Ҷашни иди Ғалаба дар шаҳри Роғун
Имруз дар боғи фарҳангии ба номи «Исмоил Сомонӣ»-и ҷамоати шаҳраки Оби Гарм тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун чорабинии тантанавӣ бахшида 78-солагии Ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо иштироки раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, вакилони Маҷлиси вакилони ҳалқи шаҳри Роғун ва собиқадорони меҳнат баргузор гардид.
Тазаккур бояд дод, ки барои пос доштани хотири абармардоне, ки дар он ҷанг ҷони худро барои ҳифзи хоки Ватан дареғ надоштанд, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун ва Қисми низомии 051058-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун «Гулчанбар» дар назди лавҳаи оташи абадӣ гузота шуд.
Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода С. иштирокчиёни ин ҷамъомадро бо муносибати 78-умин солгарди иди ғалаба табрику муборак бод гуфта, ба ҳамаи онҳо барори кору муваффақиятҳои нав ба навро орзу намуд.
Зимни баромад раиси шаҳр чунин қайд намуд,ки аз оғози солҳои соҳибистиқлолии кишвар давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи собиқадорони ҷангу меҳнат эътибори ҷиддӣ зоҳир карда, ин иқдом то имрӯз амалӣ гардида истодааст.
Инчунин қайд гардид, ки сокинони шаҳр хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣ аз истеъмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоранд.
Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур, нав аскарони қисми ҳарбии 051058, ки дар даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардидаанд, савганди ҳарби ёд намуданд. Сипас, қисми фарҳангии чорабини оғоз гардида санъаткорони бахши фарҳанг бо созу навои худ чорабинии имрӯзаро ҷолиб ва хотирмон гардониданд.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Роғун
Добавить комментарий