Вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳри Роғун дар соли 2020

     Иҷрои буҷет. Нақшаи даромадҳои буҷети шаҳри Роғун бо назардошти андози иxтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 76,4 фоиз иҷро гардидааст, яъне ба ҷойи 174  046, 3 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷет 133 085,5 ҳазор сомонӣ ворид шудааст. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети шаҳр 162 892  ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Қисми хароҷоти буҷети шаҳр 99 фоиз иҷро гардидааст. Нақшаи солона 37 млн 409 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 36 млн 871 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 99 фоиз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 100 фоиз, маориф 99 фоиз, нигоҳдории тандурустӣ 97 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ 100 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 100 фоиз, фарҳанг 99 фоиз, кишоварзӣ 98 фоиз, нақлиёт ва коммуникатсия 0 фоиз ва ғайраҳо 100 фоиз маблағгузорӣ карда шуданд. Ба ҳолати 1 январи соли 2020 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дар назар доштани бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 35 млн 300 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол ба маблағи 17 млн 800 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст. Дар соли 2020 аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 8 миллиону 165 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки нисбат ба соли 2019 3 млн 183 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

     Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ Дар соли 2020 аз тарафи нозироти андоз 12 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 6 соҳибкор бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 20,7 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардида, 3 шахси ҳуқуқӣ ва 36 хоҷагии деҳқонӣ аз нав ба қайд гирифта шуда, аз ҳисоби онҳо 72,5 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст. Дар шаҳр 24 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 50 млн 236 ҳазор сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Маблағи умумии азхудшуда 980,0 ҳазор сомонӣ ё 1,9 фоизи умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад. Илова бар ин 6 лоиҳаҳои хусусияти иҷтимоидошта, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 3 600,0 ҳазор сомонӣ то соли 2022 амалӣ ҳоҳад шуд. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2016-2020 175 лоиҳаро ба маблағи 265 млн сомонӣ дарбар гирифта, ба ҳолати 1 январи соли 2021 73 лоиҳа ба маблағи 56,3 млн сомонӣ (42 фоиз) ба иҷро расидааст. Камбудиҳо: – ташкили курсҳо оид ба  омӯзиши соҳибкорон; – ба роҳ мондани корхонаҳои истеҳсолӣ ва саноатӣ; – ҷудо намудани қарзҳо бо фоизи паст ба корхонаҳои истеҳсолӣ; – саривақт маблағгузорӣ нашудани лоиҳаҳои сохтмонии тибқи бандҳои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2016-2020 пешбинигардида аз ҷониби масъулон.

      Саноат ва энергетика Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 345 миллиону 854 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2019 69 млн 147 ҳазор сомонӣ ё 125,0 фоиз зиёд мебошад, ки ин аз ҳисоби истеҳсоли қувваи барқ дар НБО-«Роғун» афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми регу сангмайда 171,0 фоиз, бетони сохтмони 49,9 фоиз, рег 339,7 фоиз ва истеҳсоли қувваи барқ 153,2 фоиз иҷро гардид. Дар ҳудуди шаҳр 6 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад то ба имрӯз дар шаҳр ягон корхона аз фаъолият боз монда нашудааст. Дар соли 2020 169 млн 584 ҳазор кВт соат қувваи барқ интиқол дода шуда, талафоти неруи барқ 27 млн 613 ҳазор кВт соатро ташкил медиҳад. Ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 141 млн 971 ҳазор кВт соат барқи фоиданок ба маблағи 57 млн 429 ҳазор сомонӣ интиқол ёфтааст. Ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда 25,7 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 95,2 фоизро дар бар мегирад. Қарзи истифодаи барқ 42 млн 648 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки асосан аз ҳисоби корхонаҳо 42 млн 404 ҳазор сомонӣ буда, 244,5 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби аҳолӣ меебошад. Сарфаи неруи барқ дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 650 ҳазор кВт соатро ташкил медиҳад. Камбудиҳо: – дар ҳамаи деҳаҳо симчубҳо, ки аз соли 1968 гузошта шудаанд, дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд. Зиёда аз 200 км ноқилҳоро иваз намудан лозим меояд; – деҳаҳои Ёнахш, Ғашиён, Муловалад ва Кори Шариф бо қувваи барқ таъмин нестанд;

       Сохтмон ва меъморӣ Аз ҳисоби маблаuҳои нақшавии буxаи давлатӣ корҳои таъмирӣ, барқарорсозӣ, азнавсозӣ ва тармими як қатор иншоотҳо ба нақша гирифта шудааст, ки маблаuи умумии 2 177,6 ҳазор сомонӣ (тибқи нақшаи солона) дар бар мегирад. Аз ин маблаu 1 532,1 ҳазор сомонӣ барои сохтмонҳои асосӣ (маблаuҳои нақшавии буxаи маҳал 1 532,1 ҳазор сомонӣ идомаи «Сохтмони маxмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ» дар маркази шаҳри Роuун) пешбинӣ шудааст, маблаuи 645,4 ҳазор сомонӣ бошад барои таъмирҳои xорию барқарорнамоӣ xудо шудааст, ки ба соҳаҳои гуногуни шаҳр тааллуқ дорад. Аз чумла; аз ҳисоби маблагҳои иловагии буxети маҳаллӣ барқарорсозии системаи гармидиҳӣ ва васли деги обгармкунанки ангишти дар Қисми низомии 051058-и Гвардияи миллии Xумҳурии Тоxикистон дар шаҳри Роuун ба маблаuи 208,4 ҳазор сомонӣ, таъмири асосии ошёнаи сеюми беморхонаи минтақавии шаҳраки Оби Гарми шаҳри Роғун 147,2 ҳазор сомонӣ ва идомаи сохтмони маҷмааи Исмоили Сомонӣ ба маблағи 1 047,4 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд. Аз ҳисоби соҳибкорон ва корхонаҳои сохтмонӣ дар соли 2020 ҳамагӣ корҳои сохтмони ва азнавсози аз тарафи соҳибкорони ҳудуди шаҳри Роғун ба маблаuи 8 746,5 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудааст. Камбудиҳо: – ҷудо намудани маблағ аз ҳисоби буҷет барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва таъмири капиталӣ.

        Нақлиёт ва алоқа Масофаи умумии роҳҳои шаҳр 72,4 километрро ташкил медиҳанд, ки аз он роҳҳои дорои аҳаммияти байналмиллалӣ 25 километр ва  аҳаммияти маҳаллӣ 47,4 километр мебошанд. Аз ҷониби муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Роuун дар давраи ҳисоботӣ корҳои таъмирӣ ва нигоҳдори ба маблағӣ 237,2 ҳазор сомонӣ, ба иҷро расонида шудаст. Ҳамзамон таъмири болопӯши роҳҳо бо мумқири хом 155 тонна дар масофаи 2 км роҳи кӯчаи 25 солагии Истиқлолият–Қандак ва аз роҳи 64-ум км то 76-ум км дар масофаи 12 км ба маблағи 103,2 ҳазор сомонӣ, инчунин таъмири асосии пули садамавӣ ба маблағӣ 37,6 ҳазор сомонӣ гузаронида шуд. Аз тарафи шахсони саховатпеша ва аҳолӣ дар масофаи 1 км таъмиру таҷдиди роҳи деҳаи Ҷавонӣ ба маблағи 112,0 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд. Ҳаҷми боркашонӣ 4707,1 ҳазор тонна ва мусофиркашонӣ 269,8 ҳазор мусофирро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2019 ҳаҷми боркашонӣ 1133,4 ҳазор тонна кам ва мусофиркашонӣ нисбат ба соли 2019 270,9 ҳазор мусофир кам мебошад. Шумораи истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ва шабакаи «Интернет» зиёда аз 29226 нафар буда, дар ҳудуди шаҳр 1 нуқтаи хизматрасонии телефонӣ фаъолият менамоянд. Филиали ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» ба маблағи 83,4 ҳазор сомонӣ даромад гирифтааст, ки нисбат ба соли 2019, 29,9 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Ҳаҷми хизматрасонӣ ба аҳолӣ 12,6 фоизро ташкил медиҳад. Камбудиҳо: – бо сабаби мавҷуд набудани коргоҳи асфалттайёркунӣ дар шаҳр ва ҳамасола аз таъмири ҷорӣ баровардани роҳҳо, сифати корҳои таъмирӣ ба талабот ҷавобгуй намебошад; – нарасидани воситаҳои техникии махсуси роҳсозӣ ва нигоҳдории роҳҳо дар шаҳр.

         Кишоварзӣ Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 67 млн 431 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2019 246,3 ҳазор сомонӣ зиёд иҷро гардидааст ва афзоиш 100,4 фоизро ташкил медиҳад. Истеҳсоли ғалладонагӣ бошад, ба 2173 тонна, сабзавот ба 1695 тонна, гӯшт ба 865,3 тонна, гушти моҳи 1,8 тонна, шир 6130,3 тонна, тухм 878,2 ҳазор дона, меваҷот ба 1009,0 тонна, зироатҳои техникӣ 28,7 тонна, картошка 2706 тонна ва хӯроки чорво 19265 тонна расонида шудааст. Тибқи супориши Сарвари давлат кишти ғалладонагиҳо ба ҷойи 532 гектар ба 626,6 гектар (аз нақша 117,8 фоиз зиёд) ва картошка ба ҷойи 180 гектар ба 186,6 гектар (аз нақша 103,7 фоиз зиёд) расонида шуд. Ҷиҳати иҷрои кишти тирамоҳӣ бошад то ин давра аз нақшаи 1140 га ба 1230 га кишти ғалладона (гандум) гузаронида шуд, ки 108 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Дар мавсими кабудизоркунӣ зиёда 14668 дарахт шинонда шуд, ки ин нишондиҳанда 129,8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар соли 2020 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории шаҳр дар майдони 41,4 гектар боғҳои нав бунёд гардида, 20,6 гектар боғҳои куҳна аз нав барқарор карда шуданд. Бунёди боғҳои нав нисбати соли гузашта 10,7 гектар зиёд мебошад. Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 18754 сар, моли майда ба 72844 сар, саршумори паранда 26085 сар ва асп 568 сар расонида шуд, ки нисбат ба соли 2019 саршумори чорвои калон 77 сар зиёд, моли майда 1773 сар зиёд ва паранда 476 сар кам мебошад. Камбудиҳо: нарасидани техникаҳои кишоварзӣ; – аз кор баромадани пойгоҳҳои обкашонӣ; -мавҷуд набудани фонди замини назди ҳавлигӣ.

          Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Дар соли 2020 892 нафар барои пайдо кардани ҷойи корӣ муроҷиат карданд, ки аз онҳо 361 нафарашон занон мебошанд. Аз шумораи умумии муроҷиаткардагон 406 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуданд, ки 121 нафари онҳо занон мебошанд. Бо ҷойҳои кории доимӣ 450 нафар таъмин шуданд. Дар ин давра 10 ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди 1260 ҷойи кории холӣ гузаронида шуда, дар онҳо 75 корхона ва 800 корҷӯй иштирок  намуданд. Аз ин 275 нафар ба ҷойи кор роҳхат  гирифта, 74 нафар бо кор таъмин шуданд ва 105 нафар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифта, 12 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар шуданд. Барои рушди соҳибкории шахсони бекор ба 60 нафар қарзи имтиёзнок дода шудааст. Пардохти музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтмоӣ маориф ва тандурустӣ саривақт пардохт гардида, қарздорӣ дар корхонаҳои буҷетӣ ба назар намерасад. Танҳо қарзи музди меҳнат дар корхонаҳои сохтмонӣ ҷой дорад, ки маблағи қарзи музди меҳнат дар соли 2020, 17 976,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Тибқи ҳисоботи оморӣ дар соли 2020 аз шаҳр 1233 шаҳрванд ба хориҷи кишвар сафар карда, аз ин теъдод 1233 нафар (мард 1168, зан 65) муҳоҷирони меҳнатиро ташкил медиҳанд. Аз хориҷи кишвар 181 шаҳрванд (мард 172, зан 9) аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватан баргаштанд. Шумораи муҳоҷирони дохилӣ 108 нафар ва экологӣ дар ноҳия 5 нафарро ташкил медиҳад. Дар соли 2020 муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар тариқи бонкҳо 76 млн 753 ҳазор сомонӣ фиристоданд. Камбудиҳо: -ҷалби бекорон ба курсҳои омузишӣ; – пардохти маблағҳои қарзи фардӣ; -ҷалби муҳоҷирон барои омузишӣ забонҳои хориҷӣ.                  Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дар давраи ҳисоботӣ 2875 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудааст, ки (аз онҳо 1644 нафарашон занҳо мебошанд) нисбати ҳамин давраи соли гузашта 121 нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умуми нафақахӯрон; 1849 нафар нафақаи меҳнатӣ, 1026 нафар нафақаи иҷтимоӣ мебошанд. Ҳамин тариқ дар ҳамин давра талаботи нафақахӯрон бо назардошти иловапулиҳо маблаuи 11 722,9 ҳазор сомонро ташкил дода, мутаносибан ба ҳисоби миёна ба маблаuи 342,3 сомонӣ дар як моҳ ба ҳар як нафақахӯр рост меояд.

        Маориф ва илм Дар 42 муассисаи таълимии шаҳр 10 ҳазору 075 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки ба онҳо 609 омӯзгор, аз ин 270 зан таълим медиҳанд. Бо маълумоти олӣ 324 нафар, олии нопурра 27 нафар, 76 нафар бо маълумоти миёнаи махсус, 33 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ, маълумоти миёнаи касбӣ 74 нафар ва ғайри педагогӣ 75 нафар дар муассисаҳои таълимии шаҳр фаъолият доранд. Дар 2 муассисаи томактабӣ 295 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар назди 3 муассисаи таълимии шаҳр 708 нафар кӯдакони синни 6 сола ба маркази инкишофи кӯдак ҷалб карда шудааст. Аз 547 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии шаҳр 378 нафарашон тибқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои олии кишвар ҳуҷҷат супориданд. Аз ин шумора 354 хатмкунанда ба муассисаҳои олӣ кишвар дохил шуданд. Дохилшавии хонандагон 93,6 фоизро ташкил медиҳад. Иҷрои барномаи компютеркунонӣ 100 фоиз таъмин карда шудааст. Дар олимпиадаҳои минтақави 90 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат варзида, 4 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аз шаҳри Роғун 2 нафар хонандагон ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихори гардиданд. Дар соли 2020 сохтмони 6 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ №14 ва №18 дар як баст анҷом дода шудааст. Камбудиҳо: – ба таъмири капитали ниёз доштани 4 адад муассисаи таълимӣ; – норасоии синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ  норасоии омӯзгорони фаннӣ; – ташкил намудани истироҳатгоҳҳо  барои хонандагон; – ба равияҳо ҷудо кардани хонандагон; – сохтмони муассисаҳои томактаби.

      Тандурустӣ ва кор бо занон ва оила Дар соҳаи тандурустии шаҳр 52 духтур, аз ин шумора 10 нафар бо категорияи олӣ ва 261 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Беморхонаи марказӣ аз 7 шуъбаи бистарикунонӣ, 3 шуъбаи ёрирасон ва 4 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат буда, дар ин давра 1 ҳазору 780 бемор бистарӣ карда шудааст, ки аз ин шумора 8 ҳазору 024 бемор баъди муолиҷаҳои сатҳи гуногун ҷавоб дода шуда, теъдоди фавтидагон дар ин давра 21 нафарро ташкил додааст, ки аз ин шумора 5 нафар кӯдакони то синни 5- сола мебошанд. Дар соли 2020 17 бемори сили фаъол ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 2 нафар бистарӣ карда шуда, аз инҳо 17 нафар сили шушӣ мебошанд. Дар шаҳр ба таври умумӣ 136 шаҳрванд ба бемории коронавирус мубтало гардида, 6 нафар фавтиданд. Ҷиҳати табобати беморон 4 беморхона ва осоишгоҳо бо 372 кати хоб омода буда, маводи доруворӣ таъмин гардидааст. Ба ҳолати имрӯза дар шаҳр ягон шаҳрванд ба ин беморӣ гирифтор намебошад. Тибқи супориши Сарвари давлат сохтмони беморхонаи сироятии дар шаҳри Роғун қитъаи замин ҷудо гардида, ҳуҷатҳои зарури омода ба вазорату идораҳои дахлдор барои мувофиқа ирсол карда шудааст. Қобили зикр аст, ки дар сурати дастгири ёфтани лоиҳаи беморхонаи мазкур бинои 3 ошёна бо дар назардошти 50 кат барои беморон сохта ба истифода дода мешавад. Шумораи умумии занҳо дар шаҳр 22681 нафарро ташкил дода, 190 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла 8 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, 16 нафар вакилони Маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 14 нафар хизматчии давлатӣ мебошанд ва 73 нафари дигар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Камбудиҳо: -норасоии кадрҳои дар МНДСЭ-и шаҳри Роuун бо ихтисоси духтури эпидемиолог, духтури гигиенаи хӯрока, духтури кӯдакон ва наврасон ва аз он ҷумла, дар беморхонаи марказӣ ва КАТС-и шаҳр, духтури чашм, гуш, пуст, руҳшинос, қалбшинос, нарколог ва асаб.         

        Фарҳанг Дар шаҳри Роuун 14 муассисаҳои фарҳангӣ аз xумла 6 китобхона барои калонсолон ва 2 китобхона барои хурдсолон, 1 осорхона, 2 хонаи фарҳанг, 2 боuи фарҳангӣ-фароuатӣ ва 1 қасри фарҳанг фаъолият карда истодааст. Дар 8 китобхона 62 ҳазору 262 нусха китоб маҳфуз буда, аз ин шумора 13 ҳазору 765 нусха китоб бо забони давлатӣ, 47 ҳазору 169 нусха бо забонҳои русӣ ва 328 нусха бо дигар забонҳо мебошанд. Вазъи кунунӣ ва фаъолияти боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр ба талабот ҷавобгӯ буда, барои истироҳати аҳолӣ мусоид мебошад. Дар ин давра муассисаҳои фарҳангии шаҳр 65 чорабинии оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ баргузор намудааст. Дар шаҳр фарогирии барномаҳои телевизионии шабакаи аввал (ТВТ) 97 фоиз, «Сафина» (ТВС) 97 фоиз, «Ҷаҳоннамо» 97 фоиз ва «Баҳористон» 97 фоизро ташкил дода, ду шабакаи радиоӣ, аз ҷумла шабакаи якуми радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва радиои “Садои Душанбе” дар истифодаи аҳолӣ қарор доранд. Камбудиҳо: – муассисаҳои фарҳангии шаҳр ва китобхонаҳо ба таъмири капитали ниёз доранд; – норасоии автомашинаҳои хизматӣ ва таxҳизотҳои аксбардорӣ; – студияи сабти овоз; – таҷҳизотҳои техникӣ ва асбобҳои мусиқӣ; – норасогии компютерҳо дар муассисаҳои фарҳангӣ ва китобхонаҳо инчунин доскаи электронӣ дар китобхонаҳо.

        Кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Шумораи ҷавонон 15776 нафар мебошанд, ки аз ин 10075 нафарашро хонандагон ташкил медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ 143 чорабинии варзишию фарҳангӣ ва 69 мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шудааст. Майдончаҳои варзишӣ 55 ва толорҳои варзишӣ 12-торо ташкил медиҳанд. Солҳои 2018-2020 дар шаҳр 2 майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст. Тибқи дастури Сарвари давлат то соли 2030 бунёди 12 майдонча ва 12 толори варзишӣ дар деҳаҳое, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, ба нақша гирифта шудааст. Муассисаи мактаби варзишии кӯдакону наврасони шаҳр фаъолияти худро аз рӯи 8 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки дар ин маҳфилҳо зиёда аз 214 кӯдаку наврас ба тамрин фаро гирифта шуданд. Ҷавонони шаҳр дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 11 медал, аз ҷумла 3 медали тилло, 5 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ гардиданд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2019 2 медал зиёд мебошад. Дар шаҳр 4 меҳмонхонаи замонавӣ ва 5 тарабхона фаъолият доранд. Теъдоди сайёҳони хориҷии ба шаҳр воридшуда дар соли 2020 33 нафар мебошанд, ки нисбат ба соли 2019 567 нафар кам мебошад. Камбудиҳо: – дар ҳудуди шаҳри Роuун вуxуд надоштани варзишгоҳ барои баргузории мусобиқаҳо оид ба футбол марҳилаи лигаи дуюм; – ҳавзҳои шиноварӣ барои xавонон; – ташкили мамнуъгоҳҳо, аз ҳисоби заминҳои хоҷагии ҷангал, ҷиҳати рушду зиёдшавии ҳайвоноти нодири куҳӣ мусоидат менамояд.

        Дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Дар шаҳр 1 комиссияи доимӣ, дар xамоатҳои шаҳраку деҳот 3 комиссияи доимӣ ва дар ташкилоту корхонаҳо, ки зиёда аз 30 нафар корманд доранд 68 комиссияҳои xамъиятӣ фаъолият дорад. Дар ин давра тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 506 тӯйи домодию арӯсӣ, 68 маросими чил, 28 маросими сол баргузор шудааст, ки дар маҷмӯъ теъдоди умумии маъракаҳо 602-торо ташкил дода, хароҷоти умумии онҳо 1 млн 297 ҳазор сомониро дар бар гирифтааст, ки ба ҳар як маърака ба ҳисоби миёна 2 ҳазору 565 сомонӣ рост меояд. Дар соли 2020 6 ҳолати қонуншиканӣ дар шаҳр ошкор гардидааст, ки ҷаримаи маъмурӣ нисбати 4 нафар ба маблағи 15,1 ҳазор сомонӣ  татбиқ гардидааст. 2 парвандаи дигар айни ҳол барои баррасӣ дар суд қарор дорад. Дар ҳудуди шаҳр 33 масҷид фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 4 масҷиди ҷомеъ ва 29 масҷиди панҷвақта мебошанд. Камбудиҳо: -ҷоннок намудани кори комиссияҳои ҷаъмиятӣ оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо; -пешгирии хароҷотҳои беҳуда ҳангоми баргузории маъракаҳо.        

        Зимистонгузаронӣ Бо мақсади фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар давраи зимистони солҳои 2020-2021 дар соҳаи маориф 496 тонна ангишт, 380 метри мукааб ҳезум, 2200 литр сӯзишворӣ, дар соҳаи тандурустӣ 30 тонна ангишт, 30 метри мукааб ҳезум, 300 литр сӯзишвории дизелӣ, дар соҳаи роҳдорӣ 720 м3 маводи зиддилағжиш, 5 м3 ҳезум, 7 тонна ангишт, 3500 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст.          

      Вазъи нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ Аз 104 ҷинояти дар ин давра бақайдгирифташуда 89 ҷиноят ошкор карда шудааст. Сатҳи кушодашавӣ 93,8 фоизро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба соли 2019 15 ҷиноят зиёд мебошад. Аз кишварҳои хориҷӣ бозпас овардани шаҳрвандони шаҳри Роғун инчунин таҳсилкунандагон дар  соли 2020 ба қайд гирифта нашудаанд.

       Кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон Дар соли 2020 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 2410 шаҳрванд, аз ин 1995 нафар тариқи хаттӣ ва 415 нафар тариқи шифоҳӣ муроҷиат намуданд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридшуда 34 муроҷиат ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои хаттӣ ба 1887 муроҷиат (94,6 фоиз) ҷавоб гардонида шуда, 108 муроҷиат дар арафаи баррасӣ қарор доранд.

        Омодагӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолият Бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ бунёду таъмири 145 банд ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 90 банд ё 62,1 фоизи онҳо  ба иҷро расонида шудааст. Аз ин шумора 67 банд сохтмони иншооти наву гулгаштҳо ва 23 банди дигар таъмиру барқарорсозӣ, равшаннамоиро дар бар мегирад. Соҳаи маориф-8 банд, соҳаи тандурустӣ-3 банд, соҳаи кишоварзӣ-4 банд, соҳаи ҷавонон ва варзиш-5 банд, рушди соҳаи сайёҳӣ-18 банд, соҳаи фарҳанг-4 банд ва корҳои ободонию бунёдкории соҳаҳои дигар-48 бандро дар бар мегирад. Бояд қайд кард, ки  сохтмони 11 иншоот ба соли ҷорӣ рост меояд. Дар маҷмӯъ ба маблаuи 64 075,8 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ, таъмиру азнавсозӣ ба анxом расонида шудааст. Аз он ҷумла маблағҳои буҷети маҳаллӣ 10 893,2 ҳазор сомонӣ, буxети xумҳуриявӣ 18 859,4 аз ҳисоби соҳибкорон 25 534,4 ҳазор сомонӣ, ва сармояи хориxӣ бошад 8 789,8 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шудааст. Иҷрои бандҳои муҳлатдоштаи нақша чорабиниҳо идома дорад.