Партавафшонии Парчами давлатӣ дар шаҳри Роғун
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ тамоми ташкилоту муасасисаҳои шаҳр иштирок варзида, парчами давлатиро ҳамчун рамзи давлатдорӣ ба даст гирифта буданд. Муовини якуми раиси шаҳр Раҳимзода Исмоил дар ин ҷамомад ҳозиринро табрик намуда, зикр намуд, ки мо бояд номбардори ватану миллат ва парчамбардори Тоҷикистони азизамон бошем. Зимни ҷамъбасти қисматӣ тантанавии ҷамомад дар қасри фарҳанги шаҳр бахшида ба ин ид ҳаҷвнигорон гуруҳи “Лабханди ҷавонӣ”-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳначаҳои тарбиявӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд.
Тоҷикистони азизам сулҳу ту поянда бод,
Парчами сулҳат ҳамеша ҳар куҷо зебанда бод.
Ҷамъ бошад халқи тоҷик гирди рамзи ковиён,
Рамзи Парчам мондааст чанд асрҳо бар мо нишон.
Добавить комментарий