ЗАХИРАИ МАВОДИ ОЗУҚА, СӮЗИШВОРӢ ВА ХӮРОКИ ДУРУШТИ ЧОРВО  

          Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Роғун, муҳтарам Сулаймонзода М.С.  ҷиҳати муайян намудани захираи маводи озуқа ва барои дар ҳаҷми зарурӣ захираву нигоҳдорӣ намудани маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ ва таъмири кӯчаю маҳаллаҳо, хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон барои давраи тирамоҳи соли 2021  ва  зимистони соли 2022, дар асоси нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  аз 1 декабри соли 2021 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки гурӯҳи номбурда  захираи маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ, таъмири хонаю бинои аҳолии шаҳр, захираи маводи озуқаи ташкилоту муассисаҳо, анборҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, нуқтаҳои савдоро санҷида баромаданд. Мутобиқи маълумотҳои гурӯҳи корӣ  захираҳо чунин нишондодро дар бар мегирад.               -дар ҳудуди шаҳр; орд 880,4тонна (108 фоиз), равған 52,6 тонна (105 фоиз), биринҷ 50,9 тонна (141 фоиз), шакар 49,2 тонна, (123 фоиз),  картошка 1637,3 тонна (67 фоиз),  пиёз 201,7 тонна (52 фоиз, сабзӣ 161,8 тонна (51,3 фоиз), ва 205115 консерваҳои қуттии шартӣ (126,8 фоизи нақша) захира гардидааст.

         – ҷамоатҳои шаҳраку деҳот; орд 762 тонна, гандум 187,9 тонна, шакар 41,6 тонна, биринҷ 44,9 тонна, равған 44,6 тонна, консерваҳо 203999 қуттӣ, картошка 1004,8 тонна, пиёз 171,9 тонна, сабзӣ 134,8 тонна, мевагӣ 1811,8 тонна. – ташкилоту муассисаҳо – орд 3,5 тонна, равған 264 литр, биринҷ 778 кг, шакар 406 кг, консерваҳо 220 қуттиҳо шартӣ, картошка 4,0 тонна, пиёз 1,1 тонна, сабзӣ 400 кг.     

            -дар анбори хоҷагиҳои деҳқонӣ-ғалладонагӣ 1822 тонна, зироатҳои техникӣ 56 тонна, картошка 624 тонна, сабзавот 45 тона, мева 18 тонна. -дар нуқтаҳои савдо-орд 116 тонна, равған 7,8 тонна, шакар 7,2 тонна, биринҷ 5,3 тонна, картошка 4,5 тонна, пиёз 6,2 тонна, сабзӣ 4,0 тонна зиёда аз 896 қуттии шартӣ консерваҳоро ташкил медиҳад.

          -инчунин захираи сӯзишворӣ, ҳезум ангишт ва хӯроки чорво  дар  маҷмӯъ чунин нишод дода шудааст: -ангишт-7374,2 тонна, ҳезум-11884,3 м3, тапак-1548455 адад, солярка-14548 л, хӯроки дурушти чорво- 4501 тонна.

Давлатова Зебо «Нури Роғун»