Қувваҳои Мусаллаҳ-ҳимоятгари марзу буми Ватан
Субҳи рӯзи 21 феврали соли 2020 дар толори қасри фарҳанги шаҳри Роғун чорабинии фарҳангӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Сараввал иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр муҳтарам Сулаймонзода Музаффар бо суханони табрикотӣ аскарону афсарон ва ҳозиринро шодбош гуфт. Мавсуф иброз дошт, ки Бисту ҳафт сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати муқаддаси худ – ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлоламон ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодааст.
Дар зарфи 27 сол артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Яъне хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳаммияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Таъкид намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити хело мураккаби иҷтимоию иқтисодии кишвар ташкил ёфт ва он аз санҷишу имтиҳонҳои ҷиддии таърихӣ гузашта, қудрату тавоноии худро дар ҳифзу суботи ҷомеа ва амнияти давлат борҳо собит сохт.
Артиши миллӣ дар баробари вазифаҳои худ пеш аз ҳама ҷиҳати ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат, пуштибонии сулҳу суббот, фурӯпошии ошӯбҳои исёнгарон, зарбаи қатъӣ задан ба ҳамлаҳои берунӣ, несту нобуд сохтани гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор ва кор бурдан бар зиддӣ қочоки маводи мухаддир хизматҳои беназир намудааст. Сипас, комиссари комиссариати ҳарбии шаҳр Аслизода Фаррух низ ҳозиринро ба ин санаи фархунда шодбош гуфт. Тақдими ифтихорномаю сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ ба шахсони хизматнамуда, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр омода гардидаанд, бахше аз ин қисмати тантанавиро дар бар мегирифт. Қисмати фарҳангӣ бо иштирок ва ҳунарнамоии ҳунармандони бахши фарҳанг ба чорабинӣ ҳусну таровати дучанд афзуд.
Худойдодов Абдулмумин–мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва
робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Роғун, узви маҳфили “Сайқал”
Добавить комментарий