Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун, даъвати ҳафтум

                                                       ҚАРОРИ РАИСИ  ШАҲРИ   РОҒУН

       аз «______» _______________  соли  2021                                                                                    №__________    

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун, даъвати ҳафтум

Мутобиқи моддаҳои  12, 19  ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ҚАРОР  МЕКУНАМ: 

  1. Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун, даъвати ҳафтум рӯзи 12 апрели соли 2021, соати 800дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун даъват карда шаванд.
  2. Ба рӯзномаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун, даъвати ҳафтум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

2.1. Дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисоди ва иҷтимоии шаҳри Роғун дар семоҳаи аввали соли 2021. 2.2. Дар бораи рафти  иҷрои  буҷети маҳаллии шаҳри Роғун дар семоҳаи аввали соли 2021. 2.3. Дар бораи иҷрои Нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, оид ба  сазовор таҷлил ва ҷашн гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021. 2.4. Тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои маблағӣ, кадрӣ ва дигар қарорҳои дахлдор аз иҷлосия то иҷлосия.

  1. Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Роғун бо тартиби муқарраршуда муҳтавои қарори мазкурро тавассути сомонаи расмии мақомоти иҷроия ва рӯзномаи шаҳрии «Нури Роғун» ба самъи сокинони шаҳр расонад.
  2. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Роғун гузошта шавад. 

    Раис                                     Сулаймонзода М. С.       

          

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ  РОҒУН ДАЪВАТИ  VII

аз  «    » _______ соли  2021                                                                          №    

Дар бораи тасдиқи рӯзномаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун даъвати ҳафтум  

Мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун даъвати ҳафтум  қ а р о р   м е к у н а д:

Рӯзномаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун аз рӯи масъалаҳои зерин тасдиқ карда шавад:

  1. Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳри Роғун дар семоҳаи аввали соли 2021.
  2. Дар бораи рафти иҷрои  буҷети маҳаллии шаҳри Роғун дар семоҳаи аввали соли 2021.
  3. Дар бораи иҷрои Нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, оид ба сазовор таҷлил ва ҷашн гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021.
  4. Дар бораи тасдиқ намудани барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр барои солҳои 2021-2025.
  5. Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои маблағӣ, кадрӣ ва дигар қарорҳои дахлдор аз иҷлосия то иҷлосия.

              Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун                                         Сулаймонзода М. С.