Маликаи Наврӯз интихоб гардид.

         Аз ҷониби маркази эҷодии кӯдакону наврасони шаҳри Роғун бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳунаромӯзии ҷавондухтарон, ҳамзамон барои дар сатҳи баланд  таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  даври якуми озмуни шаҳрии «Маликаи Наврӯз»-ро санаи 13 феврали соли ҷорӣ дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки 780 нафар ҷавондухтарон ва даври ҷамъбастиро бо иштироки 18 нафар дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардонид. Иштирокчиёни озмуни мазкур тибқи шартҳои Низомнома ҳунару маҳорати баланди худро нишон доданд. Аз рӯи натиҷаи ҳайати ҳакамон ду нафар  хонанда аз  муассисаи таълимии №2 Дилнозаи Меҳроб ва аз мактабинтенрнати бачагони болаёқат Файззова Фархунда ғолиб дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Маликаи Наврӯз» роҳхат гирифтанд.  Дар ин замина тамоми иштирокчиён дар ҷамъбасти озмун бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳр қадрдонӣ карда шуданд. Бояд ёдовар шуд, ки пештар аз ин бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дастпарварони ин марказ чорабинии фарҳангиро бо ҳисси баланди ватандорӣ дар сатҳи баланд гузарониданд. Илова бар ин, дар асоси нақша-чорабиниҳо санаи 17 марти соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳраки Оби Гарм озмуни шаҳрии намоиши «Ҳунарҳои мардумӣ» ва «Ҳафт сину ҳафт шин» бо иштироки 24 муассисаи таҳсилоти умумӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳти унвони «Наврӯзи оламмафрӯз» баргузор гардид.  Дар ин намоиш муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №3 ҷойи якум, №4 ҷойи 2-юм ва №30 ҷойи 3-юм ва аз рӯи  дастархони «Ҳафт сину ҳафт шин» муассисаҳои тахсилоти миёнаи умумии № 1 ҷойи якум, №5 ҷойи 2-юм ва  №6 ҷойи 3-юмро ишғол намуданд.

             Инчунин, бо мақсади муаррифӣ  кардани осори илмию адабӣ ва фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату  тамадунсоз шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар,  бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ миёни  хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр санаи 18 марти соли ҷорӣ озмуни шаҳрии «Дониш ва Ҳунар»  ташкил ва баргузор карда шуд. Дар озмуни хонандагони мактаб-интернати болаёқати бачагонаи шаҳр ғолиб дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат ёфтанд. Дар назар аст, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифатнокии хонандагон тибқи нақша-чорабиниҳо озмунҳои шеърхонӣ таҳти унвони «Наврӯз ҷашни ниёгонии мост», озмуни рассомни беҳтарин таҳти унвони «Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад» ва иншои беҳтарин дар мавзӯи «Наврӯз ҷаҳонӣ шуд»  давоми моҳи марти соли ҷорӣ гузаронида шавад. Ёдовар мешавем, ки дар ин марказ намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз қабили дузандагӣ, бофандагӣ, гулдузӣ, қуроқдӯзӣ, ихтирокорию навоварӣ ва рассомӣ пайваста ба хоҳишмандон омӯзонида мешавад. Тибқи маълумоти директори маркази эҷодии кӯдакону наврасони  шаҳри Роғун Ҷамилзода Олимшо омодагиҳои ин марказ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.