ОЗМУНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАР ШАҲРИ РОҒУН

         Санаи 5 -уми августи соли ҷорӣ аз тарафи  Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Роғун дар асоси “Низомномаи озмуни стипендияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ” озмуни стипендияи президентӣ доир гардид. Дар озмун ба ғайр аз аъзои комиссия волидайни довталабон иштирок доштанд. Дар ҳузури довталабон ва падару модари онҳо масъули соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Тоирзода Қаноатшо баромад намуда, ба иштирокчиёни озмун муваффақиятҳо орзу намуданд.