Кушодашавии иншоотҳои ҷашнӣ
Санаи 31 августи соли равон дар арафаи ҷашни 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода дар шаҳри Роғун 5 иншооти ҷашнӣ аз қабили муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Нишон ва Парчами давлатӣ, чойхонаи миллӣ ва майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Ҳамзамон бо иштироки роҳбари гуруҳи корӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун Аъламхон Наъимӣ 3 иншооти дигар аз ҷумла, истгоҳи замонавӣ дар деҳаи Қалъаи Нави Ҷамоати деҳоти
Қади Об, роҳи дохили деҳаи Ёли Гармоба ва мағозаи молҳои талаботи ҳаррӯза дар маркази шаҳраки Оби Гарм ба истифода дода шуданд.
Добавить комментарий