Нишасти матбуотӣ

 

 

Санаи 30 июли соли 2022 соати 10 00 бо иштироки роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, шуъбаю бахшҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун нишасти матбуотӣ  оид ба  ҳисоботи ҷамъбастии  шашмоҳаи якуми  соли 2022 мутобиқи амри  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 №АП- 1729 баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагон аз нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо», Агентии МИТ «Ховар», «Садои Душанбе» ва рӯзномаи шаҳрии «Нури Роғун» иштирок доштанд.

Нишасти матбуотиро  Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло оғоз намуда, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Роғун дар  шашмоҳаи якуми  соли 2022 ҳисоботи муфассал доданд.

 Сипас, миёни хабарнигорони васоити ахбори омма ва иштирокчиён саволу ҷавоб оид ба масъалаҳои эълон гардидани соли 2022 «Соли рушди маориф» дар шаҳри Роғун ва рушд додани  таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи  умумӣ,  таъмин намудани хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ, бахшида ба пешвози ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сохта ба истифода доданти корхонаҳои саноатӣ ва паст кардани бекорӣ матраҳ гардиданд. Ба саволҳои хабарнигорон Раиси шаҳр, муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони дигар сохторҳои дахлдор ҷавобҳои муфассал гардониданд.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                                 Раҷабалиева Шоира