Ситоди фаврӣ (зимистонгузаронӣ)

     28.04.2022.Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 №133 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023” ва қарори Раиси шаҳри Роғун аз 19 апрели соли 2022 №70, Ситоди фаврӣ бо иштироки муовини раиси шаҳр  ва аъзоёни ситод доир гардид. Дар ситод масъалаҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон пешниҳоди нақшаи чорабиниҳо аз ҷумла саривақт захира намудани ангишт, ҳезум, маводи зиддилағжиш дар соҳаҳои дахлдор ва омода намудани техникаҳои роҳдорӣ баррасӣ гардида, ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

Мудири бахши рушди иқтисод  ва савдо            Бобобекзода Б.