«Рӯзи байналмилалии оила»
Имрӯз дар Қасри фарҳангии шаҳр бахшида ба «Рӯзи байналмиллалии оила» дар ҳамбастагӣ бо бахшҳои кор бо занон ва оила, сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Роғун дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахр бо иштироки муовини раиси шаҳр Мусозода П.Ҷ. ва тамоми роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳр чорабинии идонаи умумишаҳрӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро бо суханони табрикотӣ муовини раиси шаҳр оғоз намуда, аз ҷумла қайд гардид, ки «Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдеворӣ тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳамулгарои маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Яке аз масъалаҳои мухими ҳаёти имрӯзаи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад» қайд намуданд, зимни баромад Мусозода П.
Қобили зикр аст, ки дар рӯзи баргузории ҷашн ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ, инчунин ба кӯдакони навзод шаҳодатномаи таваллуд аз ҷониби мудири бахши САҲШ ва ба оилаҳои намунавию фаъол “Ифтихорнома”-и раиси шаҳр ва бо тӯхфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Баъд аз анҷоми қисмати тантанавии чорабинӣ, қисмати фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанг бо пешкаш намудани созу навои дилнишин, чорабинии мазкурро боз ҳам дилнавозтар гардонид
Мудири бахши кор бо занон ва оила Зоидова А.
Добавить комментарий