МУМФАРШНКУНИИ РОҲИ 11 КМ РОҒУН ОҒОЗ ГАРДИД

МУМФАРШНКУНИИ РОҲИ 11 КМ РОҒУН ОҒОЗ ГАРДИДА,
КОРҲО ТИБҚИ НАҚША
ДАР ИН ҚИТЪАИ РОҲ ИДОМА ДОРАД
    Дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯмаку дасгириҳои Ҳукумати мамлакат, инчунин иқдомҳои бунёдкоронаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун азнавсозию мумфаршкунии роҳи 11 км Роғун дар баробари лоиҳаи бунёди роҳи “Роғун Оби-Гарм Нуробод” амалӣ мегардад, ки яке аз беҳтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳр ба ҳисоб меравад.
     Бо амалӣ намудани ин гуна тадбирҳои созандагӣ имкониятҳои инфрасохтори роҳ дар беҳтар гардида, ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва иҷтимоию иқтисодии шаҳр таъсири муфид мегузорад.
  
Аз ин иқдомҳои созанда сокинони шарафманди шаҳр хушҳол буда, бо мақсади боз ҳам вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар шаҳр ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона заҳмат мекашанд.