Аз ситоди зимистонгузаронӣ
Субҳи имрӯз зери роҳбарии раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар, ситоди корӣ оид ба фаъолияти мунтазами соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ҷиҳати омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 баргузор гардид. Дар ситоди корӣ муовини якуми раиси шаҳр Раҳимзода И.Ғ гузориши муфассал пешниҳод намуд. Мавсуф зимни гузориш иброз намуд, ки бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Роғун ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 ва ба роҳ мондани фаъолияти муътадилу самараноки онҳо дар давраи зимистон, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29- марти соли 2019, №117 ” Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020″ қарори Раиси шаҳри Роғун ба тасвиб расида, мавриди амал қарор дорад.
Мавсуф зимни гузориш иброз дошт, ки то имрӯз соҳаҳои мазкур пурра ба ин мавсим омода нестанд. Аз ин рӯ, масъулинро зарур аст, ки нисбати масъалаи мазкур чораҳои таъхирнопазир андешанд. Сипас, раиси шаҳр ба соҳаҳои дахлдор шабакаҳои барқӣ, муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгард дар шаҳри Роғун, КВД “СОКО ва ХМК”, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Добавить комментарий