Накӯкорӣ-хислати наҷиби инсонӣ
Хайру эҳсон яке аз фазилатҳои наҷиби инсонӣ ба ҳисоб меравад. Бузургон ва шахсони дуруандеш пайваста аз накӯиву накӯкорӣ ва хайру эҳсон нисбати табақаҳои ниёзманди аҳолӣ сухан ронда, ин хислати инсониро бо васфҳои ҷавонмардӣ дар навиштаҷотҳои худ иншо кардааанд. Метавон гуфт, ки ин хислат имрӯзҳо низ дар мардуми соҳибтамаддуни мо низ баръало эҳсос мешавад. Дар арафаи ҷашни соли нави мелодӣ санаи 21 декабри соли 2019 хотири беш аз 200 нафар кудакон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ болида гардонида шуд. Мавриди зикр аст, ки ин соҳибкор бо харҷи беш аз 150 000 сомонӣ барои кӯдакони оилаҳои камбизоат, бепарасторону ятимон хатнасур барпо намуда, барои ин қишри ҷомеа туҳфаҳои пулӣ ва солинавӣ тақдим намуд. Шодию хурсандии ин оилаҳо дар чеҳраи ҳар як нафари онҳо ҳувайдо буд. Ин иқдоми хайр аз ҷониби соҳибкор ва бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун роҳандозӣ гардид. Дар ин замина аз ҷониби раиси шаҳр дар ҷаласаи корӣ ба масъулини маркази саломатии шаҳр супориш дода шуд, ки дар муҳлати кутоҳтарин хатнаи кудакону наврасонро ба анҷом расонанд. Таҳияи Абдулмумин Худойдодов
Добавить комментарий