МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ОМИЛИ МУҲИМ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ ШАҲРВАНДОН!

     Имрӯзҳо  дар тамоми давлатҳои дунё яке аз монеаҳои асосӣ барои таъмини зиндаги шоиста ва амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ин омили коррупсия мебошад. Коррупсия як навъ зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба ҳисоб рафта, пайдоиш ва ташаккули коррупсия таърихи хеле қаддима дорад. Дар асри XXI усулҳо нави ташаккули коррупсия пайдо гардидааст, ки онҳо хело зиёд мебошанд. Коррупсия ба пешрафти илм, инкишофи фарҳанг, соҳаи хизмати давлатӣ, шуури ҷамъиятӣ ва иродаи ҷомеаро ба дигаргуншавии иноватсионӣ таъсир расонида заиф менамояд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ унсурҳои коррупсия метавонад ҳар замон паҳн шавад. Бинобар ин, созмонҳои ҷаҳонӣ барои садди роҳи ин офати иҷтимоиро гирифтан фаъолият менамоянд. Ба монанди Конвенсияи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд, Резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид ва ғайраҳо фаъолият менамоянд.

  Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои решакан кардани ин зуҳурот аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд. Чунончӣ аз суханони Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсири манфии коррупсия ба ҷамъият яъне: “Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад”.

  Тавре аз ин гуфтаҳо маълум мегардад, масъалаи пешгирии ин офати иҷтимоӣ дар зери таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва ба амалисозии чорабиниҳои давлатӣ оид ба решакан кардани сабабҳо ва шароитҳои паҳншавии кирдорҳои коррупсионӣ ба қабули якчанд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии мусоидат менамояд. Манбаи асосии қонунгузории зиддикоррупсия ин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

  Дар ин замина як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дигар ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз 25 июли соли 2005, №100, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чораҳои иловагии пурзӯр кардани мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва коррупсия”, аз 21 июли соли 1999 инчунин мақоми ваколатдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати молиявӣ ва кирдорҳои коррупсионӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

  Дар заминаи ин тадбирҳо дар шаҳри Роғун аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2030”, чораҳои амалӣ андешида шуда, Комиссия корӣ таъсис дода шудааст. Мавриди зикр аст, ки Қарори раиси шаҳри Роғун аз 7 сентябри соли 2021, №288 “Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар шаҳри Роғун  барои давраи то соли 2030, барои марҳилаи якум (2021-2025)”  қабул гардида, тибқи нақшаи амалӣ он чорабиниҳои иттилоотонӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва аксияю маводҳои иттилоотӣ тариқи чорабиниҳои таъсирасон дар миёни кормандони ташкилоту корхонаҳо ва аҳли ҷомеа роҳандозӣ мегардад.  Мақсади асосии роҳандозӣ намудани ин тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулини соҳаи идеологӣ дар миёни шаҳрвандон баланд бардоштани дониши ҳуқуқи онҳо нисбати масъалаи мазкур ва дур гардидани онҳо аз чунин зуҳуроти номатлубӣ ҷомеа ба шумор меравад.

 Шарафзода Б., Муовини раиси шаҳри Роғун

Саидова Ш., Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа.