Табрикоти раиси шаҳри Роғун Сулаймонзода Музаффар бахшида ба кушодашавии синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ №7

Устодони арҷманд, омӯзгорони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ!  

       

 Пеш аз ҳама Шуморо ба муносибати фарорасии соли нави хониши 2019-2020 табрик намуда, дар кори пурмасъулият ва пуршарафатон баҳри тарбияи насли наврас дар роҳи илму дониш барору муваффақият ва комёбиҳо хоҳонам.

        Хурсандиовар аст, ки мову шумо имрӯз барои кушодашавии бинои синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 қарор дорем. Пеш аз ҳама мехоҳам изҳори миннатдории худро ба сармоягузори ин лоиҳа Сафоратхонаи давлати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расонам, ки бинои мазкурро бо маблағи беш аз 980 000 сомонӣ бо тарҳи замонавӣ барои фарзандони мо сохта ба истифода доданд.

       Бояд ёдовар шавам, ки ба истифодадиҳии чунин як бинои замонавӣ дар арафаи Истиқлолияти давлатӣ ин рамз ва нишонаи дӯстӣ байни мо ва давлати Япония мебошад. Таҷрибаи таърихӣ собит месозад, ки илму маърифат пеш аз ҳама дар он ҷое рушду нумӯъ мекунад, ки дар он ҷо оромии сиёсӣ ва шароити мусоид барои аҳли илму эҷод таъмин бошад.

         Аз ин хотир ҳар яки моро зарур аст, ки шукрона аз истиқлолияти  давлатӣ,  садоқати бепоён ба ватану ватандорӣ ва арзишҳои миллиамон дошта бошем. Ва баҳри ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ пайваста кушиш намоем. То ин ки наслҳои ояндаи мо ба пешравиҳои илмию техникӣ ноил гардида, обрӯи миллату давлатро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳчанд боло бардоранд. Вазифаи асосии хонандагон пеш аз ҳама омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар, аз худ намудани дастовардҳои технологияи муосир ва муҳимтар аз ҳама дӯст доштану муқаддас ҳисобидани ҳар як ваҷаб хоки Ватан аст, ки ноил гардидан ба ин мақсадҳо маҳз меҳнати заҳматталабонаи Шумо омӯзгоронро талаб менамояд.

       Омӯзгорон ва ҳозирини гиромӣ! Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пайваста кушиш менамояд, ки вазъи муассисаҳои таълимиро беҳтару хубтар гардонад, зеро тақдири насли ояндасози миллат маҳз аз ҳамин ҷо вобастагӣ дорад. Қобили зикр аст, ки бо мақсади беҳбуд бахшидани соҳаи маориф соли ҷорӣ таъмиру тармими синфхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоӣ, таъмини китобхонаҳои муассисаҳо бо китобҳои бадеӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ, баргузор намудани озмунҳо барои ҷалби бештари хонандагон ба китобхонӣ, бунёди синфхонаҳои иловагӣ, ободу зебо гардонидани гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ  яке аз корҳое мебошанд, ки давоми соли ҷорӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сурат гирифтаанд.          Илова бар ин, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ дар нақшаи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, ки умед аст нақшаҳои мазкур сари вақт иҷро мегарданд. 

      Ҳозирини гиромӣ! Бо  истифода аз фурсати муносиб бори дигар ҳамаи Шумо омeзгорони азизро ба соли хониши дар пешистода, 28 солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи Шумо саломативу сарбаландӣ ва донишу маҳорати баланди касбиро таманно дорам. 

        Саломату сарбаланд бошед ҳамдиёрони азиз.