КОНФЕРЕНСИЯИ ҒАЙРИНАВБАТИИ КИ  ҲХДТ ДАР ШАҲРИ РОҒУН 

    Санаи 20 августи соли  ҷорӣ дар толори қасри фарҳанги шаҳри Роғун бо иштироки раиси  КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун Давлатзода М., муовинони раиси шаҳр Файззода Р.Н.  Файззода Ф.У.,  сардори раёсати кадрҳои ҶСК «НБО Роғун» Абдуллаҳатзода С. Конференсияи 18-уми Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун  оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ баргузор гардид.  Дар кори Конфиренсия роҷеъ ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, дастгирии сиёсати давлат, таҳкими давлатдории миллӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ суханронӣ карда шуд. Зимни баромад раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун Давлатзода Махфират  ироа намуд, ки  мо сокинони шарфманди Тоҷикистони соҳибистиқлол хусусан мардуми бо нангу ори шаҳри Роғун маъракаи сиёсӣ яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар як сатҳи баланди сиёсӣ ва ҳисси ватандустию ватанпарварӣ баргузор менамоем. Дар идома аз сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҳизби муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд. Гуфта шуд, ки тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тарғиби идеологияи солими миллӣ, пешгирии гароиш ба фарҳанги бегона, масъулияти ҳизбӣ ва шаҳрвандии ҳар фарде аст, ки манфиатҳои миллиро ҳифз, истиқлолияти давлатиро таҳким, ягонагии давлат ва миллатро ҳимоя ва низоми дунявияти  идоракунии давлатро дастгирӣ менамояд. Ҳамчунин дар Конференсияи мазкур аъзоёни  фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз ташкилоту корхонаҳои шаҳр ҷиҳати  дар сатҳи баланд таҷлил намудани маъракаи сиёсии дар пеш истода фикру  ақидаҳои худро иброз намуда, андешаҳои роҳбари КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғунро тақвият доданд.                 Тахияи сармутахассиси шуъбаи рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа.   Собирзода И.