ТАНТАНАИ НАВРӮЗӢ ДАР ТАМОМИ ГӮШАЮ КАНОРИ ШАҲРИ РОҒУН
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун оид ба баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз дар тамоми муассисаву ташкилотҳо, ҷамоати шаҳраку деҳот, инчунин муассисаҳои таълимии шаҳр ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ ва дар доираи арзишҳои миллию фарҳангӣ, суннатҳои наврӯзӣ, барномафарҳангӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва бо иштироки зиёди шаҳрвандон бо шукӯҳу шаҳомати зиёд ҷашн гирифта шуда истодааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки тантанаҳои Наврӯзӣ аз 10-уми март оғоз ёфта, дар бинои маориф ва кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократӣ дар шаҳри Роғун бо фарогирии баъзе муассисаҳо ва ташкилотҳо ба таври хоса ҷашн гирифта шуда истодааст, ки дар ин чорабиниҳои идона , иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло, муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва роҳбарону кормандони дигар муассисаву ташкилотҳои шаҳр иштирок менамоянд.
Сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҷабалиева Шоира
Добавить комментарий