Иҷлосияи  нуҳуми маҷлиси  вакилони  халқии шаҳри Роғун даъвати шашум

 

     Санаи 11 октябри соли 2021 дар бинои мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлати шаҳри Роғун Иҷлосияи  нуҳуми маҷлиси  вакилони халқии шаҳри Роғун даъвати шашум  баргузор гардид, ки дар дар  маҷлис муовинони раис,  роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, вакилони халқи шаҳри Роғун, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои назди мақомот, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва дигар даъватшудагон иштирок доштанд. Дар маҷлис масъалаҳо оид ба “Ҷамбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Роғун  дар нӯҳ моҳи  соли 2021”,  “Дар бораи иҷрои буҷети шаҳри Роғун дар нӯҳ моҳи соли 2021”, “Оид ба  рафти амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025 дар давоми нӯҳ моҳи  соли 2021”,    “Дар бораи аз нав номгузорӣ намудани номҳои объэктҳои  ҷуғрофии ғайримеъёрии ҳудуди шаҳри Роғун”, “ Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Роғун оид ба масъалҳои  маблағӣ аз 01-07-2021 то 30-09-2021” ва “ дар бораи тасдиқ намудани  қарори Раиси шаҳри Роғун  вобаста ба масъалаҳои кадрӣ” мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифт. Сараввал раиси шаҳри Роғун Сулаймонзода Музаффар Сулаймон маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун оғоз намуда,  оид ба масъалаҳои зикргардида маълумоти куллӣ доданд. Сипас, Муовини якуми раиси шаҳр Файззода Раҳматулло оиди ҳисоботи  ҷамъбасти натиҷаҳои рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимсоии шаҳри Роғун дар нӯҳ моҳи  соли 2021 сухан намуданд. Дар ҳисобот, инчунин дар хусуси  пешрафту дастовардҳо, бурду бохт ва камбудиҳои соҳаҳои маорифу  тандурустӣ  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарпҳанг, кишоварзӣ, рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ,  хоҷагидорию камуналӣ, сохтмон, нақлиёт ва дигар паҳлуҳои фаъолияти сохторҳои ҳудуди шаҳр маълумоти мушаххас дарҷ гардид. Оиди масъалаи дуюм “Дар бораи иҷрои буҷети шаҳри Роғун дар нӯҳ моҳи соли 2021” маълумотномаи сардори Нозироти андоз дар шаҳри Роғун Малиқозода Амиралӣ ва сардори Раёсати молияи шаҳри Роғун Эшонов Идрис шунида шуда, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ӯ аз ҷумла қайд кард,ки  мувофиқи ҳисоботҳо  ба буҷети маҳаллии  шаҳри Роғун  дар нӯҳ моҳи соли 2021 дар қисмати  даромадҳо  бо назардошти андози иҷтимоӣ  ба ҷои нақшаи аниқшудаи  154 728 656 сомонӣ, дохил шудааст  115 255 502 сомонӣ, ки ин нишондод 74%-и нақшаро ташкил медиҳад. Оид ба  рафти амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025 дар давоми нӯҳ моҳи  соли 2021  мудири  бахши рушди иқтисод ва савдо маълумот дода, аз ҷумла қайд намуд, ки  Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Роғун  барои солҳои 2021-2025 88 лоиҳаро ба маблағи 204,8 миллион сомонӣ  дар бар мегирад. Дар давоми  нӯҳ моҳи соли 2021 29 лоиҳа ба маблағи 17 947,6 ҳазор  сомонӣ  буҷети маҳаллӣ  ва 12 994,2 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон  ва шахсони саховатпеша мебошад. Нисбати масъалаҳои баррасишуда  қарорҳо қабул карда шуданд.

Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                            Раҷабалиева Шоира