Кумак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва шахсони ниёзманад дар арафаи иди Саиди Фитр
Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ибтикори хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд мегарданд.
Ҳамчунин, дасти кӯмак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва барҷомондагону оилаҳои ниёзманд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин аст, ки санаи 18 апрели соли ҷорӣ аз ҷониби Роҳбарияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун анъана дар арафаи иди Саиди Фитр ба ятимони кулл дар шаҳри Роғун ба маблағи 3 ҳазор сомон кӯмакпулӣ ва ба маблағи 10 ҳазор сомон ба мактабинтернати шаҳри Роғун маводҳои хӯрока ҳамчун кори хайру савоб дасти кўмак ва ғамхорӣ зоҳир намуданд.
Сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шоира Раҷабалиева
Добавить комментарий