Омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун баҳри амалӣ шудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №101 “Оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022” имрӯзҳо баҳри таъмин намудани аҳолии шаҳр дар мавсими тирамоҳу зимистон бо маҳсулоти озуқа ва барои дар ҳаҷми зарурӣ захираву нигоҳдорӣ намудани маводҳои озуқа, сӯзишворӣ, ангишт, ҳезум, маводҳои зиддилағжиш, намаку қум ва ғайра чораҳои зарурӣ андешидааст, ки бо умедворӣ метавон гуфт, ки мавсими сармои имсола бе камбудӣ паси сар мешавад. Дар ин самт айни ҳол захираҳо чунин нишондодро дар бар мегирад; Маводи озуқа дар ҳудуди шаҳр ҳамагӣ орд 311,1 тонна, гандум 1822 тонна, равған 35,3 тонна, шакар 15,7 тонна, биринҷ 23,2 тонна, консерваҳо 103971 қуттиҳои шартӣ, 1638,3 тонна картошка, сабзавот 113,2 тонна, 458,7 тонна. Аз ҷумла; – захираи маҳсулоти озуқаи аҳолӣ орд 192 тонна, шакар 8,1 тонна, биринҷ 17,1 тонна, равған 27,2 тонна, консерваҳо 102855 қуттӣ, картошка 1004,8 тонна, пиёз 25 тонна, сабзӣ 35,4 тонна, мевагӣ 458,7 тонна. -захираи маҳсулоти озуқаи ташкилоту муассисаҳо 3,5 тонна орд, 264 литр равған, 778 кг биринҷ, 406 кг шакар, консерваҳо 220 қутиҳои шартӣ, 4,0 тонна картошка, 1,1 тонна пиёз, 400 кг сабзӣ, -дар анборҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ғалладонагӣ 1822 тонна, зироатҳои техникӣ 56 тонна, картошка 624 тонна, сабзавот 45 тонна, мева 18 тонна мавҷуд мебошад. -дар нуқтаҳои савдо 115,6 тонна орд, 7,8 тонна равған, 7,2 тонна шакар, 5,3 тонна биринҷ, 4,5 тонна картошка, 6,2 тонна пиёз, сабзӣ 2,4 тонна ва зиёда аз 896 адад қуттии шартӣ консерваҳо захира карда шудааст. -дар нуқтаҳои сӯзишворӣ, ки 8 ададро дар бар мегирад, 21,5 тонна гази моеъ, 20,8 тонна бензин ва сӯзишвории дизелӣ 11,0 тонна захира мавҷуд мебошад. -захираи маводҳои зиддилағжиш 700 м3 (100 фоиз), 7 тонна ангишт, 5м3 ҳезум (100 фоиз), захира гардидааст. дар роҳҳои автомобилгард дар мавсими зимистон аз ҷониби муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар шаҳри Роғун, захираи маводҳои зиддилағжиш 700 м3 (100 фоиз), 7 тонна ангишт, 5м3 ҳезум (100 фоиз), захира гардидааст. Дар баробари ин, техникаҳои махсуси роҳнигоҳдорӣ- 4 адад техника бо пуррагӣ омода карда шудааст. -шабакаҳои барқии шаҳр дар мувозинати худ 136,102 км хатҳои интиқоли барқ 10 Кв, 117,388 км хатҳои интиқоли 0,4Кв, 0, 485 км хатҳои кабелӣ-10 кВ, 20,721 км хатҳои кабелӣ 0,4 Кв ва 152 адад зеристгоҳҳои трансформаторӣ дорад. Барои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ва пешгирии он дар иншооти хоҷагии халқ новобаста аз шакли моликият, дар тавозуни корхона 4 нақлиёти оташнишонӣ бо таҷҳизотҳояш дар ҳолати омодабош қарор дорад. Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ барои захира намудани тухмии ғалладонагиҳо ҷиҳати саривақт гузаронидани кишти тирамоҳу баҳорӣ барои солҳои 2021-2022 ғалладонагиҳо ва лубиёгиҳо ҳамагӣ 607 тонна гандум, 24 тонна ҷав, 330 тонна тухми картошка захира карда шудааст. Захираи хӯроки ба ҳолати 1 ноябри соли ҷорӣ 11820 тонна (103,9 фоиз) хӯроки дурушт, 3,3 тонна (50,7 фоиз) хӯроки ширадор захира карда шудааст. Барои таъмини оби нӯшокӣ КВД “СОКО ва ХМК” ба 3492 хоҷагии аҳолӣ, 31 корхонаҳои буҷавӣ ва 15 адад корхонаҳои худмаблағгузор ва хусусӣ хизмат мерасонад. Дар корхона 7 чоҳи амудӣ, 7 адад тарансформаторҳои гуногун, 27 км хатҳои оби нӯшокӣ мавҷуд мебошад. Инчунин 8 адад техникаи хизматӣ барои мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 омодаанд. Дар корона захираи намак ба 20 тонна, қум 120 м3 мерасад. Либосҳои корӣ 50 ҷуфт, пойафзоли зимистона 50 адад буда, даспушаки кори 100 адад, бел 30 адад ва лапотка 30 ададро ташкил медиҳад. Қайд кардан ба маврид аст, ки корҳо дар самти зимистонгузаронӣ идома дошта, масъулин барои бе камбудӣ гузаронидани мавсими сармо саъю талоши хешро карда истодаанд. Хабарнигори рӯзномаи “Нури Рогун”
Добавить комментарий