ДӮСТ  ОЯД  ГАРМ  ДАР  ОҒӮШ  ГИР

     Пас аз Истиқлолияти давлатии мамлакатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таваҷҷуҳи меҳварии хешро ба тарбияву рушди ҷавонон бахшида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии  ҷавонон»-ро ба тасвиб расонид.     

    Инак зиёда аз 30 сол мешавад, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду нумуи ин табақаи ҷомеа ва муттаҳид гардидани ҷавонони мамлакат, силсилаи  чорабиниҳои сиёсиву оммавӣ ва фарҳангию иҷтимоиро роҳандозӣ карда, дар тарбияи ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва дӯстдори Ватани маҳбуб ҳиссагузорӣ мекунад.

      Дар асоси дастуру ҳидоятҳо ва ғамхориҳои бевоситаи  Президенти кишвар рӯз аз рӯз нақш ва мавқеи  ҷавонон дар мамлакат баланд гардида, имрӯзҳо ҷавонон, насли ояндасози кишвар эътироф гардидаанд ва барои рушду нуму ва пешравию ободонии давлати азизамон, ки онро ном Тоҷикистон аст саҳми арзандаи худро гузошта истода дар ҷомеа нақши калидӣ мебозанд.

 Тибқи нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи моҳвораи ҷавонон дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонии ҷавонони минтақаҳои ҷумҳуриро зери унвони «Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир» ба роҳ монда, зиёда аз 100 нафар ҷавонони  пешсафу фаъоли  шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шахру нохияхои  тобеи  марказ таҳти шиори  «Мо пайравони содиқи Пешвои миллатем”  бо мақсади мустаҳкам ва  тақвият бахшидани дӯстию рафоқат, дастгирӣ намудани сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва нигоҳ доштани суботу амният, оромию осоиштагӣ ваҳдату якдилӣ, ҷавонони саодатманд ва хушиқболи Ватан аз тамоми гӯшаю канори кишвар ҷамъ омада, 16-уми май ин гурӯҳи пешсаф ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

      Ҷавонони фаъолу  ватандӯстро дар даромадгоҳи шаҳри Роғун, раиси шаҳр муҳтарам Саидзода Сунъатулло, муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони сохторҳои қудратӣ, роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, ҷавонону наврасони фаъоли шаҳр, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва дигар иштирокчиёни касбу кори гуногун бо меҳру муҳаббат, самимияти бепоён ва нону намак истиқбол гирифта, ба хотири рушди минбаъдаи кишвари азизамон ва боз хам  мустаҳкам гардидани  дӯстию рафоқти  ҷавонони ҳамаи  минтақаҳои кишвар ва ҷиҳати рушд бахшидани сиёсати минбаъдаи гуногунҷабҳаи  ҷавонон раиси шаҳр бо намояндагон ҳамроҳи ҷавонон дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ акси хотиравӣ гирифтанд. Зимни вохӯрӣ  раиси шаҳр аз   имкониятҳои фаровон доштанашон баҳри пешравию ба қуллаҳои баланди зиндагӣ расидан бо ҷавонон ибрози ақида намуда, инчунин баён доштанд, ки ин ҳама озодию комёбиҳои беназир, ки мо аз он бархурдор ҳастем аз файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ ба мо расидааст.  Дастгирию ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар махсусан Пешвои муаззами миллат барои ҷавонон тамоми имконияту шароитҳоро муҳаё кардааст, ки онҳо метавонанд бе ягон мамониату душворӣ мақсаду мароми хешро амалӣ намоянд аз ин лиҳоз шумо ҷавонони ояндасози миллату давлат ҷавобан ба ин дастгирию ғамхориҳои Президенти кишвар ва пойдории сулҳу суббот, оромию осоиштагӣ ва нигоҳ доштани расму оин арзишҳои миллӣ ҳамеша саъю талош карда, дар ободии Тоҷикистони азизамон саҳми беназир гузоред.

       Дар идомаи сафари хеш  меҳмонони хушиқбол аз осорхонаи шаҳр дидан намуда, бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонии иншооти бузурги аср, Кохи нӯр, Нерӯгоҳи Обии Барқии Роғун ба сохтмони ин иншооти бузург раҳсипор гардидааст.

Сармуҳаррири рӯзномаи « Нури Роғун»