23-феврал Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бахшида ба 27 солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20 феврали соли ҷорӣ дар қисми низомии 051058 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ сарбозону афсарони қисми низомӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ, падарону модарони аскарону афсарон ширкат варзиданд. Чорабинӣ бо оғози қисмати тантанавӣ ва табрикоти иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр муҳтарам Сулаймонзода Музаффар шуруъ гардид. Раиси шаҳр зимни табрикот иброз дошт, ки имрӯз халқи тоҷик дар симои Артиши миллӣ ҳимоятгарони боэътимод ва муҳофизони ҷасуру далери марзу буми Ватан, дастовардҳои милливу соҳибистиқлолии худро мебинанд. Зеро маҳз бо садоқатмандию хизматҳои шоистаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ артиш таъсис ва рушду такомул дода шуд, ки қодир аст Ватанро ҳифз намояд ва барои зиндагии осудаи сокинони ин кишвар шароит фароҳам биорад.
Сипас, Шамолзода Мирзосафар Олим командири қисми низомӣ аз таърихи ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардид. Зикр кард, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурифтихореро паймуда, аз лиҳози маҳорати низомӣ, интизоми намунавӣ ва ифтихори баланди миллию ватандорӣ ба комёбиҳои азиме ноил гардидааст. Барои ҷавонон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад.
Пас аз табрикотҳо тақдими туҳфаҳои хотиравӣ, сипосномаву ифтихорномаҳои омоданамудаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, рутбаҳои навбатии ҳарбӣ аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба афсарону аскарон ба чорабинӣ ҳусни дучанд бахшид.
Дар ин радиф падарону модарон, хатмкунандагони муассисаҳои таълимии қаламрави шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо аз шароити зисти наваскарон, ҷойи хоб, ошхона ва ҷойи тамрини онҳо аз наздик шинос гардиданд. Пешкаш намудани машқҳои гуногуни ҳарбӣ аз ҷониби аскарону афсарон ва барномаи омоданамудаи ҳунармандони бахши фарҳанг ба шодию нишоти иштирокчиён илҳоми тоза бахшид.
Худойдодов Абдулмумин-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва
робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Роғун, узви маҳфили “Сайқал”
Добавить комментарий