Ҳашарҳои дастаҷамъона
Барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун мунтазам ҳашарҳои дастаҷамъона гузаронида мешаванд. Субҳи имрӯз низ бо иштироки фаъолонаи беш аз 80 нафар кормандони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаву муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 2 тарафи роҳи даромадгоҳи шаҳр аз алафҳои худрӯй тоза карда шуданд. Дар ин ҳашар тоза намудани гирду атрофи роҳравҳо, ҷӯю заҳбурҳо низ ба роҳ монда шуд. Ин иқдоми шаҳрдорӣ то баргузории чорабиниҳо бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ ва кушодашавии агрегати дуюми НБО “Роғун” идома хоҳад ёфт.
Добавить комментарий