Баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми маҷлиси вакилони халқии шаҳри Роғун даъвати шашум дар шаҳри Роғун
Санаи 12 апрели соли 2023 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Роғун Иҷлосияи шонздаҳуми маҷлиси вакилони халқии шаҳри Роғун даъвати шашум баргузор гардид, ки дар маҷлис Раиси шаҳри Роғун, муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, вакилони халқи шаҳри Роғун, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои назди мақомот, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва дигар даъватшудагон иштирок доштанд.
Ҷаласаи мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар маҷлис масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифт.
- Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳри Роғун дар семоҳаи аввали соли 2023;
- Дар бораи ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ, нигоҳдории тартиботи давлатию ҷамъиятӣ, шӯроҳои ҷамъиятӣ, номгузорӣ, кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занон ва ҷавонон бобати беҳдошти кору фаъолият ва андешидани чораҳо ҷиҳати рафъи камбудиву норасоиҳо;
- Дар бораи рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар ҳудуди шаҳри Роғун;
- Дар бораи тасдиқ намудани Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун;
- Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои маблағӣ, кадрӣ ва дигар қарорҳои дахлдор аз иҷлосия то иҷлосия;
Иҷлосияи навбатиро раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун Саидзода С. бо таклифи вакилон кушода, бо пешниҳоди вакил аз ҳавзаи интихоботии №11 Ширинзода С. ба ҳайати котибот 3 нафар пешбарӣ гардида, аз ҷониби вакилон таклиф қабул карда шуд. Ҳамзамон рӯзномаи иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун, даъвати шашум аз ҷониби раиси Маҷлис ба овоз монда шуда, лоиҳаи қарорҳои котиботи иҷлосия ва рӯзнома қабул гардид.
Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия ҳисоботи муовини якуми раиси шаҳр Файззода Р. «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳри Роғун дар семоҳаи аввали соли 2023» шунида шуд. Аз ҷониби раиси Маҷлис пешниҳоди лоиҳаи қарор ба овоз монда шуда, аз ҷониби вакилон қарор қабул гардид.
Ҳамин тариқ, масъулин аз рӯи масъалаҳои ҷаласа баромад намуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар фарҷоми кори иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун, даъвати шашум муовини якуми директори Агентии «Тоҷикстандарт» Мирзоён Раҳмоншо суханронӣ намуда, мавсуф барои иҷроиши нақшаи чорабиниҳои ҳукумати кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз таклиф ва тавсияҳо баён намуд.
Ҳамзамон аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки оид ба вусъати корҳои ободонӣ, ҷалби мардум ба созандагӣ ва дигар масъалаҳои шаҳрдорӣ корҳо ҷоннок карда шаванд.
Раиси шаҳр Саидзода С. ба вакилон ва масъулин оид ба тоза намудани гирду атрофи биноҳо ва тезонидани корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳр супоришҳои иловагӣ дода шуд. Бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Роғун, даъвати шашум кори худро ба анҷом расонид.
Сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҷабалиева Ш.
Добавить комментарий