Иҷлосияи дувоздаҳуми маҷлиси вакилони халқии шаҳри Роғун даъвати шашум
Санаи 5 июли соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Роғун иҷлосияи дувоздаҳуми маҷлиси вакилони халқии шаҳри Роғун даъвати шашум баргузор гардид, ки дар маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳр, муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, вакилони халқи шаҳри Роғун, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои назди мақомот, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар даъватшудагон иштирок доштанд. Љаласаи мазкур бо садо додани Суруди миллии Љумњурии Тољикистон оѓоз гардид. Дар маҷлис масъалаҳо оид ба «Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳри Роғун дар нимсолаи аввали соли 2022 ва муайян намудани вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022», «Дар бораи рафти иҷрои буҷети маҳаллии шаҳри Роғун дар семоҳаи дуюми соли 2022», «Дар бораи ҳисоботи муовини раиси шаҳри Роғун оид ба кишоварзӣ доир ба иҷрои Стратегия, Барномаҳо, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору амрҳои раиси шаҳри Роғун дар нимсолаи якуми соли 2022”, “ Ҳисоботи котиби комиссияи доимии шаҳрӣ оид ба корҳои дин, танзим, анъана ва ҷашну маросимҳо дар нимсолаи якуми соли 2022” ва “Тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои маблағӣ, кадрӣ ва дигар Қарорҳои дахлдор аз иҷлосия то иҷлосия” мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифт.
Сараввал раиси маҷлиси вакилони халқ, раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло ҷаласаро оғоз намуда, ҳозиринро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуд. Сипас, оид ба масъалаҳои зикргардида масъулон суханронӣ намуда, ќарорњои дахлдор ќабул карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар хотима намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоён Раҳмоншо баромад намуда, оид ба масъалаҳои зикргардида ва омодагиҳо ба пешвози ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якояки иштирокчиён даъват ба амал оварданд, ки пайгири дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем ва дар ободонию созандагии диёри хеш саҳми худро гузорем.
Сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҷабалиева Шоира
Добавить комментарий