ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИⱩЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР  ⱩАЛАМРАВИ  ШАҲР

          Тибқи нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ба хотири сазовор ва дар сатҳи баланд  ҷашн гирифтани  31 солагии   Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаю корхонаҳои  шаҳр чорабиниҳои идона ба роҳ мода шуда, масъулини чорабиниҳои номбурда бо тайёрию омодагиҳои ҳамаҷониба  ин ҷашни муҳими таърихиро таҷлил менамоянд.

        Ёдовар мешавем, ки  чорабиниҳо бо ташкил намудани намоишгоҳҳо аз дастовардҳои 31 соли истиқлолияти давлатӣ- чун рамзи эҳёи фарҳанги бойю рангини миллати тоҷик,  дастранҷи хоҷагии халқ, аз қабили  растаи нону кулчаҳои гуногун, пухту пази миллӣ, растаи сӯзанидӯзӣ, ихтирокорӣ, оҳангарӣ, чубтарошӣ, гулдузӣ, меваю сабзавот  ва ғайра, тариқи растаю хаймаҳо ба марази тамошо бараварда шуда, пешкаши тамошобинон гардонида мешаванд. Дар чорабиниҳои идона паёми табрикотии Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло аз ҷониби масъулин ба саъми ҳозирин расонида шуда, сипас барномаҳои мусиқӣ бо сурудҳои васфкунандаи сулҳу амонӣ, ватандӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ чоробиниҳоро рангину тамошобоб намуда, хотири ҷамъомадагонро болида мегардонанд.

 

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                          Раҷабалиева Шоира