Таҷлили Рӯзи оила

       Санаи  16 майи соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Роғун ба муносибати Рӯзи байналмиллалии оила чарабинии фарҳангӣ гузаронида шуд, ки  дар ин чорабинӣ тамоми ташкилоту корхонаҳо шӯъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун иштирок  доштанд. Инчунин, чаҳор ҷуфт оилаҳои   намунавӣ,  як ҷуфт оилаи ҳунарманд, ду ҷуфт оилаҳои ҷавон ва оилаҳое, ки фарзандонашон  айни замон  дар адои хизмати  Ватан – Модар ҳастанд дар чорабинии рӯзи оила даъват шуда, иштирок намуданд. 

       Дар чорабинии номбурда муовини раиси шаҳр баромад намуда, табрикоти Раиси шаҳри Роғун, Саидзода Сунъатуллоро ба саъми ҳозирин расонид.

       Сипас, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  оилаҳои намунавие, ки аз шаҳри Роғун ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пешниҳод гардиданд, бо ифихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

   Ҳамзамон, аз тарафи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба чор ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ  ва ба  шаш нафар кӯдакони навзод  шаҳодатномаи таваллуд тақдим карда шуданд. Дар ин раванд  ба ҳозирин Аксия таҳти унвони «Оила асоси пешрафт ва устувории давлат аст» тақсимот карда шуд.

      Дар чорабинӣ  барномаҳои  гуногуни фарҳангӣ ва фароғатӣ мувофиқи сенария  бо иштироки санъаткорони бахши фарҳангӣ  шаҳр дар сатҳи баланд доир карда шуданд.

                           

Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъа                              Раҷабалиева Шоира