Маълумоти мухтасар дар бораи НБО-Роғун
Дар раванди рушди босуботи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар бахши сайёҳӣ яке аз манбаъҳои даромаднок ба буҷети давлатӣ, таъсиси ҷойҳои навӣ корӣ ва муаррифӣ намудани анъанаю сунатҳои некӣ таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Шаҳри Роғун низ дар қатори дигар минтақаҳои зебои кишварамон дорои имкониятҳои бузурги сайёҳӣ мебошад. Асоси воқеии онро дар бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун эҳсос кардан ҷоиз аст, ки дар сурати мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, ин минтақа ба мавзеи тамошобоби сайёҳӣ ва макони истироҳатии сайёҳону меҳмонон мубаддал мегардад. Бо бунёди НБО-Роғун мо имрӯз фардои ободи Тоҷикистони азизамон ва зиндагии пурсаодати фарзандону набераҳоямонро месозем. Ҳаҷми обанбори ин неругоҳ 13,3 км мукааб буда, қисмати танзимшавандааш қариб 7км мукааб хоҳад шуд ва он имконият фароҳам меорад, ки обёрии заминҳои давлатҳои поёноб ба тӯли садсолаҳо танзим шавад.
Сарбанди НБО Роғун аз ҷумлаи балантарин иншооти гидроэнегетикии ҷаҳон маҳсуб меёбад. Сатҳи болоии сарбанд 1300 метр ва сатҳи поёнии он бошад 965 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидаст. Баландии сарбанд 335 метр паҳноии болои он (аз соҳили чап ба рост) 612 метр, паҳноии болои сарбанд (гребня) 20 метр, дарозии сатҳи поёни сарбанд (бо равиши дарё) 1500 метр мебошад.
Сарбанди неругоҳ аз якчанд элементҳо, аз ҷумла бадани призмаҳо филтрҳои минтақа гузариш, борсанги призмаҳо ва ядро- мағзи сарбанд иборат аст ва дар бунёди он маводҳои сохтмонӣ аз қабили шағалзамин, омехтаи шағалу рег, регсанг ва маводи гилхоку сангреза истифода мешавад.
Ҳар рӯзу ҳар соат ва ҳар лаҳза, ки ба кӯҳҳои сеҳрангези Роғун, рӯди пурэъҷози Вахш ва иншооте, ки дар бағалу паҳнои он мисли тифле дар сармову гармо камол меёбад, назар меафканам, дилам пар мезанад, вуҷудамро эҳсосоти дирӯзу имрӯз ва фардои «Кохи Нур» фаро мегирад. Пеши чашмонам заҳмату машаққатҳо, ҷаҳду талошҳо ва сарсупурдаҳои мардони матину шуҷоъ дар ҷабҳаи пайкори Роғун падид меоянд ва беихтиёр қадамҳоям дар ин масир пурэҳсон устувортар мешавад.
Волотарин аз ҳама, ибтикору иқдоми эҳёгари ин «Кохи Нур»-Неругоҳи муқтадири Роғун фарзонафарзанди миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба дилу дидаҳо равшании бештар илқо ва қалбҳоро фараҳфизо месозад. Дар сарнавишти Неругоҳи Роғун муждаи нур, айёми рӯшноӣ ва шукуфоӣ фаро мерасад. Ҳазорон шукр ба ин диёру ба ин мадор. Ба умеди рӯшании қалбҳову дидаҳои мову шумо, ақрабону пайвандон, барои Ватану миллат, сулҳу Ваҳдат пойдориву бақои мамлакат ва Сардори давлат месозему меболем.
Аё Роғун! Аё Роғун!
Туро аз ашку аз хуни дили худ мекунам бунёд!
Туро аз хеш, аз обу гили худ мекунам бунёд!
Туро чун бораи имони худ бунёд хоҳам кард!
Туро аз лахт –лахт ҷони худ буёд хоҳам кард!
Масъули соҳаи сайёҳӣ Давлатзода Бозгул
Добавить комментарий