Марҳабо ба шаҳри Роғун!

 

         

Марҳабо ба шаҳри Роғун! Добро пожаловать в город Рогун! Velcome too Roghun city!  

 МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ШАҲРИ РОҒУН    

Маълумотҳои таърихӣ. Шаҳри Роғун дар қисмати шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир аст. Масоҳати умумии шаҳр 661 км2– ро ташкил дода, бо ноҳияи Файзобод, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Нуробод ва ноҳияи  Балҷувон ҳамсарҳад аст. Масофа аз маркази шаҳр то шаҳри Душанбе 110 км ташкил медиҳад. Шаҳри Роғун 0,5 фоизи ҳудуди умумии ҷумҳуриро ташкил дода,  ба ҳайати он 3 ҷамоат шомиланд: шаҳраки Оби Гарм, деҳоти Қади Об ва деҳоти Сичароғ.    Бо дарназардошти он ки дар ҳудуди ноҳияи Файзобод соли 1976 сохтмони НБО-и азими Роғун оғоз мегардад, 25 декабри соли 1986 шаҳрчаи сохтмончиён бо номи Роғун ташкил гардида, шаҳраки Оби Гарм ҳамчун ҷамоат дар ҳайати он ворид шуд. Бозёфти олоту асбобҳои қадима аз ҷониби шаҳрвандон ва номи қадимаи баъзе деҳаҳо (Камари Муғул, Қалъаи Кофар) гувоҳи он мебошанд, ки диёри имрӯзаи Роғун таърихи қадима дорад.  Дар ибтидои таъсисёбиаш шаҳр ҳамчун ҷамоати шаҳраки Оби Гарм ном дошт, ки он шӯрои ҷамоат ва деҳаҳоро дар бар мегирифт.    

Шароит ва захираҳои табииву иқлимӣ. Минтақаи кӯҳии шаҳри Роғунро аз қисмати шарқӣ- қаторкӯҳҳои Қаротегин ё худ қаторкӯҳҳои Дарвоз ва аз қисмати ҷанубӣ бошад, сурхкӯҳи ноҳияи Файзобод иҳота намудааст. Маркази шаҳр дар баландии 1460 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Баландии қаторкӯҳҳо 3000-3500 метрро ташкил медиҳад. Дар минтақа иқлими муътадил ҳукмфармост. Ҳарорати ҳаво зимистон ба ҳисоби миёна -5-15 С0, дар баландкӯҳҳо-10 то -20 С0, хунук ва тобистон аз +20 С0 то +25 С0 гарм мешавад. Миқдори боришот баҳисоби миёна 700-1200 миллиметрро ташкил медиҳад. Дар фаслҳои тирамоҳу зимистон аз тарафи шимол ва ҷанубу шарқ бод бо суръати баланд мевазад. Иқлими мусоид ва заминҳои ҳосилхез имкон медиҳанд, ки соҳаҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ рушду нумӯ кунанд.  Дар қаламрави шаҳр  себ, тут, чормағз, зардолу, нок ва ангур парвариш карда мешаванд. Ҳамзамон дар миқёси шаҳри Роғун обҳои шифобахши табии мавҷуданд, ки дар заминаи онҳо аз соли 1947 осоишгоҳи Оби Гарм фаъолият дорад. Оби маъдании осоишгоҳи Оби Гарм барои муолиҷаи бемориҳои асаб, рагу пой, пӯст, гурда, ҷигар, касалиҳои занона, радикулит, остеохондроз ва ғайра шифо мебахшад. Олами набототи шаҳр бағоят ғанист. Дар минтақаи кӯҳӣ растаниҳои мавсимӣ ва буттаҳои гуногун месабзанд. Дар қисмати талу тепаҳо бошад, дарахтҳои пиставу бодом, буттаи дӯлона, дарахти  себ, анҷир, олуча, гелос, нок, арғувон, арча, бушол, заранг, фарк, бушол, ирғай, чинор, тӯғ, санҷид, сафедор, настаран, зирк ва ғайраҳо   мерӯянд. Дар баландиҳои аз 3500 метр марғзорҳо мавҷуданд. Доманакуҳҳои шарқи чашмаҳои гарм доранд.   Шаҳри Роғун аз канданиҳои фоиданок низ бой аст. Мавҷудияти чунин сарватҳои табии аз ҷумла намак, ангиштсанг, мармар, сурма, мис, биринҷ ва дигар фулузоти нодир мебошанд.

Вазъи демографии шаҳр. То 1 январи соли 2020 аҳолии шаҳри Роғун 45,364 нафар ё 0,5 фоизи аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии аҳолии шаҳр 22, 309 нафар занҳо 49,1 фоиз ва 23,055 нафар мардҳо 50,8 фоиз ташкил медиҳад. Шаҳр аз рӯи хусусияташ саноатӣ буда, 64,8 фоизи аҳолӣ дар деҳот ва 35,2 фоизи онҳо дар шаҳр истиқомат доранд. Аз рӯи имкониятҳои бузурги табиӣ ва фарҳангию таърихӣ шаҳри Роғун барои рушди сайёҳӣ мусоид аст.  Минтақаҳои Ғашён, Ёнахш ва Марғзори Ҷамоати деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун барои сайёҳии табобатӣ, куҳнавардӣ ва пиёдагардӣ хеле мусоид аст. Масофаи роҳ аз шаҳри Роғун ба деҳаи Фаррух 15 км, Ғашён 30 км, Ёнахш 38 км ва Марғзор бошад беш аз 40 км-ро дар бар мегирад. Қад-қади роҳ алафҳои худрӯйи табии рӯйида, беш аз 5 чашмаҳои мусаффо аз қаъри куҳ ва талу теппаҳо ҷорӣ мешаванд.  Деҳаи Ғашён нисбат ба деҳаи Ёнахш бартариаш дар он аст, ки ба маркази деҳа оби чашмасори софу тоза ҷорӣ мешавад, ки оби деҳа барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона, картошкапарварӣ, зироатҳои техникӣ ва рушди соҳаи чорвопарварӣ мусоид мебошад. Деҳаро аз чор тарафаш куҳҳои осмонбус иҳота кардааст. Истиқоматкунандагони ин деҳа хусусиятҳои хоси сайёҳии мавзеъи Ёнахшро хуб дарк карда, дар ин мавзеъ хонаи қабули сайёҳонро бо номи «Сайр» мавриди истифода қарор додаанд. Меҳмонхонаи «Сайр» аз се утоқи хурди дамгирӣ, ошхона ва ҳамоми буғӣ иборат мебошад.  Масофаи байни деҳаи Ёнахш то мавзеи Марғзор беш аз 5 км роҳро дар бар мегирад. Мавзеи Марғзор аз рӯи имкониятҳои табиӣ барои ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, инчунин неругоҳҳои хурди обӣ мусоид аст. Дар қисмати ҳамвории собиқ деҳаи Марғзор ду кулли қамишзори табиӣ мавҷуд буда, аз моҳҳои май то сентябр барои истироҳати сайёҳони дохилию хориҷӣ мувофиқи мақсад мебошад.  Дар қисмати болоии ҳавзҳои мавзеи Марғзор  тахминан 1 км роҳ аз қаъри куҳ дарёчаи оби софи хунук аз назди дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва гиёҳҳои шифобахш ҷорӣ мешавад.  Дар оянда ҳавзҳои табиӣ барои рушди соҳаи моҳипарварӣ имконияти хеле хуб ва манфиатовар мебошад. Бодарназардошти аҳамияти таърихӣ доштани деҳаҳои мазкур, табиати зебо, гиёҳҳои шифобахш, мева ва ҳайвоноту парандаҳои ваҳшӣ низ мавҷуд аст. Аз ҷумла бузи сайд, хирс, хук, ҷайра, сангпушти куҳӣ, санҷоб, харгуш, заргуш, гург, рӯбоҳ, шағол ва аз хазандаҳо якчанд навъи мор, калтакелос ва дигар ҳашаротҳо дар дашту даман ва куҳҳои ин мавзеъҳо во хурдан мумкин аст.

Рушди соҳаи сайёҳӣ. Бо мақсади рушди ин соҳа аз тарафи шаҳрдорӣ як қатор инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла бунёд, таъмир ва таҷдиди як қатор осоишгоҳҳо натиҷаи пешравӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошанд. Дар ҳамин давра осоишгоҳи “Шоиста”  бунёд гардид, ки аз 4 ҳавзи табобатӣ ва дигар намуда хизматрасониҳо иборат буда, ба талаботҳои ҷаҳонӣ ҷавогӯй мебошад. Илова бар ин, равшаннамоии биноҳои бисёрошёна, биноҳои маъмурию маишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ ҳусни шаҳрро бозҳам зеботар мегардаонад. Чунин корҳои ободонию бунёдкорӣ таваҷҷуҳи аҳолӣ бахусус сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд. Шоми Роғун бори дигар исбот менамояд, ки равшании фардои дурахшони миллат аз ояндаи нури Роғун вобастагӣ дорад. Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳр ташаббусҳои навине роҳандозӣ гардид, ки он ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди ҳунармандӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард. Эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ имкон медиҳад, ки занону духтарони бе шуғл ба корҳои хонагӣ машғул шуда, маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро пешкаши мизоҷон гардонанд. Сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Роғун яке аз иншоотҳои муҳими стратегӣ ба ҳисоб рафта, иқтидори лоиҳавии он 3600 мегаваттро дар бар мегирад. Ин иншооти бузурги аср дар оянда барои рушди соҳаи туризм аҳамияти  аввалиндараҷа дорад. Обанбори ин нерӯгоҳ ҳамчун мавзеъи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, диққати сайёҳони дохилии хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар яке аз баромадҳояшон қайд карданд, ки нерӯгоҳи “Роғун” омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад. Чунки «Роғун» бо истифода аз манбаи таҷдидшавандаи истеҳсоли нерӯ ва барқи аз лиҳози экологӣ тозаи худ ба ҳамаи кишварҳои минтақа хизмат карда, обанбори он барои танзими захираи об, хусусан, дар солҳои камобиву хушксолӣ нақши бузург хоҳад бозид. Дар баробари ин, нерӯгоҳи «Роғун» барои ҳамаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ мактаби бисёр нодир буда, ҳазорон нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода карда истодааст. Таҷрибаи бойи мутахассисони Тоҷикистон дар оянда на танҳо дар дохили кишвар, балки дар мамолики дигар низ васеъ истифода хоҳад шуд. Нерӯгоҳи барқии обии Роғун ҳамчун иншооти бузурги гидроэнергетикӣ на танҳо барои омода намудани мутахассисони касбӣ, балки минбаъд минтақаро ҳамчун мавзеъи зебою тамошобоби сайёҳӣ муаррифӣ хоҳад кард.    

«Роғун» имрӯз ва дар оянда низ мояи ифтихори ҳар як фарди Ватан,

сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳсоси гарми

ватандориву сарбаландии мардуми тоҷик хоҳад буд!   Эмомалӣ Раҳмон

 

Таҳияи Абдулмумин Назрулло ва Муминшо Хуррамзода