Нишасти матбуотӣ
Санаи 10 феврали соли 2022 соати 11 00 бо иштироки роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, шуъбаю бахшҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагон аз нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо» ва рӯзномаи шаҳрии «Нури Роғун» иштирок доштанд.
Нишасти матбуотиро иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло оғоз намуда, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Роғун дар соли 2021 ҳисоботи муфассал дод. Сипас, миёни хабарнигорони васоити ахбори омма ва иштирокчиён саволу ҷавоб оид ба масъалаҳои маориф, тандурӯстӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва оид ба ҳифзи муҳити зист матраҳ гардид. Ба саволҳои хабарнигорон Раиси шаҳр, муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони дигар сохторҳои дахлдор ҷавобҳои муфассал гардониданд.
И.в.мудири шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Саидова Ш.
Добавить комментарий