ИНТИХОБОТ: Маъракаи муҳими сиёсӣ

      Мусаллам аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон аз 4 декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси вакилони намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 1 марти соли 2020 муайян гардидааст. Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ ташкил ва баргузор намудани  ин чорабинии муҳими сиёсӣ қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун аз 9 декабри соли 2019, №4 қабул гардида, Комиссияи интихоботии шаҳрӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр дар ҳайати 11 нафар таъсис дода шудааст. 

      Барои фаъолияти кории минбаъдаи Комиссия мазкур дар бинои меҳмонхонаи МИҲД-и шаҳри Роғун утоқҳои корӣ бо таҷҳизотҳои зурурӣ, аз ҷумла,  компютер, принтер, хати телефон, мизу курсӣ ва интернети бемаҳдуд муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бояд тазаккур дод, ки Комиссия шуруъ аз 10 декабри соли 2019 инҷониб тибқи нақшаи тақвимии Комиссияи маркази интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро мунтазам ба роҳ мондааст. Тибқи талаботи қонунгузорӣ дар рӯзномаи шаҳрии «Нури Роғун» санаи 18 декабри соли 2019 №25-26 (891) ва сомонаи расмии мақомот интишори расмии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ», қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун аз 9 декабри соли 2019, №40  «Дар бораи ташкил намудани Комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун» ҳайати Комиссияи интихобот, инчунин қарори Комиссияи шаҳрии интихобот «Оид ба ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ дар қаламрави шаҳр доир ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун», қарорҳои Комиссияи интихоботии шаҳри Роғун «Оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун», «Дар бораи ташкил кардани комиссияи ҳавзавии интихобот» аз 3 январи соли 2020, №6 «Дар бораи ташкил намудани участкаҳои интихобот» аз 27 декабри соли 2019, №5 «Дар бораи ташкил кардани Комиссия участкавии интихобот оид ба интиботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун» аз 8 январи соли 2020, №8 мавриди интишори расмӣ қарор дода шудаанд.

      Дар асоси талаботи қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои вакилони халқ» дар қаламрави шаҳри Роғун 22 участка, 31 ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун муайян ва тасдиқ гардидааст. Ҳамзамон  бо пешниҳоди раиси шаҳри Роғун аз 17 декабри соли 2019, №1451 «Дар бораи ташкили участкаҳои интихоботи оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Файзобод №11 ба Комиссияи ҳавзавӣ аз участкаи  №55 то №76 (22 ҳудуди участка)- и интихоботии қаламрави шаҳри Роғун пешниҳод карда шуд. Инчунин, ба Комиссияи ҳавзавии мазкур аз 27 декабри соли 2019, №1490 ҳайати Комиссияи участкавии интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва тасдиқ гардид. Комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихобти МНМОҶТ, МВХ ва ҳавзавии интихобот дар асоси нақшаи тақвимӣ ва тавсияҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монда, дар ҳудудҳои ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ шиору навиштаҷотҳоро насб намудаанд. Тамоми участкаҳои интихоботии қаламрави шаҳр аз ҷониби Комиссияи шаҳрии мазкур бо шиору овезаҳои интихоботӣ, дастурҳои методӣ, маводҳои конселярӣ ва лавозимотҳои лозима оид ба омода намудани участкаҳои интихобот пурра таъмин мебошанд.

       Рафти омодагиҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 72 Комиссияи ҳавзавӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот таъсис дода шуда, тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» фаъолияташонро ба роҳ мондаанд.

     Дар маҷмӯъ:

Участкаҳои интихоботӣ – 22 адад.

-Ҳавзаҳои интихоботӣ – 31 адад.

-Ҳавзаҳои интихоботии ҷамоатҳо – 72 адад.

-Участкаҳои интихоботии якмандатии Файзобод №11 дар шаҳри Роғун аз №55 то №76      22 адад.

        Шумораи эҳтимолии овоздиҳандагон дар шаҳри Роғун 24297 – нафарро ташкил медиҳад:

-занон  – 13442 нафар;

-мардон – 10855 нафар;

-аз он ҷумла-ҷавонон  – 8242 нафар;

-якум маротиба овоздиҳандагон  – 147 нафар;

-маъюбон, беморон  шумораи умумӣ –  684  нафар:  аз он ҷумла, гуруҳи як – 96,   гуруҳи ду – 300,   гуруҳи се – 156 нафар; -маъюбони то 18 сола – 132 нафар; -маъюбони аз 18 сола  боло – 552 нафар;

-овоздиҳандагони  аз 70 сола боло – 752 нафарро дар бар мегиранд.

 

Таҳияи Абдулмумин Худойдодов-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,

             Манучеҳр Қосимов-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Роғун