Ҳисобот Оид ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун дар нимсолаи якуми соли 2022
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармону супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», фаъолияти кории худро ба роҳ монда, ҷиҳати болоравии соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии шаҳр саъю кӯшишҳои зиёд намудааст. Дар нимсолаи якуми соли 2022, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти неруи барқи НБО Роғун ба 268,4 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2021, 55,5 млн сомонӣ ё 126,7 фоиз зиёд мебошад. Инчунин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беназардошти неруи барқи НБО Роғун ва шабакаи барқ, 12,4 млн. сомонӣ, расонида шуд, ки нисбат ба соли 2021, 8,1 млн. сомонӣ, ё ин ки 2,5 баробар зиёд мебошад.
Хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар нимсолаи якуми соли 2022, 27,9 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 117,1 фоизро дар бар мегирад.
Қисми даромади буҷети шаҳр, дар нимсолаи якуми соли 2022, дар маҷмӯъ бо назардошти андози иҷтимоӣ мутобиқи нақша 104,9 млн. сомониро ташкил медод, ба маблағи 72,0 млн. сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки иҷрои ин нишондод 69 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нақша ба маблағи 32,9 млн. сомонӣ кам иҷро гардидааст.
Аз ҷумла ба буҷети маҳаллӣ ба ҷойи нақшаи аниқшуда 20,8 млн.сомонӣ 20,1 млн. сомонӣ ворид шудааст, ки ба 97 фоизи нақшаи аниқшуда баробар мебошад.
Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ бошад, мутобиқи нақша 46,1 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондод ба маблағи 22,0 млн. сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуда, иҷрои он 48 фоизро дар бар мегирад, ки нисбат ба нақша ба маблағи 24,0 млн. сомонӣ кам иҷро гардидааст.
Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бошад, ба ҷойи 21,8 млн. сомонии нақшавӣ дар ҳаҷми 20,1 млн. сомонӣ иҷро шуд, ки ин нишондод 92 фоизро ташкил медиҳад. Тибқи маълумотҳои пешакӣ нақшаи тасдиқшуда бо дар назардошти тағийроти воридгардида ба нақшаи андозҳо ҳамаи намудҳои андозу даромадҳо, ба ҷойи 101,6 млн сомонӣ, дар маҷмӯъ (бо назардошти андози иҷтимоии ғайри буҷетӣ) 65,7 млн сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин нишондод 64,6 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Нишондоди мазкур нисбат ба нақшаи пешбинишуда, 35,9 млн сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,7 млн сомонӣ кам мебошад.
Нақшаи андози иҷтимоӣ дар нимсолаи якуми соли 2022, 34,6 млн сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки иҷроиши он 23,4 млн сомонӣ ё 68 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нақша 11,2 млн.сомонӣ кам буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,9 млн сомонӣ кам мебошад. Бақияпулиҳои андоз бо дарназардошти пардохтҳои иҷтимоӣ ба ҳолати 1 июни соли 2022, 30,7 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба 1 январи соли 2022, 11,1 млн сомонӣ кам гардидааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2022, нақшаи 3 намуди андоз иҷро нашуд, аз он ҷумла; андози даромад ба маблағи 6,2 млн. сомонӣ, андоз аз арзиши иловашуда 19,6 млн. сомонӣ, андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба маблағи 11,2 млн. сомонӣ дар маҷмӯъ 37,0 млн сомониро ташкил медиҳад. Сабаби иҷро нагардидани ин намудҳои андозҳо, ин кам гардидани иҷрои корҳо аз тарафи корхонаҳои дар қайди Нозироти андоз буда, мебошад, ки дар сохтмони НБО-и «Роғун» фаъолият менамоянд. Аз ҳисоби ин корхонаҳо шумораи коргарон 1011 нафар ва даромади умумии ин корхонаҳо бошад, дар давоми панҷ моҳи соли 2022, ба андозаи 123,8 млн. сомонӣ кам гардидааст, ки аз ин ҳисоб андози даромад ба маблағи 2,9 млн. сомонӣ, андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 6,3 млн. сомонӣ, андози фоида ба маблағи 1,2 млн. сомонӣ, андози иҷтимоӣ 4,9 млн. сомонӣ, кам ҳисоб гардидааст, ки дар маҷмӯъ 15,3 млн. сомониро ташкил медиҳанд.
Мутобиқи маълумотҳо аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳри Роғун ба ҳолати 1 июни соли 2022, дар маҷмӯъ 1649 субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла, 290 адад шахсони ҳуқуқӣ, 173 нафар соҳибкорони инфиродӣ бо патент фаъолияткунанда, 110 нафар соҳибкорони инфиродӣ бо шаҳодатнома фаъолияткунанда ва 1076 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021, 9 шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Дар давоми нимсолаи якуми соли 2022, аз тарафи бонкҳои дар шаҳри Роғун фаъолиятдошта, дар маҷмӯъ ба маблағи 63,1 млн. сомонӣ хизматрасониҳои пулӣ ба иҷро расонида шудааст. Ин нишондод ба филиали бонки «Амонатбонк» дар шаҳри Роғун буда, 36,0 млн. сомонӣ ва филиали ҶСК «Ориёнбонк» 27,1 млн. сомонӣ рост меояд. Дар давраи ҳисоботӣ тавассути бонкҳо ба маблағи 41,4 млн. сомонӣ аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳрвандони шаҳри Роғун интиқол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ин нишондод ба филиали бонки «Амонатбонк» дар шаҳри Роғун буда 22,5 млн. сомонӣ, филиали ҶСК «Ориёнбонк» 5,4 млн. сомонӣ ва маркази хизматрасонии ФҶСК «Бонки Эсхата»-и шаҳри Роғун 13,5 млн. сомонӣ рост меояд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бонкҳо 6,0 млн. сомонӣ, ҷиҳати дастгирии соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ба муштариён қарзҳо дода шудаанд, ки ба филиали бонки «Амонатбонк» 4,0 млн. сомонӣ, филиали ҶСК «Бонки Эсхата» 2,0 млн. сомонӣ рост меояд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, 600,0 ҳазор сомонӣ қарз кам дода шудааст.
Пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо дар нимсолаи якуми соли 2022, 5,3 млн. сомониро ташкил медиҳад. Дар нимсолаи якуми соли 2022 дар шаҳри Роғун 78,0 млн кВт.с неруи барқ қабул карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, ба миқдори 529,2 ҳазор кВт соат кам хароҷот карда шудааст. Барқи фоиданок бошад, 62,5 млн кВт соатро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба миқдори 2,2 млн. кВт соат кам харҷ шудааст. Маблағи ҳисобшуда дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз истифодаи қувваи барқ 23,6 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбати соли 2021, 3,4 млн. сомонӣ кам мебошад.
Маблағи пардохти неруи барқ дар давраи ҳисоботӣ 45,7 млн сомониро ташкил медиҳад ва нисбати соли 2021, 6,5 млн сомонӣ зиёд ҷамъоварӣ карда шудааст. Иҷрои нақшаи пардохти нерӯи барқ дар нимсолаи якуми соли 2022, ҳамагӣ 193,4 фоиз, аз он ҷумла аҳолӣ 104,9 фоиз, корхонаҳо 207,2 фоизро ташкил медиҳад. Қарзи умуми истифодаи қувваи барқ дар давоми шашмоҳи соли ҷорӣ, 17,7 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи якуми соли 2022, аз ҳисоби маблағҳои нақшавии буҷаи давлатӣ ва иловагӣ корҳои таъмирӣ, барқарорсозӣ, азнавсозӣ ва тармими як қатор иншоотҳо ба нақша гирифта шудааст, ки маблағи умумии 3,6 млн. сомониро (тибқи нақшаи солона) дар бар мегирад. Аз маблағи мазкур 1,8 млн. сомонӣ барои идомаи «Сохтмони маҷмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ» дар маркази шаҳри Роғун 820,0 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳои ҳудуди шаҳр, 500,0 ҳазор сомонӣ барои таъмири ҷории бинои МИҲД-и шаҳри Роғун, 350,0 ҳазор сомонӣ барои азнавсозии боми боғчаи №1 «Парасту» ва 168,0 ҳазор сомонӣ барои сохтмони ду синфхонаи иловагӣ дар МТМУ-и №19 деҳаи Чормағз пешбинӣ шудааст. Бояд қайд намуд, ки аз ҳисоби маблағҳои нақшавӣ ва иловагии буҷети давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2022, корҳои сохтмонӣ ба маблағи 710,0 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шудааст. Аз ҷумла; идомаи сохтмони маҷмааи И.Сомонӣ дар маркази шаҳри Роғун 500,0 ҳазор сомонӣ ва таъмири бинои макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба маблағи 210,0 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.
Аз ҳисоби соҳибкорон бошад дар нимсолаи якуми соли 2022, ба маблағи 731,8 ҳазор сомонӣ иншоотҳои зерин сохта ба истифода дода шуданд, аз қабили сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Сангобаи Ҷамоати деҳоти Қади Об ба маблағи 84,3 ҳазор сомонӣ, сохтмони маркази хизматрасонӣ, мағоза хӯрокворӣ ва фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ба маблағи 480,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони сехи сангтарошӣ ба маблағи 103,5 ҳазор сомонӣ, бунёди шаршара ва кабудизоркунӣ ба маблағи 64,0 ҳазор сомонӣ.
Аз тарафи комиссияи ҷамъиятии шаҳри Роғун дар нимсолаи якуми соли 2022 дар асоси қарори Раиси шаҳри Роғун ба 25 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба миқдори 0,6 гектари қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд. Дар нимсолаи якуми соли 2022, бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз ҳисоби иҷораи амволи давлатӣ 12,4 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид намуда, аз тарафи комиссия нархгузорӣ оид ба хусусигардонии фонди манзил 4 манзили истиқоматии шаҳрвандон хусусӣ гардонида шудааст. Инчунин аз ҳисоби қонунигардонии дороиҳо ва молу мулки ғайриманқул дар шаҳри Роғун 87,0 ҳазор сомонӣ маблағ ба буҷет ворид гардидааст.
Ҳоло дар шаҳр аз тарафи сафорати Ҷопон лоиҳаи сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №19-и деҳаи Чормағз ба маблағи 1,2 млн сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 700,0 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷониби муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Роғун дар нимсолаи якуми соли 2022, корҳои таъмирӣ ва нигоҳдори ба маблағи 110,3 ҳазор сомонӣ, ба иҷро расонида шудаст. Аз ҷумла, тоза намудани роҳ аз барф дар масофаи 2 км 278м, пошидани маводи зиддилағжиш аз км 62 то 68 405м3, тоза кардани роҳҳо аз ярч, кӯҳпора ва сангрезаҳо ба миқдори 8460 м3, тахту ҳамвор намудани ду канори роҳ ба масофаи 28200м2, тоза намудани роҳ аз тарма 2200м2, тоза намудани новаҳои бетонӣ 6000 м, таъмири ҷуқуриҳои болопӯши роҳ бо мумқир аз 62 км то 75 км дар масофаи 135 м2, таъмири чуқуриҳои болопӯши роҳ бо қуму шағал аз 62 км то 86 км дар масофаи 645м2, сиёҳу сафед намудани иншоотҳои канори роҳ 420м2 ва таъмиру барқарор намудани аломатҳои роҳ 3 адад ба анҷом расонида шудааст. Ҳамзамон дар нимсолаи якуми соли 2022 аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи мазкур бо автомашинаи FYCO бо арзиши 1 649,0 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ дар нимсолаи якуми соли 2022, 17,4 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 2,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар нимсолаи якуми соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 443,6 тонна, ё 107,9 фоиз, шир 863,5 тонна, ё 102,6 фоиз, тухм 428,9 ҳазор дона, ё 101,5 фоиз таъмин гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар мавсими баҳори соли 2022 дар қаламрави шаҳр дар маҷмӯъ 976 гектар кишт ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз кишт дар майдони 1017,5 гектар аз ҷумла; 558,5 га ғалладонагӣ, 35 га зироатҳои техникӣ, сабзавот 35 гектар, картошка 109 гектар, 1 гектар полезӣ ва 279 гектар алафҳои бисёрсолаи хӯроки чорво ба анҷом расонида шуд, ки ин нишондод 104,2 фоизи иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ зиёда аз 15,3 га боғи нав бунёд гардида, барқароркуни боғҳои кӯҳна бошад, ба миқдори 3,4 га аз тарафи замин истифодабарандагон ба иҷро расонида шуд. Дар давраи ҳисоботи саршумори чорвои калони шохдор 18025 сарро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 394 сар зиёд мебошад.
Саршумори моли майда 55733 сар ба ҳисоб гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4037 сар зиёд мебошад. Инчунин саршумори паранда 27312 сарро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 942 сар зиёд мебошад, асп 433 сар нисбати ҳамин давраи соли гузашта 34 сар зиёд, занбӯри асал 3840 оила нисбати соли гузашта 172 оила зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Бобати пешгирӣ намудани қонувайронкуниҳо нисбати истифодабарандагони замин аз тарафи кумитаи идораи замини шаҳр дар нимсолаи якуми соли 2022, ҷамъ 48 ҳолати қонувайронкунӣ оид ба ҳолат ва истифодаи замин дар майдони 8,83 га замин ошкор гардид. Нисбати 48 нафар ба маблағи 30,5 ҳазор сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул намуд. Дар маҷмӯъ 34 ҳолати қонунвайронкунӣ дар масоҳати 8,15 га замин дар маҳал бартараф карда шудааст. Дар нимсолаи якуми соли 2022, 59 шиносномаи техникии ҳавлидорӣ бо масоҳати умумии 11954,6 м2 ба маблағи 66,2 ҳазор сомонӣ ба ташкилоту корхонаҳо ва шаҳрвандон таъмин карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 20 адад кам мебошад. Инчунин 91 шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, (Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дода шудааст, ки нисбати соли гузашта 103 адад кам мебошад. Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои истиқоматии ҷудогона 111 адад бо масоҳати 16285,8 м2 ба маблағи 6,5 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шуда, дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 адад зиёд, мебошад. Иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ 108 адад нисбати соли гузашта 24 адад зиёд, бақайдгирии шартномаҳои гарав 13 адад нисбат ба соли гузашта 10 адад кам ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хизматрасонӣ карда шудааст.
Бахши ҳифзи муҳити зист аз табиатистифодабарандагон меъёри пардохт дар нимсолаи якуми соли 2022, 41,3 ҳазор сомонӣ ворид намудааст, ки 131,3 фоизи иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад. Нисбати 38 нафар барои вайрон намудани талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист ба маблағи 8,2 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар гардида, 7,2 ҳазор сомонӣ ситонида шудааст.
Тибқи Протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси шаҳр аз 01.10.2019 «Дар бораи гузаронидани чорабиниҳои кабудизоркунӣ ва ободонӣ маҳаллаҳои шаҳр» дар ҳудуди шаҳр дар мавсими кабудизоркунӣ ва ободонӣ ба миқдори 12000 бех ниҳолҳо ба нақша гирифта шуда буд, ки то ба имрӯз ҷамъ 12007 бех ниҳолҳои мевадиҳанда ва сояафкан шинонда шуд, ки 100 фоизи иҷроиши нақшаро дар бар мегирад. Аз он ҷумла 1164 бех ҳамешасабз, 6778 бех мевадиҳанда, 4065 бех сояафкан ва зиёда аз 10000 бех гули лола ва 83920 бех қаламчаи гули садбарг ва зиёда 35260 бех гулҳои мавсимӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун шинонида шудааст. Аз тарафи муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Л. Каримов дар мавсими баҳори соли 2022, бунёди ҷангал дар майдони 9,03 гектар ба миқдори 2345 бех ниҳоли мевадиҳанда шинонида шудааст. Майдони умумии ниҳолхонаи хурди муассиса 0,20 гектарро дар бар гирифта, 5143 бех ниҳолҳо мавҷуд мебошад. Ҷиҳати ҳифз, пешгирӣ ва нигоҳдории ҷангалзорҳои мавҷудбуда, нисбати 5 нафар протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, маблағи ҷарима 1472 сомониро ташкил медиҳад. Дар нимсолаи якуми соли 2022, бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» ба 240 нафар шаҳрвандон мақоми бекорӣ дода шудааст. Тибқи нақша 5 маротиба ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод доир гардидааст. Инчунин, ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 560 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуда, аз ин шумора 396 нафар шаҳрвандон ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуд. Аз ин шумора ба ҷойи кор 202 нафар таъмин гардидаанд, ки аз онҳо: 35 нафар тавассути квота, 22 нафар ба корҳои фардӣ сафарбар карда шудаанд. Инчунин, 54 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, ба 60 нафар кӯмакпулӣ барои бекорӣ дода шудааст ва 220 ҷойҳои кори холӣ дигар мавҷуд мебошад.
Дар нимсолаи якуми соли 2022, аз ҳудуди шаҳри Роғун 2737 нафар шаҳрвандон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа қарор доранд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1232 нафар зиёд мебошад. Аз ин шумора 147 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021, 84 нафар зиёд мебошад. Кӯмакҳои моддӣ. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ташкилоту муассисаҳои шаҳр, шахсони саховатпеша ва соҳибкорон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр бахшида ба ҷашнҳои расмӣ дар давоми соли ҷорӣ ба кӯдакони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, ятимони кулл, собиқадорони ҷангу меҳнат ва оилаҳои эҳтиёҷманд, ба маблағи 328,6 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шудааст.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба 739 оилаи эҳтиёҷманд ба маблағи умумии 200,5 ҳазор сомон кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 3050 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудааст, ки (аз онҳо 1858 нафарашон занҳо мебошанд) нисбати ҳамин давраи соли гузашта 60 нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умуми нафақахӯрон; 1772 нафар нафақаи меҳнатӣ, 1278 нафар нафақаи иҷтимоӣ мебошанд. Дар ҳамин давра талаботи нафақахӯрон бо назардошти иловапулиҳо маблағи 6,4 млн. сомониро ташкил дода, мутаносибан ба ҳисоби миёна ба маблағи 350,6 сомонӣ дар як моҳ ба ҳар як нафақахӯр рост меояд. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат дар соҳаи маориф дар шаҳри Роғун дар нимсолаи соли ҷорӣ 24 маротиба вохӯриҳо бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ва волидайни онҳо ҷиҳати идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тавассути Маркази миллии тестӣ доир гардонида шуд.
Дар натиҷа дар нуқтаҳои сайёри бақайдгирии Маркази миллии тестӣ 299 нафар хонандагони синфҳои 11 ва 29 нафар хонандагони синфҳои 9 муассисаҳои таълимӣ барои идомаи таҳсил ҳуҷҷат супориданд. Дар нимсолаи якуми соли 2022, баҳри иҷрои «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фанӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» 9 кабинети фанӣ таҷҳизонида шуда, 27 адад компютерҳо ва 2 адад тахтаи электронӣ ба муассисаҳои таълими дастрас гардонида шуд.
Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» дар шаҳри Роғун даври якум ва дуюм аз рӯйи номинатсияҳо доир гардонида шуд. Дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 85 нафар ва дар озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» 65 нафар хонандагон иштирок намуда, ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шуданд.
Дар ҳудуди шаҳри Роғун бо мақсади таъмини ҳифзи саломатии шаҳрвандон Беморхонаи марказии шаҳрӣ бо 175 кат, 2 маркази саломатии шаҳрӣ бо 500 қабул дар як баст, 4 маркази саломатии деҳотӣ, 13 бунгоҳҳои саломатӣ, маркази саломатии сохтмончиён, Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази эмтаъминкунӣ, Маркази мубориза алайҳи ВИЧ-СПИД, ҳуҷраи боварӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо мавҷуд мебошанд. Дар беморхонаҳои марказӣ, минтақавӣ ва КАТС-и шаҳри Роғун 47 нафар табиб, 261 нафар ҳамшира ва кормандони миёнаи тиббӣ кору фаъолият менамоянд. Норасоии табиби анестезиолог-раниматолог, психиатор, ренгенолог, табиби оилавӣ, нарколог, неонтолог, кардиолог, дар умум 28 нафар ба назар мерасад. Дар шуъбаҳои беморхонаҳои шаҳр 3057 нафар беморон муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 789 нафарашон дар шуъбаҳои беморхонаҳо бистарӣ карда шудаанд. Нишондиҳандаи фавт дар беморхонаҳо дар нимсолаи якуми соли 2022, 7 нафар ба қайд гирифта шудааст. Бо мақсади иҷрои «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар нимсолаи якуми соли 2022, 121 ташхис гузаронида шудааст. Дар назорат 30 бемор қарор дошта, дар давраи ҳисоботӣ 10 бемор ба қайд гирифта шудааст.
Аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр дар ин давра 1776 бемории сироятӣ ба қайд гирифта шудааст, аз он ҷумла; 1416 бемории шадиди роҳои нафас, сил 2 нафар, бемории шадиди рӯдаю меъда 332 нафар ва 26 нафараш ба дигар бемориҳо мансуб мебошад. Ҳамзамон 62 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба риоя накардан ба қоидаҳо ва меъёрҳои санитарӣ тартиб дода шуда, нисбати қонунвайронкунандагон қарорҳои дахлдор бароварда шуда, ки маблағи умуми ҷаримаҳо 10,0 ҳазор сомониро ташкил мекунад. Дар нимсолаи якуми соли 2022, 91 хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ дода шудааст, ки маблағи он 17,5 ҳазор сомонӣ буда, нисбати соли гузашта 3 хулоса кам дода шудааст. Инчунин аз нуқтаҳои савдо 59,2 кг маҳсулотҳои хӯрокаи муҳлати истеъмолашон гузашта ва пастсифат аз муомилот гирифта шуда, безарар гардонида шуд. Дар шаҳри Роғун 14 муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 8 адад китобхона, 1 осорхона, 2 хонаи фарҳанг, 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва 1 қасри фарҳанг фаъолият карда истодааст. Бахши фарҳанги шаҳр зиёда аз 75 чорабиниҳои фарҳангиро дар ин муддат баргузор намудааст. Дар тобеияти китобхонаи муттамарказ 8 китобхона кору фаъолият дорад, ки 6 китобхона барои калонсолон ва 2 китобхона барои хурдсолон хизмат мекунанд.
Дар соли ҷорӣ фонди умумии китобхонаи муттамарказии шаҳри Роғун ба 62457 нусха китоб расидааст, ки аз ин миқдор китобҳо 14672 адад китоб бо забони тоҷикӣ, 47785 нусха китоб бо забони русӣ ва дигар забонҳоро ташкил медиҳад. Аъзоёни китобхонаҳои шаҳр аз ҳисоби калонсолон ва хонандагон 9158 нафарро ташкил менамояд. Осорхонаи шаҳри Роғун дорои 1187 ашё ва нигораҳо буда, дар нимсолаи якуми соли 2022 аз он 1344 нафар дидан намуданд. Дар доираи баргузории озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар нимсолаи якуми соли 2022 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Роғун бо иштироки 95 нафар даври аввали озмун гузаронида шуд. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун иштирокчиён ва омӯзгорон дар даври аввал бо диплом ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар давраи дуюми озмун иштирокчиён 36 нафарро ташкил доданд, аз ин шумора 15 нафар бо пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои иштирок ба даври минтақавӣ ба ноҳияи Рашт роҳхат гирифтанд. Дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ тадбирҳои амалигардидаи соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш 165 чорабинӣ бо фарогирии 6930 нафар наврасону ҷавонон ва калонсолон доир карда шуд. Аз ин шумора 69 маротиба чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва хонишҳои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки соҳаи кор бо ҷавонон доир гардида, ҳамзамон бо мақсади дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа дар шаҳр, мусобиқаҳои деҳа ба деҳаи волейбол 45 чорабинӣ, гӯштини миллӣ 36 чорабинӣ дар миёни ҷавонон баргузор карда шуд. Чорабиниҳои варзишӣ дар миёни кормандони ташкилоту корхонаҳо дар ин давра, 40 чорабинии шашкаю шоҳмот ва 22 мусобиқаи футбол доир гардидааст.
Бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар ва ҷашни байналмилалии Наврӯз-2022, дар шаҳр 21 чорабиниҳои гуногуни варзишӣ, дар миёни наврасону ҷавонон роҳандозӣ гардидааст. Дастовардҳои соҳа дар ин давра назаррас буда, ҷавонон ва варзишгарони шаҳр дар 10 чорабиниҳо ва мусобиқаҳои гуногун иштирок намуда, бо гирифтани 4 медал аз чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаҳои минтақавӣ 7 медал, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ 1 медал, мусобиқаи Осиёӣ 1 медал, ки нисбат ба соли гузашта 2 медал зиёд ба даст оварда шудааст. Бахши кор бо занон ва оила дар нимсолаи якуми соли 2022, бахшида ба Рӯзи байналмиллаии оила аксия таҳти унвони «Оила асоси пешрафт ва устувории давлат аст» баргузор намуда, 1000 адад варақаҳои таблиғотиро дастраси аҳолӣ намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки чорабинии маърифатӣ бахшида ба “Рузи байналмилалии оила” дар шаҳри Роғун баргузор гардида, ҳашт ҷуфт оилаҳои намунавӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардида, чор ҷуфт навхонадорон аз тарафи бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ бо шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба 6 нафар кӯдакони навзод шаҳодатномаи таваллуд ройгон тақдим карда шуд.
Ҳамзамон, аз тарафи бахш бахшида ба рӯзи кӯдакон рӯзи 1 июн ба 10 нафар кӯдакони маъюб 100 сомонӣ дар маҷмуъ 1000 сомонӣ тақдим карда шуд. Масъулини бахш дар даври ҷумҳуриявии фестивали «Сад ранги чакан» бо иштироки 5 нафар духтарони чаканпӯш фаъолона иштирок намуда, бо Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд. Баҳри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба таҷлили баргузории маъракаҳо нишон дод, ки дар нимсолаи якуми соли 2022, 236 маърака ба қайд гирифта шудааст, ки аз он маъракаи тӯйи домодию арусӣ 195 ҳолат, 26 маъракаи чил ва 15 маъракаи солро ташкил медиҳад ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта, 19 маърака кам ба қайд гирифта шудааст. Дар ин муддат вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2 ҳолати қонуншиканӣ дар шаҳри Роғун ошкор гардидааст. Хароҷоти маъракаҳо дар ин давра 778,3 ҳазор сомониро ташкил дода, хароҷотҳои ҳар як маърака ба ҳисоби миёна ба маблағи 3,3 сомонӣ рост меояд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, хароҷоти маъракаҳо ба маблағи 166,1 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст. Дар нимсолаи якуми соли 2022, аз тарафи бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии шаҳри Роғун дар ҳудуди шаҳр ҳамагӣ 812 сабтҳо ба қайд гирифта шудааст, таваллуд 465, вафот 53, никоҳ 85, муқаррар намудани падарӣ 50, таваллуди кӯдакони аз як сола боло 69, иваз намудани ном ва номи падарӣ 52, бекор намудани никоҳ 31 ҳолат ва фарзандхонӣ 6 ҳолат, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021, таваллуд 125 ҳолат кам, вафот баробар буда, никоҳ 68 холат кам, муқаррар намудани падарӣ 66 ҳолат кам, таваллуди кӯдакони аз як сола боло 101 ҳолат кам, ивази намудани насаб ном ва номи падарӣ 1 ҳолат кам ва фарзандхонӣ 4 ҳолат зиёд ба қайд гирифта шудааст. Дар ин муддат ақди никоҳи 31 ҷуфт бекор карда шуд, ки аз ин шумора 26 адад дар асоси ҳалномаи суд ва 5 сабт дар асоси аризаи якҷояи зану шавҳар ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 адад кам мебошад. Аз тарафи бахш аз рӯи ҳамаи амалиётҳои гузаронидашуда дар нимсолаи якуми соли 2022, ҳамагӣ 24,9 ҳазор сомонӣ боxи давлатӣ супорида шудааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2022 дар ҳудуди шаҳри Роғун ягон ҳодисаи нохуши сӯхтор ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳамин давраи соли 2021-ум 2 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда буд, ки маблағи зарар 5,6 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар рафти санҷиши вазъи бехатарӣ аз сӯхтори иншоотҳои хоҷагии халқ доир ба риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуданд, ки дар онҳо 142 нафар коргарону хизматчиён иштирок доштанд. Барои иҷро ва риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор нисбати 60 нафар шаҳрвандон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 15,1 ҳазор сомонӣ тартиб дода шуда, ба буҷет ворид карда шуд. Илова бар ин аз тарафи комиссияи хулосадиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ 104 адад хулосаҳо дода шуда, маблағи он 23,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи якуми соли 2022, 8 ҳолати фавқулоддаи табиӣ, 1 ҳодисаи заминларза, 4 ҳодисаи кандашавии ярч, 1 ҳодисаи боришоти барфи зиёд, 1 ҳодисаи сел ва 1 ҳолати техногенӣ садамаи нақлиёт дар НБО «Роғун» ба амал омад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳолат зиёд мебошад. Ҳалокшудагон 1 нафар ва маблағи умумии зарар аз ҳолатҳои фавқуллода 3,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз тарафи шуъбаи ВКД дар шаҳри Роғун нисбати ошкор намудани ҷиноятҳо, пешгирии онҳо ва ба низом даровардани тартибот дар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр чорабиниҳои зиёдеро амалӣ намудааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2022, аз тарафи шуъба ҳамагӣ 39 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 20 ҷиноят кам ба қайд гирифта шудааст. Кушодашавии ҷиноятҳо дар ҳама самтҳои хизматӣ 70 фоизро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ноболиғон ҷиноят ба қайд гирифта нашудааст, дар ҳамин давраи соли гузашта 1 ҷиноят аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шуда буд. Аз тарафи 6 нафар ҷавонон 5 ҷиноят содир гардидааст, ки аз ин шумораи ҷиноятҳо содир карда шуда, 1 ҳолат дастрасии моддаи 307/1 қ-2 (ифротгароӣ), 3 ҳолат бо дастрасии моддаи 244 қ-2, (авбошӣ) ва 1 ҳолат бо моддаи 139 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Бахши шиноснома ва бақайдгирии шуъбаи ВКД-и шаҳри Роғун дар нимсолаи якуми соли 2022, ба аҳолӣ ба миқдори 1216 адад шиносномаҳои миллӣ додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 363 адад зиёд мебошад.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз тарафи бахшу шуъбаҳои ШВКД дар шаҳри Роғун 2089 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, маблағи ҷарима 85,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар нимсолаи якуми соли 2022, ба унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 адад ва аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 адад ариза ворид шудаанд. Аризаҳои аз ҷониби шаҳрвандон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ворид гардида бошад, 671 ададро ташкил медиҳад, ки 524 ададаш муроҷиатҳои хаттӣ мебошанд, аз ҷумла: барои ҷудо намудани замини назди ҳавлигӣ 146 адад, оид ба ҷудо намудани замин барои ҳаргуна сохтмонҳо 29 адад, барои хусусӣ намудани манзили истиқоматӣ 5 адад, барои кӯмаки моддӣ 38 адад, барои ҳуҷҷатгузорӣ намудани замин 48 адад, оид ба таъмин бо манзили истиқоматӣ 14 адад, иҷозати сохтмон 17 адад, 85 адади дигар ҷиҳати ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва бунёди боғ, зиёрати Каъба 13 адад, аризаҳои шикоятӣ 12 адад мебошанд ва 117 адади дигар масъалаҳои гуногунро дар бар мегиранд. Дар муқоиса ба соли гузашта 459 аризаҳои хаттии шаҳрвандон кам мебошанд. Аз ин миқдор 471 тоаш мавриди иҷроиш қарор дода шуда, 72 аризаи дигар низ дар арафаи баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор доранд. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ 147 шаҳрванд ба қабули Раиси шаҳр ташриф овардаанд, ки муроҷиати шифоҳии онҳо пурра дар доираи қонунҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор дода шуда истодааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон кам гардидааст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун он вазифаҳое, ки дар соли 2022 оиди корҳои ободонию созандагӣ дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати рушди дигари соҳаҳои хоҷагии халқ ба нақша гирифтааст, кӯшиш менамояд вазифаҳои дар пеш истодаро ба пуррагӣ ҳаллу фасл намуда, иҷрои онро таъмин намояд.
Добавить комментарий