Меҳргон- мужда аз ҳосили фаровон
Санаи 11 октябри соли ҷорӣ дар боғи фарҳангӣ фароғатии шаҳри Роғун ба муносибати ҷашни Меҳргон чорабинии тантанавии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси
шаҳри Роғун, муовинон, роҳбарони мақоматҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ширкат варзиданд. Дар чорабинӣ Раиси шаҳр муҳтарам Сулаймонзода Музаффар Сулаймон баромад намуда, ҳозиринро ба ҷашни миллию суннатиямон табрику муборакбод намуд. Раиси шаҳр аз таърихи пайдоиши ҷашни Меҳргон, мақому манзалати ва бузуругдошти ин ҷашни миллию мардумӣ маълумот дода, аз ҷумла қайд намуданд, ки; Боиси ифтихору шукургузорист, ки имрӯз аз баракати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сулҳу Ваҳдати миллӣ мо дар қатори тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз, ҷашни гузаштагонамон Меҳргонро бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоем. Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки он файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Таҷлили расмии иди мазкур далели он аст, ки мардуми шарафманди шаҳри Роғун дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи асосии худ медонанд. Соҳаи кишоварзӣ ҳамчун манбаи асосии истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва ашёи хом буда, дар таъмин намудани талаботи ҳамарӯзаи аҳолии шаҳрамон саҳми босозае дорад. Чунин анъанаву расму ойини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сари кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд. Дар қисмати тантанавии чорабинии мазкур кишоварзону хоҷагидорони заҳматкашу заҳматписанд аз ҷониби Раиси шаҳр бо ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамин тавр чорабинии мазкур бо барномаи бошукӯҳи ҳунарӣ ҷамъбаст гардида, ҳунармандони қасри фарҳанг бо пешниҳоди дастагули мусиқии иборат аз савту навоҳои дилнишин, ва сурудҳои тараннумкунандаи деҳқони заҳматкаш ва васфи сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон, хотири иштирокдорони чорабиниро болида намуданд.
Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҷабалиева Шоира
Добавить комментарий