Об – ибтидои ҳама ибтидоҳост

      

 Яке аз муъҷизаҳои атокардаи Худованд  об аст, ки ин неъмати бебаҳо манбаи ҳаёти тамоми мавҷудоти олам ба ҳисоб меравад. Об аст, ки замин сарсабзу ҳаёт ҷовидонӣ мемонад. Бе об дунё ба харобазор табдил ёфта, мавҷудоти рӯи замин  ҳалок хоҳанд шуд. Ин ҳама ободию пешравиҳо, ҳаёти хурраму сарсабз, зиндагонии хубу бе каму кост аз доштани об ибтидо мегирад. Хушбахтона кишвари мо яке аз сарзаминҳоест, ки бо доштани обҳои софу муссафо дар замин биҳиштро мемонад. 

              Оре, об ин  муъҷизаи бебаҳо, поку соф ва ҳифзу нигоҳдории он, иқдомҳои наҷибонаеро роҳандозӣ намуданд, ки ташаббусҳои  созандаи Президенти мамлакати моро  ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазируфтанд.         Тавре  маълуми ҳамагон аст, бо иқдом ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аввалин бор дар Иҷлосияи  54-уми Маҷмаи умумии СММ аз 1-уми октябри соли 1999 соли 2003-соли оби тоза эълон шуд, ки ин иқдоми наҷибона аз ҷониби 148 кишвари ҷаҳон  дасгирии пурра ёфт. 23 декабри  декабри соли  2003, Маҷмаи умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе   Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015 – ро ҳамчун Даҳсолаи “Об барои ҳаёт” эълон кард.   Инчунин  21  декабри соли соли 2016  эълон намудани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ҷиҳати ҳифзу нигоҳдории боарзиштарин сарвати рӯи замин-об нақши хеле муҳим бозид. Албатта  ташаббус ва иқдомҳои наҷибонаю хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, дар самти ҳалли масъалаҳои  исифода  ва ҳифзи манбаъҳои об, барои мавҷудияти ҳаёт дар рӯи замин хеле муҳим арзёбӣ шуда,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори меҳварии ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳонии об дар арсаи олам дониста мешавад.       

  Вабаста ба ин масъала, дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе конфронси дуюми  сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии  амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» доир гардид, ки дар доираи он меҳмонону намояндагони кишварҳои ба мо дӯст ширкат намуданд. Дар доираи ин нишаст як гурӯҳ меҳмонон аз хориҷ ва дохилӣ кишвар баҳри дидан намудан ва ошноӣ пайдо намудан ба обанбори  сохтмони НБО-и Роғун ташриф оварданд, ки ин меҳмонон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо ташкили намоиши дастовардҳои хоҷагии халқ – нону намак, дастурхони ороста аз анвои хуроку пухту пазҳо ва дигар намоишҳои тамошобоб истиқбол гирфта шуданд. Ёдовар мешавем, ки дар истиқбол гирфтани меҳмонон Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло, муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд.

                                                                                                  

Сармуҳаррири рӯзномаи “Нури Роғун”                         З. Давлатова