Маҷлиси машваратии назди раиси шаҳри Роғун
Санаи 5 июли соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Роғун маҷлиси машваратии назди раиси шаҳр баргузор гардид, ки дар маҷлис муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои назди мақомот, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар даъватшудагон иштирок доштанд. Дар маҷлис масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифт:
- Оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон аз 27.11.2019, №385 «Дар бораи Стратегияи рушди омори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030».
- Оид ба иҷрои «Барномаи давлатии интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои лаёқатманд аз ҳисоби занону духтарони фаъол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022»,
-«Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023»;
-«Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030»;
-«Дар бораи консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
-«Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025”.
- Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, №52 “Дар бораи Барномаи давлатии “Муҳити дастрас” барои солҳои 2021-2025”,
- Оид ба иҷрои Барномаҳо
-«Дар бораи Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»;
-«Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат бо шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022»;
-«Дар бораи Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифташуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023»
-«Дар бораи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025».
Сараввал иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло маҷлиси машваратиро оғоз намуда, оид ба масъалаҳои зикргардида маълумоти куллӣ доданд.
Сипас, Ҳасанов Рамзиёр – мудири бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, Зоидова Адиба- мудири бахши кор бо занон ва оила, Зайдов Раҳмиддин-мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ, Наҷибулло Аҳмадов- сармутахассиси Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Роғун оиди масъалаҳои зикргардида баромад намуданд.
Нисбати масъалаҳои баррасишуда қарорҳо қабул карда шуданд.
Мутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Кенҷаев Давлаталӣ
Добавить комментарий