Мизи мудаввар «Қувваи ман барои зӯроварӣ нест»
22.04.2022. Имрӯз бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023» дар байни занон мизи мудаввар баргузор намуда, дар ҷаласа муовинони раиси шаҳр (соҳаи иҷтимоӣ ва идеологӣ), мудири бахши кор бо занон ва оила раиси ҲХДТ, корманди КАТС-и шаҳр, сардори эксперти криминалист, мудири бахши дин, танзим, анъана ва ҷашну маросимҳо ва занони фаъоли шаҳр иштирок доштанд.
Дар ҷаласа оид ба масъалаҳои «Пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон», «Оилаи солим -ҷомеаи солим», «Муоинаи тиббӣ пеш аз никоҳи ҷавонон ва дигар ҳолатҳои ба он вобаста», «Саҳми нозирони минтақавӣ дар пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Омилҳои устувории оила аз нигоҳи дин» аз ҷониби масъулон баромадҳо пешкаши ҳозирин гардида, аз ҷумла мудири бахши кор бо занон ва оила иброз доштанд, ки барномаи мазкур масъалаи пешгири зуроварӣ дар оила, пошхурии оилаҳои ҷавон, худкушӣ, худсузӣ, суиқаст ба ҷони худ ва дигар масъалаҳои муҳим вобаста ба ҳаёти занону ҷавондухтарон, ҳали масъалаҳои оилавӣ, сарфи назар аз миллату нажот, ҷисму забон ва вазъи сиёсию иҷтимоӣ, баробарҳуқуқии мардону занон дар оила ва якдигарфаҳмии аъзоёнӣ оиларо таъмин менамояд.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани амалҳои номатлуб дар байни оилаҳо, аз байн бурданӣ муноқишаҳои оилавӣ, зуроварӣ дар оила, пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар масъалаҳои ба ин марбут корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар байни занону духтарон ва ҷавонон мустаҳкам намоем.
Мутахассиси пешбари
бахши кор бо занон ва оила Нодиршоева Миҷгона
Добавить комментарий