Ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи тарғиби ғояҳои асосии ватандорӣ ва ҳувиятхоҳии халқи тоҷик дар китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Субҳи имрӯз дар толори қасри фарҳанги шаҳри Роғун ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи тарғиби ғояҳои асосии ватандорӣ ва ҳувиятхоҳии халқи тоҷик дар китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси банди 13 нақшаи фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2021 баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур
- Сулаймонзода Музаффар Сулаймон– раиси шаҳри Роғун
- Рудобаи Мукаррам-Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
- Фарҳод Раҳимӣ – Президенти академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
- Низом Қосим – Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Ғайбулло Авзалов- Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки воқеан китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз беҳтарин китобҳое мебошад, ки дар асоси зиндагиномаи ибратомӯзи фарзонафарзандони халқи тоҷик, ки ҳар кадом дар пешрафти фарҳангу тамаддуни миллӣ ва башарӣ саҳми босазо гузоштаанд, навишта шудааст.
Дар ҳақиқат ҳангоми мутолиаи китоби мазкур шахсро ҳаяҷон фаро гирифта, таърихи пуртазоди миллати тамаддунофару фарҳангпарвари тоҷик пеши назараш ҷилвагар мешавад ва ифтихор аз миллати хеш мекунад. Зеро ин китоби пурмуҳтаво аз зиндагӣ ва осори аҷдодони бузургу барӯманди мо – ориёитаборон ҳикоят мекунад, ки номашон дар сафҳаи таърихи башар бо хати заррин сабт гардидаанд. Ҳамчунин зикр карда шуд, омӯхтани чунин китобҳо аз қабили «Чеҳраҳои мондагор»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, дар рушди зеҳнии ҳар як нафар таъсиргузор хоҳад буд. Дар воқеъ то шахс аз таърихи миллати хеш огоҳ набошад, наметавонад дар бораи рушди минбаъдаи давлати хеш корҳое сазовореро ба анҷом расонад. Дар ин радиф гуфта шуд, ки бо мақсади омӯзиши таърихи пурифтихори халқи тоҷик, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши Пешвои миллат китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров нашр гардид ва ҳафтаи сипаригардида ба сокинони шаҳри Роғун бо теъдоди 6848 адад дастрас шуд. Дастрас гардидани ин китоб ба аҳолӣ яке аз иқдомҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллат ба ҳисоб рафта, сокинон низ бо хушнудии зиёд туҳфаи арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пазируфтанд.
Дар ҷараёни ҳамоиш аз ҷониби раиси кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, Президенти академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба китобхонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр китобҳои арзишманд ҳамчун туҳфа тақдим карда шуд. Дар хотима Раиси шаҳри Роғун Сулаймонзода Музаффар ҷиҳати баргузор намудани чунин ҳамоишҳо, ки бо ташаббуси кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои афзудани ҳисси худшиносиву ватанпарастии миллат равона гардидааст, ба раиси кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ва тамоми меҳмонону иштирокчиён изҳори сипос ва ташаккур баён намуданд.
Худойдодов А. Н.-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
Добавить комментарий