Сарфаи неруи барқ ба манфиати халқ аст
Бо мақсади сарфакорона истифода намудани неруи барқ дар шаҳри Роғун 12 гуруҳи кории тарғиботию ташвиқотӣ шуруъ аз моҳи декабри соли 2020 корҳои фаҳмондадиҳиро оғоз намудаанд. Вазифаҳои асосии гуруҳҳои корӣ пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ барои истифодаи самаранок ва оқилонаи неруи барқ ба ҳисоб меравад. Бояд тазаккур дод, ки гуруҳҳои мазкур бо супориши раиси шаҳр муҳтарам Сулаймонзода Музаффар бори дигар вазифадор гардидаанд, ки корҳои оммафаҳмониро дар ин самт тақвият бахшанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки фасли зимистон нисбат ба тобистон мушкилоту сахтиҳои худро дорад. Аз ин рӯ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ аз ҳар як нафар тақозои онро дорад, ки мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистода пешгирӣ карда шаванд. Дар ин раванд навиштаҷотҳо оид ба пешгирӣ аз истифодаи ғайримақсадноки қувваи барқ, манфиати истифодаи оқилонаи он ба буҷаи ҳар як оила дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва сераҳолӣ насб карда мешаванд. Гуруҳҳои корӣ бори дигар фаъолияти худро аз даҳаи сеюми моҳи январ оғоз менамоянд.
Худойдодов А. Н.- мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, узви маҳфили “Сайқал”
Добавить комментарий