Мизи мудаввар дар мавзӯӣ: «Пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон»
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар доираи нақша-чорабиниҳои гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и шаҳри Роғун санаи 20 апрели соли 2022 дар доираи Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024, мизи мудаввар дар мавзӯӣ: «Пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон: муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он» баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Роғун Шарафзода Б.А., муовини сардори ШВКД дар шаҳри Роғун Худоёров У.З., нозири калони ГОПҲНҶ ШВКД дар шаҳри Роғун Амриддинзода М., нозири ГОПҲНҶ ШВКД дар шаҳри Роғун Орифзода Т., намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр Юсупов И., Муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Саъдуллоев М., мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Тоирзода Қ., роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и шаҳри Роғун Бойзода Н.Д., аъзоёни гурӯҳи ҷавонони «Авангард» ва хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Тибқи барномаи чорабинӣ сухани ифтитоҳиро муовини раиси шаҳри Роғун Б. Шарафзода оғоз намуда, қайд карданд, ки гарчанде сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон дар шаҳри Роғун паст шуда бошад, боз ҳам моро зарӯр аст, ки дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои мақсаднокро бо мақсади баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бештар доир намоем.
Сипас, роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и шаҳри Роғун Бойзода Н.Д. дар шакли призинтатсия баромад намуда, тамоми сабабу омилҳои пешгирии ҳуқвайронкунӣ дар байни ноболиғонро қайд намуд ва роҳҳои пешгирии онро ба иштирокчиён пешниҳод намуд. Дар интиҳои чорабинӣ табодули афгор сурат гирифта, раванди чорабинӣ аз ҷониби намояндаи Телевизиони Ҷаҳоннамо ба навор гирифта шуд.
Роҳбари гурӯҳи ҷавонони
«Авангард»-и шаҳри Роғун Бойзода Н.Д.
Добавить комментарий