Вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун

    Иҷрои буҷет

 Мувофиқи маълумоти Раёсати молия ва Нозироти андоз нақшаи даромадҳои буҷети шаҳри Роғун бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 78,9 фоиз иҷро гардидааст, яъне дар ҳолати нақшаи нимсола  86,1 млн. сомонӣ будан, дар асл 67,9 млн. сомонӣ ворид шудааст.

  Дар нимсолаи якуми соли 2023, нақшаи 3 намуди андоз иҷро нашуд, аз он ҷумла; андози даромад ба маблағи 9,0 млн. сомонӣ, андоз аз арзиши иловашуда 7,1 млн. сомонӣ,   андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ  ба маблағи 4,5 млн. сомонӣ дар маҷмӯъ 20,6 млн сомонӣ ба буҷет ворид нагардид.   

 Қисми хароҷоти буҷети шаҳри Роғун ба андозаи 91,2 фоиз  иҷро гардида,  22,5 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки ин нисбат ба нақша 2,1 млн сомонӣ кам мебошад.

  Қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат ба ҳолати 1 июли соли 2023,  аз ташкилотҳои ғайрибуҷет  1,1 млн  сомониро ташкил медиҳад, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли 2022,  422,2 ҳазор сомонӣ  кам мебошад.         

  Бақияпулиҳои андоз бо дарназардошти пардохтҳои иҷтимоӣ ба ҳолати 1 июли соли 2023, 23,1 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба 1 январи соли 2023, 2,7 млн сомонӣ кам гардидааст.         Дар нимсолаи якуми соли 2023 аз тарафи бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 6,7 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022,  700,0 ҳазор сомонӣ   зиёд  мебошад.

  Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

  Тибқи маълумоти Нозироти андоз дар шаҳри Роғун  тариқи  «Равзанаи ягона» дар соли 2023 дар миқёси шаҳри Роғун 1666 адад шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондод  нисбат ба соли 2022,  17 адад ва ё 101 фоиз зиёд гардидааст.

 Тибқи маълумот дар  нимсолаи якуми соли 2023 аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташки лоти хурди қарздиҳӣ ба фаъолияти соҳибкории шаҳри Роғун 253,0  ҳазор сомонӣ   равона карда шудааст.

  Ҳамчунин бо мақсади ноил гардидан ба дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр соли ҷорӣ Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025 таҳия ва тасдиқ гардида, тибқи нақша 88 лоиҳаи рушди хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудааст.

  Рафти иҷрои лоиҳаҳои барномаи рушд нишон дод, ки дар  давоми солҳои 2021-2023, 33 лоиҳаҳо дар маҷмӯъ 37,5 фоизи лоиҳаҳо мавриди иҷроиш қарор дода шуд, ки ин нишондод азхудкунии 21,4 млн. сомониро дар бар мегирад,  Аз ин  2,2 млн. сомонӣ сармояи хориҷӣ, 3,8 млн. сомонӣ буҷети маҳаллӣ, 50,0 ҳазор сомонӣ буҷети ҷумҳуриявӣ ва 15,3 млн. сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша мебошад.

  Татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ

  Ҳоло дар шаҳр аз тарафи сафорати Ҷопон лоиҳаи сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №19-и деҳаи Чормағз ба маблағи 1,2 млн сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

  Кишоварзӣ,  истифодабарии  замин ва ҳолати мелиоративии заминҳо

 Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ дар нимсолаи якуми соли 2023, 15, 3 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, 289,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

  Қайд кардан ба маврид аст, ки дар мавсими баҳори соли 2023 дар қаламрави шаҳр дар маҷмӯъ 976 гектар кишт  ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз кишт дар майдони 986 гектар аз ҷумла; 536,2 га ғалладонагӣ, 104 га картошка, 36 га зироатҳои техникӣ, 30 га сабзавот ва  279 гектар алафҳои бисёрсолаи хӯроки чорво ба анҷом расонида шуд, ки ин нишондод 101 фоизи иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад.

  Дар майдони 17 гектар боғҳои нав бунёд ва 4,95 гектар барқароркунии боғҳо аз тарафи замин истифодабарандагон ба иҷро расонида шуд.

  Дар давраи ҳисоботи саршумори чорвои калони шохдор 18534 сарро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 509 сар зиёд мебошад. Саршумори моли майда 61821 сар ба ҳисоб гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6088 сар зиёд мебошад. Инчунин саршумори паранда 29081 сарро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1769 сар зиёд мебошад, асп 432 сар нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 сар кам, занбӯри асал 4019 оила нисбати соли гузашта 179 оила зиёд ба қайд гирифта шудааст.

  Саноат ва энергетика

 Дар нимсолаи якуми соли 2023, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти неруи барқи НБО Роғун ба  239,9 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2022,  28,5 млн сомонӣ ё 89,4 фоиз кам мебошад. Инчунин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беназардошти неруи барқи НБО Роғун ва шабакаи барқ,  8,5 млн. сомонӣ, расонида шуд, ки нисбат ба соли 2022, 3,8 млн. сомонӣ кам мебошад.

  Шабакаҳои барқии шаҳри Роғун  дар нимсолаи якуми соли 2023 ба корхонаю ташкилот ва аҳолӣ ба маблағи 29,5 млн, сомонӣ, аз он ҷумла ба аҳолӣ ба маблағи 3,8 млн. сомонӣ барқ интиқол намуда, пардохти он 3,9 млн  сомонӣ ё 103 фоиз баробар мебошад. Ба ташкилоту корхонаҳо ба маблағи 25,6 млн. сомонӣ барқ интиқол гашта, пардохти он 3,7 млн. сомонӣ, ё 14 фоизро ташкил менамояд.

  Вобаста ба иҷрои банди 27 протоколи ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2022, №10 оид ба таъсиси корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ ва тақвияти истеҳсоли либоси мактабӣ,  дар шаҳри Роғун бо корхонаи дӯзандагии  “Мавлуда”  ва соҳибкор Зайвуддинова С. барои дастрас намудани 4400 ҷуфт либос  шартнома ба тавсиб расидааст, ки солҳои хониши 2023-2024 хонандагон бо либосҳои ягонаи мактабии истеҳсоли ватанӣ таъмин карда мешаванд.

Сохтмон ва меъморӣ

  Дар нимсолаи якуми соли 2023 аз ҳисоби маблағҳои нақшавии буҷаи давлатӣ ва иловагӣ корҳои таъмирӣ, барқарорсозӣ, азнавсозӣ ва тармими як қатор иншоотҳо ба нақша гирифта шудааст, ки маблағи умумии 3,7 млн. сомониро (тибқи нақшаи солона) дар бар мегирад. Аз маблағи мазкур 750,0 ҳазор сомонӣ барои  идомаи «Сохтмони маҷмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ»  720,7 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳои ҳудуди шаҳр, 300,0 ҳазор сомонӣ барои азнавсозии боми боғчаи №1 «Парасту», сохтмони муассисаи томактабӣ барои 34 ҷой дар ҷамоати деҳоти Қади Об деҳаи Қалъаи Нав, сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар Ҷамоати деҳоти қади Об деҳаи Шайдон  220,0 ҳазор сомонӣ, 500,0 ҳазор сомонӣ барои таъмири ҷории бинои МИҲД-и шаҳри Роғун ва 411,0 ҳазор сомонӣ барои дигар соҳаҳои шаҳр пешбинӣ шудааст. Бояд қайд намуд, ки аз ҳисоби маблағҳои нақшавӣ ва иловагии буҷети давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2023, ба маблағи 855,5 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуд.

  Аз ҳисоби соҳибкорон бошад дар нимсолаи якуми соли 2023, ба маблағи  3 330,0 ҳазор сомонӣ иншоотҳои зерин сохта ба истифода дода шуданд,  сохтмони мактаб дар деҳаи Сесанга ба маблағи 700,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони 2 нуқтаи савдо дар кӯчаи Сохтмончиён ба маблағи 500,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони чойхона ва китобхона воқеъ дар деҳаи Ҷавонӣ 540,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони пул бо дарозии 75 метр дар деҳаи Саидон ба маблағи 1 200,0 ҳазор сомонӣ, бунёди ҳавзи моҳипарварӣ дар деҳаи Саидон 45,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони фермаи чорвопарварӣ дар деҳаи Сичароғ ба маблағи 345,0 ҳазор сомонӣ.

 Нақлиёт

  Дар шаҳри Роғун 2 муассисаи нақлиёти автомобилӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

  Дар  нимсолаи якуми соли 2023 ҳаҷми боркашонӣ 837,9 тоннаро ташкил дода, нисбат ба соли 2022, 86,9 тонна зиёд  гардида, ҳаҷми мусофиркашонӣ 111,6  мусофирро ташкил намуд  

 

 Маориф Муассисаҳои томактабӣ.

  Дар шаҳри Роғун 2  муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 273 кӯдак фаъолият менамояд.

  Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Дар шаҳри Роғун    43 муассисаи таҳсилоти  умумӣ, аз ҷумла 3 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 18 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии  10330 хонанда,  аз ҷумла 4888 духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

  Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 610 омӯзгорон (270 занон),  аз ин бо таҳсилоти олӣ 321 нафар, таҳсилоти миёнаи касбӣ 145 нафар ва олии нопура  103 нафар, бо маълумоти миёнаи умумӣ 41  нафар фаъолият менамоянд.

  Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат дар соҳаи маориф дар шаҳри Роғун дар нимсолаи соли ҷорӣ 24 маротиба вохӯриҳо бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ва волидайни онҳо ҷиҳати идомаи таҳсил  дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тавассути Маркази миллии тестӣ доир гардонида шуд. Дар натиҷа дар нуқтаҳои сайёри бақайдгирии Маркази миллии тестӣ 350 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ барои идомаи таҳсил ҳуҷҷат супориданд. Ҳамзамон 25 нафар  хатмкунандагони муассисаҳои таълими тибқи квотаи Президентӣ сазовори номи донишҷуй гардиданд.

  Тандурустӣ

  Дар шаҳри Роғун 1 беморхонаи марказӣ 1 беморхона минтақавӣ, 4 маркази саломатии деҳотӣ, 13 бунгоҳҳои саломатӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

  Дар беморхонаҳои марказӣ, минтақавӣ ва КАТС-и шаҳри Роғун 39 нафар табиб, 246 нафар ҳамшира ва кормандони миёнаи тиббӣ кору фаъолият менамоянд. Дар ин давом 1 нафар табиби ҷарроҳ ба кор ҷалб гардид.

  Инчунин зиёда аз 42 номгӯи дастгоҳу таҷҳизотҳои замонавӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаҳои шаҳр ворид карда шуд. Дар шуъбаҳои беморхонаҳои шаҳр 2964 нафар беморон муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 806 нафарашон дар шуъбаҳои беморхонаҳо бистарӣ карда шудаанд. Нишондиҳандаи фавт дар беморхонаҳо дар нимсолаи якуми соли 2023, 4 нафар ба қайд гирифта шудааст.

  

  Фарҳанг Дар шаҳри Роғун    8 китобхона бо фонди умумии зиёда аз 62520 нусха маҳсулоти чопӣ, аз ҷумла 2 китобхонаи бачагона, 2 хонаи фарҳангӣ, 1 қасри фарҳанг,  3 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 ансамбли тарона ва рақс, 1 осорхона бо 1187 ашё ва нигораҳо ва 1 ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ фаъолият менамоянд. Бахши фарҳанги шаҳр зиёда аз 124 чорабиниҳои фарҳангиро дар ин муддат баргузор намудааст.

 

  Варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ Шумораи умумии ҷавонони    шаҳри Роғун 16625 нафарро (8293 нафар занон) ташкил менамоянд.

 Дар шаҳри Роғун 14 нафар барандагони стипендияи президентӣ ва 25 нафар барандагони стипендияи раиси шаҳр мебошанд. Аз тарафи 3 нафар ҷавонон 3 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Дар шаҳри Роғун дар маҷмӯъ 77 варзишгоҳу толорҳои варзишӣ, майдончаҳои варзишии дохили мактабҳо ва берун аз он фаъолият дошта, 286 нафар варзишгарон ба  қайд гирифта шудааст. Дастовардҳои соҳа дар ин давра назаррас буда, ҷавонон ва варзишгарони шаҳр дар  чорабиниҳо ва мусобиқаҳои гуногун иштирок намуда, бо гирифтани 4 медал аз чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаҳои минтақавию  ҷумҳуриявӣ 13 медал ба даст оварда шудааст. Бо мақсади ташкил намудани сохтмон, азнавсозӣ, таҷдиди иншоотҳои сарироҳӣ бо дарназардошти ҷавобгӯ намудан ба талаботҳои муосир ва таъмини гуногунии хизматрасониҳо баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати инфрасохтори сарироҳӣ ва сайёҳӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, №441 «Дар бораи минтақаи сайёҳии Роғун» ба тасвиб расида, дар заминаи он “Барномаи рушди минтақаи сайёҳии Роғун барои солҳои 2024-2028” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, №187  тасдиқ гардид. Дар шаҳри Роғун  вобаста ба рушди сайёҳӣ тадбирҳо андешида шуда, мавзеъҳои сайёҳии ба монанди Обанбори НБО-и Роғун, Гули Сурх, Дараи Луғур, Марғзор, Тагоб, Тали Оқсой, Кирбич, Қалъанак, Биёв, Яхдон, Зиратут, Дашти Кул, Қандаки куҳна, Ҷуруҷ,  Шаршара, Болои Тал, Ёнахш, Ғашён, Маҷмаи “Нақб”    ворид карда шудаанд.

 

 Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

 Дар нимсолаи якуми соли 2023, бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ба 149 нафар шаҳрвандон мақоми бекорӣ дода шудааст. Тибқи нақша 5 маротиба ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод доир гардидааст.

 Инчунин, ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 570 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуда, аз ин шумора 405 нафар шаҳрвандон ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуд. Аз ин шумора ба ҷойи кор 208 нафар таъмин гардидаанд, ки аз онҳо: 35 нафар тавассути квота, 20 нафар ба корҳои фардӣ сафарбар карда шудаанд. Инчунин, 80 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, ба 51 нафар кӯмакпулӣ барои бекорӣ дода шудааст ва 1675 ҷойҳои кори холӣ дигар мавҷуд мебошад. Дар нимсолаи якуми соли 2023, аз ҳудуди шаҳри Роғун 2296 нафар шаҳрвандон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа қарор доранд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 441 нафар кам мебошад. Аз ин шумора 187 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

 

 Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Дар шаҳри Роғун барои амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, 4 комиссияи доимӣ ва 21 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд. Дар шаҳри Роғун 4 масҷиди ҷомеъ ва 29 масҷиди панҷвақта фаъолият менамоянд. Дар нимсолаи якуми соли 2023 дар шаҳри Роғун вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардидааст      

  Кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон

 Дар нимсолаи якуми соли 2023 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  385 муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ воридгардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, 158 муроҷиат кам мебошад.

 Аз 385 муроҷиати воридгардида мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз рӯйи тобеият ба мақомотҳои дахлдор ирсол кардашуда,   муроҷиатҳои мазкур аз ҷониби шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баррасӣ гардида, аз он  88 муроҷиат қонеъ,  33 рад,  231 фаҳмонида додашуда,  33 муроҷиат мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар ин давра ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун 10 ариза аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида,  саривақт баррасӣ ва ба муаллифон оид ба натиҷаи баррасӣ ахбороти хаттӣ ирсол карда шуд.      

    Тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ

 Дар нимсолаи якуми соли 2023 аз тарафи Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ  дар шаҳри Роғун  44 ҷиноят  ба қайд гирифта шуда, ошкоршавии он 75 фоизро ташкил менамояд, ки нисбат ба  соли 2022, 9 ҳолат зиёд мебошад.

 Дар шаҳри Роғун 92 чорабинӣ бо иштироки 5236 нафар шаҳрвандон    корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ намудани ҳамагуна падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризм ва экстремизм, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, бегонапарастӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ ба роҳ монда шудааст.