РОҒУН – СОҲАИ САЙЁҲӢ РУШД МЕКУНАД

                Шаҳри Роғун яке аз минтақаҳои таърихию фарҳангӣ дорои аҳамияти сайёҳидошта аст, ки  куҳҳои баланду обҳои мусаффо, замини сарсабзу шукуфо сарзамини биҳиштосо,  табиати афсункор ва обу ҳавои тозаю муътадилаш  ба рӯҳу равон ҳаловату табобат мебахшад. Ин мавзеи дорои аҳмияти стратегӣ дошта бо НБО-и овозадор ва ёдгориҳои таърихияш,  сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб намуда, ҳазорон ҳазор сайёҳон ба тамошои манзараҳои дилфиребу назаррабояш меоянд. Яке аз мавзеҳои таърихии тамошобоб ва зиёратгоҳи машҳур дар шаҳр, ин  гузаргоҳи Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ ба ҳисоб меравад,  ки ҳамасола  нафарони зиёде  ба зиёрати гузаргоҳи ин Шайхулмашоихи  олам меоянд. Дар хусуси ин ёдгории таърихӣ, қиссаю ривоятҳо гуногунанд. Тибқи сарчашмаҳо  Абулқосим ибни Муҳаммад- ал- Ҳазз мулақаб бо Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ яке аз муттафакрони бузурги олами ирфон буда,  дар музофоти Наҳованди Ироқ ба дунё омадааст, ки ҷараёни тасаввуфи ин мутафаккири олами ирфон аҳли башарро ба гуфтушунид ва ваҳдату ягонагӣ даъват мекунад ва дар миёни халқи Худо ҷудоиандозиро аз амалҳои шаётин медонад. Шахсиятҳои зиёде ҳастанд, ки ҳақиқати ҳоли зиёраткунандагони ин гузаргоҳро чунин маънидод кардаанд: Беморони рӯҳии дасту пояшон бастаро ба зиёрати  гузаргоҳи Хоҷа Ҷунайд овардаанду онҳо шифо ёфтаанд. Яъне рӯҳу авроҳи поки ҳазрати Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ ба бемороне, ки бо умед ба зиёрати гузаргоҳаш меоянд бо хости Худо ба онҳо шифо мебахшад.  

Зебо Давлатова «Нури Роғун»