Хизмат ба Ватан шараф аст!

 

  Санаи 03 октябри соли ҷорӣ дар шари Роғун чорабинии гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  сатҳи баланд баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Роғун маҳтам Сулаймонзода Музаффар.,  роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонони шаҳри Роғун иштирок доштанд. Гуфтан ба маврид  аст, ки чорабиниро раиси шаҳри Роғун ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла қайд намуд, ки барои ҷавонон  хизмат  кардан дар сафи Қувваҳои  Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳаминҷо ҷавонписарон сабақӣ шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Раиси шаҳр зимни суханронии худ кайд нумуд, ки имрӯз барои хизмат кардан ба сафи Қувваҳои  Мусаллаҳ ҳама шароитҳо барои ҷавонон фароҳам мебошад. Хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва қарзи шаҳрвандии ҷавононӣ бо нангу ори миллат аст.