Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

               Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  санаи 21 – уми декабр ироа гардид. Баҳри шунидани Паёми имсола ва дарк намудани муҳтавои он дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  муовинони Раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳои  дастгоҳи раиси шаҳр ҷамъ омаданд. Метавон илова кард, ки  роҳброну кормандони  тамоми корхонаю ташкилот, инчунин аҳолии шаҳр, омӯзгорон, мактаббачагони муассисаҳои таълимӣ ва шахсони касбу кори гуногун дар толору маҷлисгоҳҳо ба ҳам ҷамъ омада аз тариқи оинаи нилгун  Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллатро шуниданд.

Зебо Давлатова

Нури Рогун