Муборизаи сиёсӣ бо терроризм ва экcтремизм

    Терроризм ва экстремизм яке аз роҳҳои ба амалбарории муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо  ва тарсафкан бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад.

    Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона – расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад.

    Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад.

    Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд.

    Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Ихтилофу  зиддият, номуросоӣ,  бартарӣ ва афзалият гузоштан дар миёни равия ва мазҳабҳои гуногуни динӣ яке аз сарчашмаҳои рух додани чунин амалу кирдорҳои ваҳшиёна гардида, дар ин миён масҷиду ибодатгоҳҳо ва ҷойҳои барои мардум муқаддас ҳадафи террористон қарор мегиранд.

       Террористон баҳри амали намудани ниятҳои нопоки худ бештар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву хиёбонҳо, бозорҳо ва маконе, ки издиҳоми мардум бештар ҷамъ меоянд, интихоб менамоянд, ва  садҳо ҳазор нафар мардуми осоиштаро қурбони амалҳои нопоки худ гардонида, ҳазорҳо нафари дигарро маъюбу корношоям мегардонанд. Душманони миллати тоҷик бо ҳар роху восита мехоҳанд фазоӣ ороми кишари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба халқи азизи мо тахдид мекунанд, сиёсата пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулху субот ва тараққиёт равона шудааст, мавридӣ  интиқом қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳои “исломӣ”-и ватанӣ, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд.

       Ашхоси бераҳму бадсиришт ва беимон аз фарҳангу маърифат ва муқаддасоту арзишҳои олии инсонӣ бехабар боиси содир намудани сангинтарин амалу кирдорҳои разилона гардида, ҳуқуқи одамонро ба зиндагии осоишта маҳрум месозад. Дидани чеҳраҳои кӯдакони ятиму зор, занони аз шавҳар маҳрумгашта ва ҷавонони дар айни камолот ҷонбохта хеле риққатовару маҳзункунанда аст, ки дар натиҷаи амалҳои касифонаи гурӯҳҳои худхоҳу ҷоҳталаб рӯзи рӯшанро барои онҳо тира намудааст. Ба дунё омадани инсонҳо барои зистану аз ҳаёт баҳра гирифтан ва зиндагии шоистаро ба сар бурдан аст ва касе ҳуқуқ надорад ҳаётро аз онҳо рабояд, ба ҷуз офаридагор. Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад.

     Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)” (соли 2006) ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.

      Айни замон, бо дастгирӣ ва ҳадафҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри нест кардани терроризму экстремизм аст, ки  ҳама ватандустону  далерон, қаҳрамонону сулҳхоҳони ҷумҳуриамон доим аз паи назорату пешгирии ин ҳадафҳои разилонаи террористон кӯшиш ба харҷ дода, шабонарӯз баҳри ҳимояи миллати хеш нигаҳбонӣ ва ҷонисориҳо карда истодаанд. Кишвари мо имрӯзҳо рӯ ба гулгулшукуфӣ оварда, мардум бо осоиштагӣ дар зери ливои барафрохтаи тоҷикон зиндагии ором доранд.

         Бинобар ин, мо ҷавононро лозим меояд, ки қадри ин неъматҳоро дониста, гирифтори фанду фиреби ин гуна ашхоси баднияту бадсиришт нагардида,  ҳамеша ба омӯзиши илму дониш машғул шуда, бо як маром баҳри нобудии ин нафарон камари ҳиммат бибандем, зеро танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад.  

Мутахассиси шуъбаи

рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                          Кенҷаев Давлаталӣ