаҳои шаҳр, шахсони саховатпеша ва соҳибкорон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр бахшида ба ҷашнҳои расмӣ дар давоми соли ҷорӣ ба кӯдакони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, ятимони кулл, собиқадорони xангу меҳнат ва оилаҳои эҳтиёxманд, ба маблағи 213,6 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шудааст. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба 260 оилаи эҳтиёҷманд ба маблағи умумии 195,5 ҳазор сомонӣ кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд. Ҷамъи умумии маблағҳои кӯмакҳои расонидашуда дар якҷоягӣ бо кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ дар давраи ҳисоботӣ 409,1 ҳазор сомонӣ мебошад.  

Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Дар давраи ҳисоботӣ 3348 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудааст, ки (аз онҳо 2049 нафарашон занҳо мебошанд) нисбати ҳамин давраи соли гузашта 188 нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умуми нафақахӯрон; 949 нафар нафақаи меҳнатӣ, 919 нафар нафақаи суғуртавӣ ва 1480 нафақаи иҷтимоӣ мебошанд. Ҳамин тариқ дар ҳамин давра талаботи нафақахӯрон бо назардошти иловапулиҳо маблаuи 8,0 млн. сомониро ташкил дода, мутаносибан ба ҳисоби миёна ба маблағи 400,66 сомонӣ дар як моҳ ба ҳар як нафақахӯр рост меояд.  

Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Баҳри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба таҷлили баргузории маъракаҳо нишон дод, ки дар  нимсолаи якуми соли 2024, 167 маърака ба қайд гирифта шудааст, ки аз он маъракаи тӯйи домодию арусӣ 147 ҳолат,   14 маъракаи чил ва 6 маъракаи солро ташкил медиҳад ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта, 82 маърака кам ба қайд гирифта шудааст. Дар нимсолаи якуми соли 2024,  вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 ҳолати қонуншиканӣ дар шаҳри Роғун ошкор гардидааст,   ки нисбати ҳамин давраи соли 2023 8 адад зиёд мебошад.

Аз тарафи суди шаҳри Роғун нисбати ҳуқуқвайронкунандагон чораҳои қонунӣ андешида шуда, ҷарима ба миқдори 68400 сомонӣ татбиқ карда шуд.

Хароҷоти маъракаҳо дар ин давра 522,2 ҳазор сомониро ташкил дода, хароҷотҳои ҳар як маърака ба ҳисоби миёна ба маблағи 3552 сомонӣ рост меояд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта хароxоти маъракаҳо ба маблағи 288,7 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.  

Кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон

Дар нимсолаи якуми соли 2024 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун 371 муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ воридгардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023,                     14 муроҷиат кам мебошад. Аз  муроҷиати воридгардида мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз рӯйи тобеият ба мақомотҳои дахлдор ирсол кардашуда,   муроҷиатҳои мазкур аз ҷониби шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баррасӣ гардида, аз он  80 муроҷиат қонеъ,  34 рад, 227 фаҳмонида додашуда,  30 муроҷиат мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар ин давра ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун 9 ариза аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида,  саривақт баррасӣ ва ба муаллифон оид ба натиҷаи баррасӣ ахбороти хаттӣ ирсол карда шуд. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ 63 шаҳрванд ба қабули Раиси шаҳр ташриф овардаанд, ки муроҷиати шифоҳии онҳо пурра дар доираи қонунҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор дода шуда истодааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон кам гардидааст. Дар ин давра ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун 10 ариза аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида,  саривақт баррасӣ ва ба муаллифон оид ба натиҷаи баррасӣ ахбороти хаттӣ ирсол карда шуд.  

Омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Дар саросари шаҳри Роғун тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати истиқболи сазовари ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар сатҳи зарурӣ сурат гирифта истодааст. Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун аз 11 апрели соли 2024, №11 Нақшаи чорабиниҳои ин ҷашнворӣ таҳияву тасдиқ гардидааст, ки тибқи он бунёду сохтмони 105 адад иншооти гуногунтаъйинот  ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 39 иншоот ба маблағи 54 млн. 926 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки ин 37,1 % нақшаро дар бар мегирад. Дар боқимонда иншоотҳо корҳои сохтмонӣ ва бунёдкорӣ бомаром идома дорад.