БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВИИ «РОҒУН – КОХИ НУРИ ТОҶИКИСТОН»

     БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВИИ «РОҒУН – КОХИ НУРИ ТОҶИКИСТОН» дар шаҳри Роғун Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» таҳти унвони «Роғун – Кохи нури Тоҷикистон» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

   Дар ҳамоиш беш аз 100 нафар, аз ҷумла намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, як қатор раисони кумита ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, роҳбарони мактабҳои олӣ, собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ходимони давлатию ҷамъиятӣ, кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи марказии ҳизб, баъзе раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, намояндагони аҳли зиё, ҳунармандон, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дигар фаъолон ширкат доштанд.

   Меҳмонони ҳамоишро дар даромадгоҳи шаҳр ва толори пазироии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» зери навои карнаю сурнай ва риояи унсурҳои миллии меҳмондорӣ  Раиси  шаҳри  Роғун  Музаффар  Сулаймонзода,  Раиси  Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Роғун Давлатзода Махфират, муовинони Раиси шаҳр, роҳбарияти  ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ҳизбии  шаҳри  Роғун,масъулини Кумитаи иҷроияи ибтидоии  ҶСК « НБО-Роғун»  ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

   Мавриди зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти сарпарастии маънавии Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба зимма гирифта, ҳамеша талош менамояд, ки ин иншооти таърихию тақдирсози миллат дар муҳлати муқарраршуда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Ин масъала дар меҳвари барномаҳои ҳизб қарор дорад ва барои амалӣ намудани ин иқдоми бузург тадбирҳои ҷиддӣ мунтазам андешида мешаванд.

   Тайи солҳои охир Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти густурдаеро амалӣ намуд, ки ҳадафи онҳо, пеш аз ҳама, ба тарғиби «Роғун» ҳамчун меҳвари иттиҳоду ҳамбастагӣ ва умед ба ояндаи беҳтари мардуми кишвар, муаррифии шоистаи ин Кохи нури Тоҷикистон ҳамчун иншооти муҳим барои тамоми ҷомеа ва баланд бардоштани рӯҳияи кормандони ин коргоҳи бузург нигаронида мешавад. Дар ин росто корҳои зиёде анҷом шудаанд ва дар оянда низ нақшаҳои мукаммал тарҳрезӣ мегарданд. Қайд кардан ба маврид аст,ки сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» соли 1976 оғоз ёфт. Иқтидори лоиҳавии он ба 3600 МВт баробар аст ва он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди 335 метр муайян шудааст. Вале бо сабабҳо ва воқеъаҳои маълум корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот мавқуф гузошта шуд ва бунёди он ба таъхир афтод. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо талошу тасмимҳои созандаи бунёдгузори «Роғун», Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони дубораи оғози сохтмон ба миён омад.

   16 ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд. Ҳамон рӯз дар маҳалли сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун”-ро бо пахши васлкунак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд.

   9 сентябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд, ки дар натиҷа, нерӯи барқи тавлидшаванда ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд. “Роғун” пас аз такмили пурра бо тавлиди солона 13 миллиард киловат/соат неруи барқ кишвари моро дар минтақа ба бузургтарин содиркунандаи энерегияи арзону аз назари экологӣ тоза ва ба яке аз таъминкунандагони сиёсати энергетикии минтақа табдил хоҳад дод.

   Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Баъди пурра ба кор даровардани Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» иқтидори энергетикии Тоҷикистон ба зиёда аз 9781 мегаватт мерасад, яъне 60 фоиз меафзояд ва мо ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардем». Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад ва яке аз кишварҳои асосии истеҳсолкунандаи “энергияи сабз” дар миқёси сайёра ба шумор меравад.

   Мавриди зикри хос аст, ки тӯли ин солҳо аз ҷониби Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон – сарпарасти маънавии НБО “Роғун” ва зерсохторҳои он дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати харидорӣ гардидани саҳмияҳои нерӯгоҳ аз ҷониби аҳолӣ корҳои мушаххаси таблиғотӣ ба роҳ монда шуд. Кормандон ва аъзои фаъоли ҳизб низ дар ин самт хеле фаъол ва намунаи ибрат буданд. Дар ҳамоиши мазкур низ аз  ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҳизб ҷиҳати дастгирии  аҳолии шаҳри Роғун ва заҳматкашони нерӯгоҳ миқдори зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ  расонида шуд.

   Дар бахши маънавӣ ва фарҳангӣ низ масъулини Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар Нерӯгоҳ борҳо мулоқоту барномаҳои фарҳангӣ ташкил намуда, барои фароҳам овардани истироҳату фароғати кормандон ва рӯҳбаланд намудани онҳо ҳамеша саҳмгузорӣ менамояд.

   Дар ҳамоиш ба нишони эҳтиром ва иродату самимият аз номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кулли аъзои он ба  Раиси шаҳри   Роғун  Сулаймонзода Музаффар Ифтихорномаи Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва ба Директори генералии НБО “Роғун”  Сафарзода Хайрулло  армуғон  дар  вазъияти  тантанавӣ  супорида  шуд.

   Ҳамчунин, ба миқдори 1000 адад китобҳои илмиву бадеиву публитсистӣ барои китобхонаи неругоҳ ҳадя гардида, изҳори умед карда шуд, ки ин китобҳо мавриди омӯзиш ва баҳрабардории аҳли заҳмат қарор мегиранд. Ҳамзамон,бо далели натиҷаҳои назаррас дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ин неругоҳи бузурги аср якчанд кормандони фаъоли он бо Ифтихорнома  ва Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ сарфароз гардонида шуданд.

  Чорабинии пуршукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандони шоистаю маҳбуби кишвар ба ҳамоиш ранги дигар бахшид. Боиси хушнудист, ки таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти халқи сарбаланди мо марҳалаи нави пешрафтҳо, ободкориҳо ва созандагиҳо асос гузошт. Ин тантанаҳои шодиву сурур давраи худсозиву худафрӯзӣ ва кӯшиши навбатии миллат барои расидан ба зиндагии шоиста арзёбӣ мегардад. Мардум бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва руҳияи баланди ватандорӣ тамоми саъю талоши худро сафарбар менамоянд, инчунин, барои  ҳар як аъзо ва ҷонибдори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мисли тамоми мардуми шарифи мамлакат якдилӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ арзишҳои бузург буда, баргузор намудани чунин чорабиниҳои фарогир ва қадрдонии онҳо аз ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Тақвият бахшидани чунин иқдомҳо дар оянда ба хотири пешравии фаъолият, дилгармии меҳнаткашон, қадрдонии онҳо ва мустаҳкам намудани дӯстиву якдигарфаҳмии тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад.

   Шоистаи таъкид аст, ки дар ҷодаи расидан ба Истиқлоли энергетикӣ Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” рамзи муттаҳидӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва ободкориву созандагии Тоҷикистони маҳбуб дониста мешавад. Халқи бонангу номуси тоҷик бо ҳидояту раҳнамоии Пешвои муаззами миллат ба орзуи деринаи худ – сохтмони иншооти бузурги аср расид ва бо шиори ояндасози «Тоҷикистон, ба пеш» ба сӯи фардои дурахшон ва нусратҳои тоза қадам мегузорад.  

      Раиси Кумитаи иҷроияи

      ҲХДТ дар шаҳри Роғун                                                                 Давлатзода М.Қ.