ҚАРОРҲОИ РАИСИ ШАҲРИ РОҒУН
ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ РОҒУН
аз 2 октябри соли 2020 №357
Дар бораи даъват намудани иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун, даъвати шашум
Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун, даъвати шашум рӯзи 12 октябри соли 2020, соати 800 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун даъват карда шаванд.
2. Ба рӯзномаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун, даъвати шашум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:
2.1. Дар бораи гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун аз ҳавзаҳои интихоботии №3 ва 16.
2.2. Дар бораи савганд ёд намудани вакилони навтаъиншудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун даъвати шашум.
2.3. Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳри Роғун дар семоҳаи сеюми соли 2020.
2.4. Дар бораи иҷроиши буҷети маҳаллии шаҳр ва даровардани тағйироту иловаҳо ба буҷети маҳаллии шаҳри Роғун дар семоҳаи сеюми соли 2020.
2.5. Дар бораи иҷрои Нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, оид ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи сеюми соли 2020.
2.6. Дар бораи давровардани тағйироту иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун даъвати шашум аз 10.03.2020, №7.
2.7. Тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои маблағӣ, кадрӣ ва дигар ҳолатҳо аз иҷлосия то иҷлосия.
3. Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Роғун бо тартиби муқарраршуда муҳтавои қарори мазкурро тавассути сомонаи расмии мақомот ва рӯзномаи шаҳрии «Нури Роғун» ба самъи сокинони шаҳр расонад.
4.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Роғун гузошта шавад.
Раис Сулаймонзода М. С.
ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ РОҒУН
аз 6 октябри соли 2020 №361
Дар бораи ташкил ва гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ барои соли 2020
Мутобиқи талаботи моддаи 19 – 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», модаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Низомномаи тартиб ба шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2008, №468 тасдиқ шудааст ва бо мақсади муайян намудани мувофиқати хизматчиёни давлатӣ ба мансаби ишғолнамуда ва таъмини болоравии касбӣ қ а р о р м е к у н а м:
1. Аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун, рӯзи 20 октябри соли 2020, соати 09:00 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ташкил ва гузаронида шавад.
2. Ҷадвали гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3. Роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳои раиси шаҳр, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳр барои кормандоне, ки ба аттестатсия фаро гирифта мешаванд, тавсифномаи хизматӣ таҳия карда, то 10 октябри соли 2020 ба шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр пешниҳод намоянд.
4. Ба Комиссияи аттестатсиони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супориш дода шавад, ки аттестатсияро бо риояи талаботи Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани атестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ ташкил намоянд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зимаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Роғун гузошта шавад.
Раис Сулаймонзода М. С.
Добавить комментарий