Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои стратегӣ
Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои стратегие мебошад, ки ба рушди иқтисодиёти шаҳр таъсири бевосита мерасонад, зеро рушди устувори соҳаи кишоварзӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат мусоидат менамояд.
Бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси олии кишвар, сафарҳои кори Сарвари давлат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ ва мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳру ноҳияҳо, вохӯриҳо бо олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин қарору амрҳои раиси шаҳри Роғун-ро дар давоми 6 моҳи аввали соли 2022 як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Барои рушду нумуи ин соҳа дар қаламрави шаҳр 1087 адад хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 4-адад хоҷагии ёрирасон, 2-адад кооперативи истеҳсолӣ ва 1-адад хоҷагии давлатии «Ҷангал» фаъолият менамоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки заминҳои корами хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр новобаста аз шакли моликияташон дар масоҳати умумии 2335 гектар тӯл кашида аз он 1281 гектар дар заминҳои марзи маъмурии ноҳияи Фархор, 7 га дар ноҳияи Файзобод ва 1047 га дар ҳудуди шаҳри Роғун ҷойгир мебошад.
Кишти зиротҳои кишоварзӣ
Барои замина гузоштан ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ тибқи дурнамои тасдиқшудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳри Роғун дар майдони 2214 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ тирамоҳӣ ва баҳорӣ нақшабандӣ кардашуда буд, ки аз он 1155 гектар кишти тирамоҳӣ ғалладона гузаронида шуда, кишти баҳорӣ бошад дар майдони 976 гектар нақшабандӣ карда шуда, бо тасмими заминистифодабарандагон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати мусоид омадани обу ҳаво кишти баҳорӣ ба ҳолати 1 июли соли 2022 дар майдони 1017,5 гектар дар сатҳи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷаъмияти иҷро гардид, ки аз он ғалладонагиҳо 558,5 гектар, сабзавот 35 гектар, полезӣ, 1 гектар картошка, 109 гектар зироатҳои техникӣ, 35 гектар ва 279 гектар алафҳои бисёрсолаи хӯроки чорво кишт гузаронида шудааст, ки 103 фоиз иҷрои нақшаро дар бар мегирад. Тибқи дурнамо бошад гандум 44 гектар зиёд, ҷав 16,2 га зиёд, нахуд 100 фоиз, сабзавот 2га кам, картошка 21 га кам, лубиё 0,50 га зиёд, зироатҳои техникӣ 4 га зиёд ва алафҳои хуроки чорво 100 фоиз кишт гузаронида шуд.
Вобаста ба баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо бахусус ғалладона сол то сол дар қаламрави шаҳри Роғун бо тавсияи олимон ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ҳаҷми умумии маҳсулот зиёд ба назар мерасад.
Ҳосили фаровон аз тухмиҳои хушсифат вобастагии калон дошта ба хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишти баҳории соли 2022 ба миқдорӣ 10 тонна тухми картошка навъи “Пикасо” дастрас карда шуд. Ҷиҳати ба роҳ мондани сардхона, анборҳои нигоҳдорӣ маҳсулоти кишоварзӣ дар сатҳи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба хоҷагидорон соҳибкорон қитъаҳои замин ҷудо гардида 1 адад анборхона дар ин давра бо ғунҷоиши 140 тонна маҳсулотҳои кишоварзӣ сохта ба истифода дода шуд. Вобаста ба ҳамин масъала як адад гармхона дар масоҳати 0,04 га дар шаҳраки Оби Гарми шаҳри Роғун ба истифода дода шуда, айни ҳол дар он помидор, бодиринг ва дигар намуди сабзавот парвариш карда мешавад.
Рушди соҳаи боғу токпарварӣ
Боғпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо озуқаи хушсифати ватанӣ ва ғани гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, васеъ гардонидани имконияти содиротии мамлакат ва ба кори доими таъмин намудани аҳоли мавқеи муайянеро ишғол менамояд.
Иқлими шаҳри Роғун барои бунёди боғпарвари мусоид буда, майдони боғзорҳо дар умум 764 гектаро ташкил дода кишоварзонро зарур аст, ки ҳамасола дар фасли тирамоҳ ва баҳор майдони боғзорҳоро зиёд намуда ба содироти меваҷот аз ҷумла себ, нок, олу, зардолу, шафтолу ва чормағз диққати махсус зоҳир намоянд.
Дар мавсими баҳори соли 2022 бошад имсол тибқи маълумотҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар майдонӣ 15,3 гектар боғҳои нав омехта бунёд ва 3,4 га барқароркунӣ боғҳои куҳна бунёд ва барқарор карда шуд дар шаҳри Роғун мувофиқи мавқеи ҷойгиршавии Ҷуғурофӣ бунёди боғҳо ба пуррагӣ дар таллу теппаҳо ба роҳ монда шудааст.
Ҳимояи зироатҳои кишоварзӣ омилӣ серҳосилӣ
Бо мақсади пешгирии сари вақт, ва роҳ надодан ба паҳншавии ҳашароту зараррасонҳо боғдорону хоҷагидорон дар давоми соли ҷорӣ дар майдони 140 гектар коркарди байни қатор, 265 гектар буридани шохчаю навдаҳоро ба роҳ монда шуда, коркарди боғҳо аз тарафи хоҷагидорон бо заҳрдоруҳо мубориза бар зиди ҳашаротҳо, кирминаҳо идома дорад.
Қайд кардан зарур аст, ки дар соли 2022 тибқи гузаронидани мушоҳидаҳои баҳорӣ дар Ҷамоати деҳоти Лолазор мавзеи Оби Тоири н. Фархор дар майдони 3210 га мушоҳида буд, ки дар майдони 1285 га малах паҳн гашт.
Рушди соҳаи чорводорӣ
Рушд додани соҳаи чорводорӣ ҷиҳати таъминоти аҳолӣ бо гушт, шир ва тухм муассир буда соҳаи мазкур дар шаҳр афзоиш ёфтаистодааст, ки тибқи маълумотҳои оморӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба ҳолати январ – июн соли 2022 чорвои калони шохдор 18846 сар аз ҷумла модагов 9135 сар, гусфанду буз 72844 сар ва парранда 26438 сар ба қайд гирифташудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, чорвои калони шохдор 92 сар, моддагов, 489 сар, гусфанду буз 682 сар, парранда бошад 353 сар зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Ҷиҳати ба роҳ мондани парвариши моҳӣ дар қаламрави шаҳр 9 адад қарорҳои Раиси шаҳр ба тавсиб расида дар назди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони шаҳр аз он 3 адад ҳавзи моҳипарварӣ мавҷуд мебошад, ки бо ғунҷоиши 12050 дона кирминамоҳӣ парвариш ва нигоҳубин карда мешавад. Қайд намудан ба маврид аст, ки соҳаи парандапарварӣ барои таҷдиди фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷои кор аҳамияти муҳим дорад.
Қабули лоиҳаи қонуни мазкур сари вақт ва тақозои замон мебошад, зеро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шароиту имкониятҳои зарурӣ барои рушди соҳаи парандапарварӣ аз ҷумла табиат ва иқлими ҷуғрофӣ маҳал мусоид мебошад. Дар шаҳри Роғун тибқи маълумотҳои оморӣ то ба имруз 26438 сар паранда ба қайд гирифта шуда ин нишондод ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Вобаста ба ин масъала як адад фермаи мурғпарварӣ бо ғунҷоиши 5000 чӯҷаи мурғ сохта, дар навбати аввал бо ғунҷоиши 2000 чӯҷа дар арафаи ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Бо ҳамин мақсад як фермаи хурди бедонапарварӣ бо 800 сар чӯҷа сохта, дар арафаи ҷашни 30– солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Вобаста ба ҳалли масъалаи мазкур лоиҳа барои сохтани мурғхона, сохтмони ферма барои парвариши чорвои калони шохдор ба сармоягузорони хориҷӣ пешниҳод карда шудааст. Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2019, №557 ба шаҳрванд Билолов М. дар Ҷамоати деҳоти Сичароғ қитъаи замин барои, сохтмони 1 фермаи чорводорӣ ҷудо карда шудааст, ки сохтмони биннои мазкур оғоз гардида дар муҳлатҳои муайяншуда сохта ба истифода дода мешавад. Техникаҳои кишоварзӣ
Кишту кори зироатҳои кишоварзӣ аз мавҷуд ва омодагии техника вобастагӣ дошта, тибқи маълумотҳои оморӣ дар шаҳри Роғун 12 адад текникаи кишоварзӣ аз он ядакҳои трактор 3 адад, достҳои тракторӣ 3 адад, тухми пошакҳо 1 адад, плугҳоии таракторӣ 11 адад мавҷуд мебошад, ки аз он дар ҳолати корӣ 11 адад ва таъмирталаб бошад, 1 адад ба қайд гирифта шудааст.
Ташкили ярмаркаи фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон аз 13.12.2018, №АП-1140 «Оид ба ҷадвали баргузории фестивал – намоиш, ид ва озмунҳои анъана ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамасола баргузор гардида кишоварзони шаҳри Роғун фаъолона иштирок менамоянд.
Бояд қайд кард, ки барои қонеъ гардонидани талаботи бозорӣ истеъмолӣ, аз ҷумла бозорҳои пойтахти кишвар ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани нархҳои маҳсулоти ниёзи аввал тибқи супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи иду ҷашнҳо ва дигар рузҳо инчунин бо ташабуси роҳбарияти шаҳрдорӣ то ба имрӯз 24 маротиба ярмаркаи фурӯши маҳсулотҳои ниёзи мардум бо иштироки хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорон ба сокинони шаҳр ва инчунин сохтмончиёни НБО-и Роғун бо маҳсулотҳои кишоварзӣ бо нархи нисбатан арзон дастрас карда шуда ин иқдом аз тарафи масъулин идома дорад.
Мудири бахши кишоварзӣ Қ.Ғаюрзода
Добавить комментарий